ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПАЙКИ ДИГАРИ НБО “РОҒУН”

ПАЙКИ ДИГАРИ НБО “РОҒУН”

25 октябр 2023, Чоршанбе
6
0


Дар саросари кишвар ба муносибати сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои ободониву созандагӣ босуръат ҷараён доранд. То соли 2026 иншооте мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт, ки бар Тоҷикистони зебо ҳусн афзуда, шароити зиндагии мардум беҳтар мегардад.
Рӯзномаи “Ҷумҳурият” зери рубрикаи “Тоҷикистон-2026” дар бораи муҳимтарин иншооти ҷашнӣ ба хонанда маълумот медиҳад.
Яке аз муҳимтарин иншооти ҷашнӣ, ки дар арафаи 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, аниқтараш охири соли 2025, мавриди истифода қарор мегирад, агрегати №4-и Неругоҳи барқи обии “Роғун” мебошад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин чарха Тоҷикистон пурра ба истиқлоли энергетикӣ – ҳадафи сеюми стратегии мамлакат хоҳад расид. Феълан корҳои сохтмонӣ дар агрегат, аз ҷумла тайёрӣ ба гузоштани анкерҳои дастгоҳи самтдиҳандаи чархи корӣ ҷараён доранд.
Ба иттилои сардори шуъбаи истеҳсоли техникии Мудирияти истифодадиҳии НБО “Роғун” Абдузоир Қурбонзода, анкерҳо аз ширкати “Floyd Hydro”-и Австрия дастрас шуда, ширкати “ТоҷикСГЭМ” ба корҳои васлу насб машғул аст. 
– Намояндагони ширкати “Floyd Hydro” аз 23 то 27-уми октябр ба Тоҷикистон меоянд ва бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар агрегат шинос мешаванд. Бо машварату маслиҳати онҳо дар самти тайёр намудани агрегат, агар проблемаҳо мавҷуд бошанд, ҳаллу фасл хоҳем кард, – гуфт А. Қурбонзода.
Ба гуфтаи мутахассис, барои пурра ба кор даровардани Неругоҳ таҷҳизоти 4 агрегат аз Австрия харидорӣ мешавад. Инчунин, дар назар аст, ки 4 трансформатори боқимонда аз Туркия дастрас шавад.
Гуфтан  ба  маврид аст, ки гидроагрегати № 6 16-уми ноябри соли 2018 ба фаъолият оғоз намуда, то рӯзи 5-уми октябри соли равон ба миқдори 3 милиарду 518 миллион кВт/соат неруи барқ истеҳсол намуд. Гидроагрегати №5 бошад, рӯзи 1-уми июни соли 2019 ба фаъолият пардохта, то рӯзи 5-уми октябри соли ҷорӣ ба миқдори 3 миллиарду 97 миллион кВт/соат неру истеҳсол намуд. Ҳаҷми умумии истеҳсоли барқи НБО “Роғун” то 5-уми октябр 6 миллираду 616 миллион кВт/соатро ташкил дод. 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10-уми августи соли равон, зимни суханронӣ дар вохӯрӣ бо сохтмончиён зикр намуданд: “Бо бунёди ин Неругоҳи бузург мо на танҳо мушкилоти нарасидани барқро барои аҳолӣ ҳаллу фасл менамоем, балки ба хотири рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, аз ҷумла фаъолияти мунтазами корхонаҳои саноатӣ, хоҷагиҳои кишоварзӣ, муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар гардондани вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ, хусусан маорифу тандурустӣ, заминаи устувор фароҳам меоварем. Бинобар ин, суръат бахшидан ба ҷараёни корҳои сохтмони НБО  «Роғун», дар муҳлатҳои муқарраргардида ва бо риояи стандартҳои байналмилалӣ ба анҷом расондани марҳалаҳои баланд бардоштани сатҳи сарбанд ва ба истифода додани агрегатҳои навбатӣ бисёр муҳим ва зарур мебошад”.

Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 25.10.2023 №: 211
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив