ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » КӮЛОБ. БОҒЕ, КИ 30 ҲАЗОР РУСТАНӢ ДОРАД

КӮЛОБ. БОҒЕ, КИ 30 ҲАЗОР РУСТАНӢ ДОРАД

30 октябр 2023, Душанбе
16
0

 
Дар қисми шимолу шарқии шаҳри Кӯлоб Боғи ботаникӣ доман густурдааст, ки назираш имрӯз на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар ҳудуди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил кам аст. Бесабаб онро дар маъхазҳо ҳамчун Маркази илмии хатлонии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ном намебаранд. Нуктаи дигари муҳим он аст, ки олами набототи Боғ диққати олимони шаҳрҳои Лондон, Глазго, Тошкент, Ереван, Санкт-Петербург, Сухуми, Сочи, Гурзуф, Минск, Новосибирск ва ғайраро ба худ ҷалб кардааст. 
Боғ соли 1985 бо ташаббус ва дастгирии президенти вақти АИ Тоҷикистон Муҳаммад Осимӣ дар масоҳати 3,8 гектар таъсис ёфта, олими варзида, номзади илмҳои биологӣ Тилло Бобоев директор таъин гардид. Имрӯз доктори илмҳои биологӣ Мариё Бобоев  кори падарро идома мебахшад. Чи тавре ки мавсуф зикр кард, солҳои мудҳиши ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба Боғ хатари нестшавӣ таҳдид мекард. Хушбахтона, пас аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон, бо ибтикори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Боғ зери ҳимоя қарор гирифта, баҳри шукуфоии он маблағи зарурӣ ҷудо мегардад. 
Боиси тазаккур аст, ки Пешвои муаззами миллат аз он борҳо боздид намудаанд. Аз ҷумла, соли 1998 дар арафаи Иди Наврӯзи хуҷастапай муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Боғи ботаникӣ ташриф оварда, чор бех ниҳоли арчаи вирчинӣ (ИМА) шинонданд, ки алҳол нашъунамои хуб доранд. 
Қобили зикр аст, ки дар бунёду рушди боғи фирдавсбарину шабеҳи Ирам саҳми фарзандони фарзонаи миллат Ҳабибулло Табаров, Сайфиддин Сангов, академик Фарҳод Раҳимӣ шоён аст. 
Дар масоҳати ҳабдаҳ гектар қариб 30 ҳазор бех дарахт, гулбутта, ток ва дигар навъҳои рустаниву гиёҳҳо парвариш мешаванд. Ҳазорҳо меҳмонону сайёҳон низ ин боғи нодирро  давоми сию ҳашт соли мавҷудияташ тамошо кардаанд. Растаҳои боғро дарахтони гуногуни чинӣ, даҳ намуди арчаҳои ИМА, Кафқозу Қриму Чилдухтарон, ҳашт навъи себҳои қосимсаркорӣ, чор навъи токҳои маҳаллӣ, нахлу ёсуману лолаҳои гуногун, зираи форсӣ, фарк, ирғай, зелол, дӯлонаҳои гуногун, сарву булут ва бодомҳо фаро гирифтаанд. 
Ҳар як дарахт, ниҳол, гулбутта, ки аз минтақаҳои гуногуни дунё оварда шудаанд, дорои таърихи  ҷолиби диққатанд. Ин аст, ки бештари парваришгоҳҳои кишвар аз Боғи ботаникии Кӯлоб ниҳолу кӯчат мебаранд. Ин ба боз ҳам бойшавии захираҳои табиии олами наботот мусоидат хоҳад кард. Бисёр дарахту рустаниву гулбуттаҳои боғ шомили Китоби сурхи Тоҷикистонанд. 

Нурулло ҲАСАНОВ, рӯзноманигор

Санаи нашр: 30.10.2023 №: 214
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив