ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БӮИ ГУЛҲОИ ВАТАН ДОШТ ҲАМА АШЪОРАШ

БӮИ ГУЛҲОИ ВАТАН ДОШТ ҲАМА АШЪОРАШ

14 ноябр 2023, Сешанбе
44
0
Зиёда аз панҷоҳ сол аст, ки  рӯзноманигорам. Дар ин муддат бо ашхоси зиёде ҳамкорӣ кардаам, ки бархе аз онҳо имрӯз бо мо нестанд. Яке аз чунинҳо рӯзноманигори наҷибзода, шоири ширинсухан Сарвар Амирҷон буд.
Ӯро наҷибзода гуфтам, чаро ки тарзи гуфтор, рафтор ва одоби муоширате, ки дошт, танҳо хоси наҷибзодагон аст. Дар ин хусус адабиётшиноси маъруф  Худоӣ Шариф нигошта буд: «Ӯ ҳеҷ гоҳ аз зиндагӣ ё замона шикоят намекард. Сарвар, чуноне дар урфият мегӯянд, бандаи ношукр набуд, ба ҷавҳари гуманистии сохти иҷтимоии мо эътимоди комил дошт. Ниҳоят қаноатпеша буд: либоси хоксорона мепӯшид ва дар хӯрдан  заррае ҳарисӣ надошт, ҳар чи пеш меомад, ба он қаноат мекард. Ҳасадхӯр низ набуд. Маълум аст, ки ҳасад решаи одамбадбинӣ ва бадандешию бадкирдорист. Лекин ашхоси каззоб, фиребгару манфиатпарастро аз таҳти дил бад медид ва инро ҳаргиз пинҳон намедошт. Дар айни замон, бо дӯстонаш нарму хушрафтор ва меҳрубон буд».
Воқеан, инсондӯстӣ, ростқавлӣ, поквиҷдонӣ хоси табиаташ буд. Кӯшиш мекард, ки дасти навқаламеро бигираду навиштаҳояш ҳарчи зудтар ба нашр бирасанд. 
Хуб ёд дорам, тирамоҳи соли 1975 буд. Пас аз хатми Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ), дар идораи рӯзномаи «Маориф ва маданият» ба фаъолият пардохтам. Ҳамон айём майлам ба китобиётнависӣ бештар буд. Бинобар ин, ба «Сарҷӯи сабз»-и устод Муъмин Қаноат дар ҳаҷми тақрибан шаш саҳифаи дастнавис тақризе навишта, ба Сарвар Амирҷон, ки мудири шуъбаи адабиёт буд, супурдам. Ӯ саҳифаи аввалро хонду дар болояш ба забони русӣ «В №» навишту гуфт:  
– Давомашро баъди чопи мошинка мехонам.
Рӯзи дигар бо супориши идора озими шаҳри Орҷоникидзеобод (ҳоло Ваҳдат) шудам. Аз кӯдакистони №2-и шаҳр , ки «Ғунча» ном дошт, бояд гузорише омода мекардам.
Аз сафари хидматӣ баргашта, мақоларо, ки мошиннавис шуда буд, хондаму ба дафтари мудир рафтам. Вале ӯ набуд.
– Сарвар рухсатӣ гирифта, ба Дарвоз рафт,– гуфт муовинаш.
Хуллас, чопи тақриз ба таъхир афтод. Хушбахтона рухсатии Сарвар Амирҷон ҳам анҷом ёфту дар шумораи навбатии рӯзнома тақриз ҳам ба нашр расид. Шодию сурури маро андоза набуд. 
Дар таҳрир низ Сарвар бағоят дақиқкор буд ва «дар фаҳму идроки сухани тоҷикӣ назари нуктасанҷона дошт ва ин далели вусъати фикрию эҷодии ӯст».
Дар эҷоди «зоти парӣ», яъне шеър ҳам, Сарвар Амирҷон садои худ, шеваи худ ва услуби хоси худро дошт. Ӯ дар ҷодаи шоирӣ устод Рӯдакиро раҳнамои худ медонист. Ба ин шеър таваҷҷуҳ намоед: 
 
Ба ман чӣ менигарӣ, эй ситораи саҳарӣ,
Ба як нигоҳ бихоҳӣ магар дилам бубарӣ?
Рабуда лек дили ман ситораҳои Замин,
Ки медиҳанд ба маҳтоб дарси ҷилвагарӣ…
 
Самои шеъри маро ахтарони дигар ҳаст,
Ки бо шарораи худ гарм карда баҳру баре.
Ту Рӯдакии маро, эй ситора, медонӣ,
Ки доди шеъру сухан дод бо забони дарӣ?...
 
Аз ин сабаб на туӣ, Рӯдакист роҳбарам,
Зи рӯшноии сард аст шеъри ман хазарӣ.
Сухан бас аст кунун, к-эй ситораи саҳарӣ,
Туӣ мудом ба як ҷову ман яке сафарӣ…
 
Дар ин шеър, ки «Раҳнамои шеъри ман» унвон дорад, Сарвар Амирҷон, бо истифода аз санъатҳои қиёс ва тавсиф, осори устод Рӯдакиро ба офтоби ҳароратбахшу ҷонафзо монанд кардааст. Офтоби шеъри устод Рӯдакӣ раҳнамову илҳомбахши шоир аст, аз ин хотир, ӯ эҳтиёҷе ба нури андаку камтаъсир ва беҳарорати ситораи саҳарӣ надорад. Аз файзи ашъори оташини устод Рӯдакӣ на танҳо рӯзгори ҳамасронаш, балки зиндагонии баъдинагон ҳам равшану нуронӣ гаштааст.  
Воқеан ҳам, Сарвар дар ҷодаи шеър садои худро дошт.
 
…Ба тавозуъ бишинос аҳли 
хирадрову вале 
Ба тамаъ пеши касе қомати 
долӣ накунӣ.
Чун туро ҳаст садои азалӣ, эй Сарвар,
Наъраи шер зан, уллоси шағолӣ накунӣ!
 
Танҳо ҳамин шеър далолат бар он мекунад, ки Сарвар Амирҷон дар ҷодаи шеъру шоирӣ шахси тасодуфӣ нест. Ин шеърро, ки «Дида вайрона намо ободаш» унвон дорад, Сарвар Амирҷон бо зевари ҳикмат оростааст. Ӯ хонандаи закиву соҳибхирад ва шарафмандро панд медиҳад, ки аҳли илму адабро арҷ бигзорад, ба хотири пулу мол бандаи ҳирсу тамаъ нагардад, дӯстро азизу нони хушки ӯро аз неъмати алвони бегона беҳ донад.
Бо вуҷуди шеъри зиёд гуфтан, Сарвар Амирҷон ҳамагӣ ду маҷмуаи ашъор: «Баҳор мехоҳам» ва «Лаъл»-ро чоп кардаасту халос.
Ӯ аз шоироне буд, ки бо услуби хоси хеш шеър мегуфт. Хаёлот ва андешаҳояш рангинанд. Аз ашъори Сарвар бӯи гули райҳону гиёҳҳои худрӯйи кӯҳистон меояд.      
Сарвар умри кӯтоҳе дид. Баҳори соли 1986 дар 48-солагӣ дунёи пур аз шебу фарозро падруд гуфт. 
Пас аз марги ӯ, бародараш Адабҷон ҳамаи асарҳои адабии ӯро ҷамъ оварда, бо номи «Гулҳои тирамоҳӣ» соли 1989 аз тариқи нашриёти «Адиб» бо теъдоди панҷ ҳазор нусха ба нашр расонд. Кунун ҳар ду бародар дар оромгоҳи деҳаи Ёгеди ноҳияи Дарвоз дар хоби абаданд.
Ёдашон ба хайр! 
 
Карим МӮСО, нависанда
Санаи нашр: 14.11.2023 №: 224-225
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив