ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САРФАРОЗГАРДОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ОРДЕНИ  БАРОИ ХИЗМАТ ДАР НАЗДИ ВАТАН

САРФАРОЗГАРДОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ОРДЕНИ  БАРОИ ХИЗМАТ ДАР НАЗДИ ВАТАН

22 ноябр 2023, Чоршанбе
16
0
  
21-уми ноябр дар Қасри Кремл маросими бо ордени Барои хизмат дар назди Ватан сарфароз гардондани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сафари расмӣ дар пойтахти Федератсияи Русия қарор доранд, баргузор гардид.
Дар оғози маросим Фармони Президенти Федератсияи Русия дар бораи мукофотонии Сарвари давлати мо бо ин нишони давлатии Русия қироат карда шуд.
Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин зимни супурдани мукофот саҳм ва хизматҳои хоси Пешвои миллатро дар таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия, ки имрӯз дар ҳамаи соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн муваффақона рушд меёбанд, таъкид намуд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар навбати худ, аз ин тасмими олии Президенти Федератсияи Русия изҳори сипос карда, онро, пеш аз ҳама, ба қадрдонии баланди хидматҳои тамоми мардуми Тоҷикистон дар рушду таҳкими пайвастаи муносибатҳои Тоҷикистону Русия мансуб донистанд.
Изҳори боварӣ  шуд, ки бо талошҳои муштараки ҷонибҳо равобити байнидавлатии ду кишвар дар руҳияи дӯстӣ, ҳусни тафоҳум ва эҳтироми мутақобила минбаъд низ таъмиқ ва густариш хоҳанд ёфт.
 
 
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО МИХАИЛ МИШУСТИН
21-уми ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Федератсияи Русия дар шаҳри Москва бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин мулоқот карданд. Дар рафти вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ду кишвар дар соҳаҳои ояндадори тиҷоратию иқтисодӣ, саноат, энергетика ва кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Таъкид гардид, ки Федератсияи Русия дар сохтори гардиши савдои хориҷии кишвари мо мавқеи пешсафро ишғол мекунад. Дар соли 2022 ҳаҷми гардиши мутақобилаи мол 1,7 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба соли пешин 24 фоиз афзудааст. Дар самти ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ захираву имкониятҳои истифоданашуда бисёранд, аз ин рӯ, зарур шумурда шуд, ки барои пурра баҳрабардорӣ кардан аз он тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.
Дар  мулоқот зикр гардид, ки татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои саноати кӯҳӣ, металлургӣ, мудофиавӣ, коркади нафту кимиё, саноати хӯрокворию сабук, нассоҷӣ, фарматсевтӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ба манфиати ҳар ду ҷониб хоҳад буд.
Ҷалби сармояи Русия барои таъсиси паркҳои саноатӣ, нассоҷӣ, хӯрокворӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ зарур шумурда шуд.
Аз сатҳи ҳамкорӣ дар соҳаи гуманитарӣ ибрози қаноатмандӣ намуда, ҳамзамон бо ин, ба густариши минбаъдаи робитаҳои амалӣ дар соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва сайёҳӣ ҳавасмандии худро изҳор доштанд. Дар суҳбат ҷонибҳо, ҳамчунин, оид ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.
 
 
МАРОСИМИ ИМЗОИ САНАДҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ БАЙНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Русия дар ҳузури сарварони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин бастаи нави санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расид:
- Нақшаи ҳамкорӣ дар соҳаи саноат байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва савдои Федератсияи Русия;
- Ёддошти тафоҳум байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёти Федератсияи Русия дар бораи рушди ҳамкорӣ дар тайёрӣ ва бозомӯзии мутахассисон дар соҳаи нақлиёт;
- Нақшаи амалии ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия барои солҳои 2023-2025;
- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисоди Федератсияи Русия;
- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии приставҳои судии Федератсияи Русия;
- Созишнома байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии гумруки Федератсияи Русия дар бораи эътирофи тарафайни мақомоти танзимгарони ваколатдори иқтисодӣ;
- Ёддошти тафоҳум оид ба масъалаҳои назорати меҳнат ва мусоидат ба шуғли аҳолӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии меҳнат ва шуғли аҳолии Федератсияи Русия;
- Созишнома байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Маркази миллии таҳқиқоти “Институти Курчатов”-и Федератсияи Русия оид ба ҳамкориҳои илмӣ ва илмию техникӣ.
Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ оростанд.
 
Санаи нашр: 22.11.2023 №: 232
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив