ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САЙФ РАҲИМЗОДИ АФАРДӢ. НАВИСАНДА, КИНОСОЗИ МУМТОЗ ВА ХОДИМИ ДАВЛАТӢ

САЙФ РАҲИМЗОДИ АФАРДӢ. НАВИСАНДА, КИНОСОЗИ МУМТОЗ ВА ХОДИМИ ДАВЛАТӢ

30 ноябр 2023, Панҷшанбе
49
0


Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба ифтихори 70-солагии барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Сайф Раҳимзоди Афардӣ маҳфили адабӣ баргузор гардид. Пажӯҳишгарони наср, нависандагону шоирон, рассомон, филмсозон ва дигар ёрону ҳампешагони адиб аз сабки вежа, асарҳои пуртаъсир, забону баёни тоза ва хидматҳои давлативу ҷамъиятии Сайф Раҳимзоди Афардӣ гуфтанд. 

Аз ҷумла, Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, гуфт: “Сайф Раҳимзод бо сабки вежа вориди адабиёт ва ҳунари миллӣ гардид. Нависанда бо нашри нахустин ҳикояаш «Гунҷишки сафед» (соли 1980 дар “Комсомоли Тоҷикистон”) аз ҷониби хонандагон шинохта ва пазируфта шуд. Сипас, бо қиссаи зебову овозадори «Ситораҳои сари танӯр» (1984) чун нависандаи навпардоз дар адабиёти тоҷик маҳбубият пайдо кард. Дар зиндагӣ ҳам, дар олами ҳунар ҳам рангу намо ва ҷойгоҳи махсуси худро дошт”.
Ҳикояву қиссаҳояш дар маҷмуаҳои «Аз ёдҳо, аз ёдҳо» (1987), «Дурӯғи сафед» (1997), «Васвасаҳои Зикривайҳ» (Таронаҳои хоки париён; 1999), «Падруду пайғом» (2000), «Доғҳои Офтоб» (2003) ба табъ расиданд. Сайф Раҳимзод услуби фардӣ, тарзи нигориши хос дошт. Ӯ ба воқеияти зиндагӣ аз назари фалсафӣ менигарист. Олами маънавии инсон, махсусан наврасонро бо маҳорати ҷолибе ба тасвир мекашид.
– Дар адабиёт ёфтани роҳу равиши тоза, корбасти хосаи вожаву ибора, савтиёти гӯшнавоз ва ҷумлаҳои пур аз ҷӯшу хурӯши ҳиссиёт, биниш ва интихоби ҷузъиётҳои бикру хушнамак, ёфтану офаридани қаҳрамону фардҳои ғайри қолабӣ аз мушкилтарин, заҳматталабтарин корҳост ва на ба ҳар кас даст медиҳад. Дар ин самт, ба назарам, оне пирӯз мегардад, ки истеъдоди асил ва ҷигари шер дошта бошад, дар роҳи мақсуд шикасту нокомиҳоро таҳаммул карда, устувору мардона, бигузор оҳиста ва пуразият ҳам бошад, пеш меравад. Сайф аз ҷумлаи ҳамин истеъдодҳои нодир ва заҳматписанд буд, – гуфт Абдулҳамид Самад, Нависандаи халқии Тоҷикистон.
Дар риштаи синамои тоҷик Сайф Раҳимзод таҳаввулоти ҷиддӣ ворид сохт. Филмҳои офаридаи ӯ – «Ситораҳои сари танӯр», «Ҳарф бизан, поизам», «Пете», «Чоре» дар фестивал-озмунҳои байналмилалӣ (Киноҷашнвораи Канни Фаронса) соҳиби ҷоизаҳо гардидаанд. Махсусан, дар солҳои вазнини ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва баъд аз он зинда нигаҳ доштани “Тоҷикфилм” аз хидматҳои шоистаи Сайф аст. Дар ин бора, Сафар Ҳақдодов, раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон иттилоъ дод.
Дар маҳфил устоди ДМТ Умар Сафар китоби “Дар соясори марг”-и худро, ки пурра ба нақди осори Сайф Раҳимзод бахшида шудааст, бо такмилу иловаҳо нашр ва муаррифӣ кард. Ҳамчунин, асарҳои Сайф Раҳимзоди Афардӣ, ки чанде пеш аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор ёфтаанд, рӯнамоӣ шуданд.
Сабзалӣ Шарифзода, Рассоми халқии Тоҷикистон, аз дӯстиву рафоқат ва ҳамкориҳояшон дар чопи китоби «Аз ёдҳо, азёдҳо» изҳори назар кард: “Сайф рангҳо ва ҷозибаи онҳоро дарк мекард. Ҳамин шавқ ба мусаввирӣ буд, ки насраш шоирона аст. Занҷираи андешаҳояш мисли як мусаввара пеши чашм меояд. Эҳсоси тасвирпардозиҳои насрашро ман дар китоби «Аз ёдҳо, азёдҳо» қаламӣ кардаам, ёдаш ба хайр!”
Ӯ касе буд, ки бозсозии дунёро мехост: – Мехоҳам дунёро аз нав бисозам. Дунёро мехоҳам ба завқу салиқаи худ наздик бикунам. Таҷаллии он дунё чашмони маро мебарад ва ҳушамро мерабояд... Ман он дунёро ҳатмӣ ба худам монанд мекунам! Мебинем! Вақтшиносам. На, дер намемонам. Ҳатмӣ, дар ин рӯзҳои наздик шуруъ мекунам бозсозии дунёро. Оғоз аз наздиконам хоҳад буд. Бале, аз наздикони худам... – ин аст садои нависандаи бузург.
Адиб ва рӯзноманигор Абдулқодири Раҳим андешаҳояшро чунин иброз намуд: “Ин нависандаи навгаро мудири шуъбаи адабиёт ва санъати газетаи «Тоҷикистони советӣ» – имрӯза “Ҷумҳурият” (1983-1987) буд. Ҳамчун рӯзноманигор очерку қиссаҳои аҷиб ҳам иншо мекард. Дар ҳама самт диду назари тоза дошт. Дар кори нависандагӣ  надидаҳоро медид ва тасаввуру тасвирро ба пеши хонанда диданӣ мекард”.
Мавсуф соли 1995 Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айниро гирифт. Пас аз марг, соли 2002 сазовори Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ гардид. Соли 2013 ба хотири гиромидошти номи Сайф Раҳимзоди Афардӣ дар шаҳри Душанбе хиёбоне ба номи ӯ гузошта шуд.
Воқеан, Сайф Раҳимзод аввалин касе буд, ки дар бораи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин филми мустанад – “Роҳ”-ро ба навор гирифтааст.

Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 30.11.2023 №: 236
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив