ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САНГВОР. ВАҚТЕ ДАСТУ ДИЛИ МАРДУМ ГАРМ АСТ...

САНГВОР. ВАҚТЕ ДАСТУ ДИЛИ МАРДУМ ГАРМ АСТ...

20 декабр 2023, Чоршанбе
12
0


Имрӯзҳо  дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар ҷиҳати таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024» корҳои муайянро ба анҷом мерасонанд. Ноҳияи Сангвор низ ба хотири иҷрои қарор, тибқи супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ, аз ҳисоби намояндагони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия   ва идораву корхонаҳои дахлдори соҳавӣ гурӯҳи корӣ дар ҳайати 23 нафар таъсис дода, як қатор корҳоро ба сомон расондаанд.

Тибқи иттилои раиси ноҳия Маҳмадшоҳ Давлатзода, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси омодагӣ ба фасли сармо масъулони ноҳия  тадбирҳои зарурӣ андешидаанд. Дар ҳамин давра барои аҳолӣ 70 тонна орд, 7,5 равған, 9,1 биринҷ, 10,3 шакар, 810 картошка, 16 тонна пиёз 3950 қуттии шартии консерва ва 190 тонна дигар намуди маҳсулот захира гардидааст. Ҳамчунин,  ҷиҳати омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон  дар хоҷагиҳои ноҳия 31050 тонна хӯроки чорво захира шуд, ки 101,8 дарсади нақшаро ташкил медиҳад. 
Барои гузарондани фасли сармо дар соҳаи маориф захираи ангишт 355,23 тонна, ҳезум 630 метри мукааб ва сӯзишвории дизелӣ 1400 литр муайян шуда, нақшаи маводҳои лозима пурра иҷро гардид. 
Айни замон ҷиҳати сари вақт пешгирӣ намудани бемориҳои мавсимӣ  кормандони соҳаи тандурустӣ дар хизмати халқ мебошанд. Ба ин хотир, 36,2 тонна ангишт, 93,2 метри мукааб ҳезум, 1100 литр сӯзишвории дизелӣ дар муассисаҳои тиббии ноҳия захира шудааст. Ҳамчунин, 2 буғхона, 10   генератори барқӣ, 59 печкаи аловӣ ва 94 гармкунаки барқӣ дар ҳолати корӣ қарор доранд. Инчунин, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба хотири дар сатҳи баланд гузарондани чорабиниҳои фарҳангӣ 7 тонна ангишт, 15 метри мукааб  ҳезум, 100 литр сӯзишвории дизелӣ, 14  генератори барқӣ ва 7 печкаи аловӣ барои давраи зимистон дар соҳаи фарҳанг омода карда шудааст.  
 Барои нигоҳдории роҳҳо ва таъмини рафтуомади воситаҳои нақлиёт дар давраи тирамоҳу зимистон  масъулони ноҳия  тибқи нақша, 400 метри  мукааб маводи зидди лағжиш ва 4 тонна сӯзишвории дизелӣ захира намуданд. Дар ҳудуди ноҳия 101,4 км роҳҳои мошингарди аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ мавҷуд буда, нигоҳдории онҳоро Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия ба уҳда дорад. Муассисаи мазкур дорои 6 техникаи махсуси роҳдорӣ буда,  5-тоашро барои давраи зимистон омода намудааст. 
– Имрӯзҳо барои таъмини аҳолӣ бо гази моеъ, сӯзишвории дизелӣ, ангишт ва ҳезум дар ҳудуди ноҳия 10 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ фаъолият мекунад, ки дар 4-тои он фурӯши гази моеъ ба роҳ монда шудааст. Дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ миқдори зарурии  сӯзишвории дизелӣ ва гази моеъ захира гаштааст ва умед дорем, ки аҳолии ноҳияи Сангвор зимистони имсоларо бе душворӣ пушти сар мекунанд, – гуфт раиси ноҳия.
Воқеан, солҳои пеш аҳолии ноҳияҳои кӯҳистон фасли сарморо  бо  душворӣ мегузаронданд. Боридани барфи зиёду яхбандӣ шудани роҳҳои кӯҳӣ барои онҳо монеаҳо эҷод мекард. Сокинони баъзе деҳаҳо то фасли баҳор ба маркази ноҳия омада наметавонистанд.  Имрӯз бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолӣ ва ободии Ватан, тамоми шароит барои  зимистонгузаронӣ муҳайё гардида, мардум дар фазои озод ба сар мебаранд.    
 
Гулнисои САЪДОНШО, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 20.12.2023 №: 245
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив