ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. САНОАТ ДАР МАРҲАЛАИ НАВИ РУШД

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. САНОАТ ДАР МАРҲАЛАИ НАВИ РУШД

20 декабр 2023, Чоршанбе
26
0


Дар  ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  ҷиҳати амалишавии Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, ки барои солҳои 2021-2025 қабул шудааст, қадамҳои устувор мегузоранд. Имрӯз он корҳои сершумори созандагӣ: бунёди даҳҳо-садҳо  коргоҳҳои истеҳсолӣ, инфрасохтор, таъмиру бунёди роҳҳои нав,  иншоотҳои иҷтимоиву фарҳангӣ ва варзишӣ, ки мушоҳида мешаванд, воқеан ҳам, дар  таъмини устувории иқтисодӣ, татбиқи барномаҳои давлатӣ ва ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоӣ, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот, сохтмон ва барқарорсозии иншооти гуногун, инкишофи соҳаи иҷтимоӣ, дастгирии табақаҳои камбизоату ниёзманд мусоидат мекунанд.
–  Шумораи аҳолии ноҳия сол ба сол тамоюли афзуншавӣ дошта, феълан наздик ба 405 ҳазор нафар расидааст  ва ин ҳолат  моро водор месозад, ки  ҷиҳати ба кор таъмин кардани мардум, осудагии рӯзгори эшон  бештар дар талош бошему тадбирҳои муассирро роҳандозӣ намоем. Аз ин хотир, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия кӯшиш дорад, ки бо дарёфти сарчашмаҳои мушаххаси молиявӣ Барномаи тарҳрезишударо зина ба зина амалӣ созад, – гуфт Нусратулло Салимзода, раиси ноҳия.
То имрӯз дар доираи татбиқи Барномаи мазкур дар ноҳия 44 лоиҳа ба маблағи 243 миллиону 818,62 ҳазор сомонӣ амалӣ гардид, ки ба соҳаҳои муҳиму  афзалиятдоштаи хоҷагии халқ  нигаронда шудаанд.
Баҳри расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръат дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳоти ноҳия қадамҳои устувор мегузоранд ва самари ин талошҳо дар рушди иқтисодӣ эҳсос мешавад. Агар ба равнақи соҳаи саноат танҳо дар 9 моҳи соли 2023 таваҷҷуҳ намоем, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи солҳои 2021-2022  назаррас буда,  фақат дар  се моҳи соли равон ба маблағи 3 миллиарду 421,6 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол   шудааст. Ин нишондод дар қиёс ба ҳамин давраи соли  гузашта 147 миллион  сомонӣ зиёд  буда, суръати афзоиши маҳсулоти саноатӣ бо нархҳои муқоисавӣ 104,7 фоизро ташкил дод. 
Бо ҷалби соҳибкорони ватандӯст вусъат ва идома додани раванди саноатикунонии босуръат дар ноҳия  ҳамарӯза ба чашм мерасад. 
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ворид кардани технологияҳои нави замонавӣ ва рушди минбаъдаи он аҳамияти калон медиҳанд. 
Соли 2023 дар ноҳия таъсиси 20 корхонаи саноатӣ ба нақша гирифта шуда, то моҳи декабр бо ташаббуси соҳибкорон 33  корхонаи истеҳсолӣ ба фаъолият шуруъ намуд, ки дар онҳо қариб 200 ҷойи нави кор ташкил гардид. Аз 178 корхонаи истеҳсолии ноҳия 154-тоаш фаъол буда, 113-тои онҳо соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд кардаанд. Бо назардошти аҳамияти муҳими дорусозӣ ва бо дастури Сарвари давлат,  солҳои наздик  бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ корхонаҳои истеҳсоли доруворӣ мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.
Таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти сохтмонӣ,  аз ҷумла сангҳои ороишии ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯй, яке аз самтҳои рушди саноати ноҳия ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад, соли 2022 дар доираи эълон гардидани солҳои 2022-2026 ҳамчун Солҳои рушди саноат дар ноҳия аз ҷониби соҳибкор Фарҳод Каримов корхонаи коркарди санги хорои ҶДММ “Шарифзода Фирдавс” мавриди истифода қарор дода шуд, ки дар ифтитоҳи он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд. 
Ҷиҳати ташкили минтақаи саноатӣ бо соҳибкорон ва шахсони алоҳида корбарӣ идома дорад. 
Барои соли 2023 дурнамои рушди соҳаи саноат дар ҳаҷми 6 миллиарду 529,2 миллион сомонӣ тасдиқ гардида, ҷиҳати таъмини афзоиши дурнамои рушди соҳа масъулон дар якҷоягӣ бо роҳбарони корхонаҳои саноатии   ноҳия тадбирҳои зарурӣ меандешанд. 
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати амалишавии нақшаи таъсиси корхонаҳои ҳатмӣ корбарӣ намуда, то имрӯз дар якҷоягӣ бо соҳибкорон ҷиҳати ташкили корхонаҳои дӯзандагӣ,   коркарди ширу гӯшт, коркарди пахта ва истеҳсоли равған, истеҳсоли маҳсулоти бинокорӣ, пластикаи филизӣ, коркарди ғаллаю шолӣ, қаннодию нонпазӣ, коркарди чӯб, истеҳсоли мебел ва ташкили марказҳои ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла қолинбофӣ, заргарӣ, атласу адрас, тадбирҳо меандешанд. 

Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 20.12.2023 №: 245
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив