ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО »  “ГАНҶИ СУХАН”-И ХУҶАНД ДАР ТОШКЕНТ

 “ГАНҶИ СУХАН”-И ХУҶАНД ДАР ТОШКЕНТ

20 декабр 2023, Чоршанбе
45
0

 
Як гурӯҳ намояндагони илму адаб ва фарҳанги вилояти Суғди Тоҷикистон таҳти раёсати сарвари маҳфили адабии “Ганҷи сухан” Саидумрон Саидов ба шаҳри Нурафшон – маркази маъмурии вилояти Тошкент ташриф оварданд. Дар ин ҳайат профессор Матлубаи Мирзоюнус, проректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Рухсора Давлатзода, шоирон Абдуҷаббори Суруш, Баҳроми Раҳматзод, овозхони номошно Сардори Солеҳ ва дигарон шомил буданд. 
Дар толори филиали Донишгоҳи технологияи иттилоотии Тошкент ба номи Муҳаммад ал-Хоразмӣ маҳфил баргузор гардид. 
– Ҳамкориҳои судманди фарҳангӣ дӯстиву бародарии тоҷикону ӯзбеконро боз ҳам қаринтар ва домани ҳамкориҳоямонро фарохтар хоҳад сохт. Дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои мардуми тоҷиктабор шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Инро мо дар фаъолияти муассисаҳои таълимоти миёнаи умумӣ, касбӣ ва олӣ дар шаҳрҳои Самарқанду Бухоро, Тирмизу Фарғона ва Чирчиқ, намоишу гуфторҳои садову симо, нашри китобҳои илмиву бадеӣ, рӯзномаҳову маҷаллаҳои тоҷикӣ мебинем, – гуфт раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон Гуландом Субҳонова. 
– Шеъру суруд мардуми гуногунмиллатро ба ваҳдату ҳамгироӣ даъват намудааст. Ташрифи мо ба шаҳристони навбунёди Нурафшон густариш додани равобити фарҳангии миёни ду вилояти ҳамҷавор – Суғд ва Тошкент мебошад. То ин замон мо дар шаҳрҳои Риштон ва Фарғона меҳмон будем ва бо як олам таассурот ба Хуҷанд баргаштем. Чанде пеш як гурӯҳ намояндагони илму адаби вилояти Фарғона меҳмони хуҷандиён буданд, – гуфт Саидумрон Саидов.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода аз фароҳам омадани чунин имконияти созгор ҳарф зад, ки маҳз бо ташаббуси ду Сарвари хирмадманд – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев рӯи кор омадааст. 
– Мо дӯстиву рафоқатро аз Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ омӯхтаем. Зимни ташриф ба мактабҳои тоҷикии вилояти Тошкент, аз дидору мулоқот бо мардуми зиёд бори дигар эътимодамон афзуд, ки риштаҳои дӯстии байни тоҷикону ӯзбекон беш аз пеш мустаҳкам мегардад, – гуфт А. Раҳмонзода.
Сафири тоҷик аз номи меҳмонон ба хазинаи китобхонаи ин Донишгоҳ чандин китобу маҷаллаҳоро тақдим намуд.
Профессор Матлубаи Мирзоюнус зикр кард, ки олимони тавонои тоҷик Ҳасан Қудратуллоев, Аҳмад Абдуллоев, Садрӣ Саъдиев, Аслиддин Қамарзода, Ҷумъа Ҳамроҳ, Рамазони Абдулло ва Фарҳод Исомиддинов дар Тоҷикистон низ хеле хуб муаррифӣ шудаанд. 
Тараннуми сурудҳои классикӣ аз тарафи Сардори Солеҳ ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ, қироати шеърҳо аз тарафи Абдуҷаббори Суруш, Баҳроми Раҳматзод, Паймон, Абдулло Субҳон ва шоири ҷавон Ҳусайни Исмат маҳфили “Ганҷи сухан”-ро таровати дигар бахшид. 

Мирасрор АҲРОРОВ, 
“Ҷумҳурият”, шаҳри Тошкент

Санаи нашр: 20.12.2023 №: 245
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив