ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Таъиноти кадрӣ

Таъиноти кадрӣ

26 декабр 2023, Сешанбе
44
0

22-юми декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳое, ки дар мақомоти роҳбарӣ ва фармондеҳии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ таъин гардиданд, суҳбат намуданд. Нахуст, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи имрӯзаи печидаву пешгӯинашавандаи минтақа ва ҷаҳон ёдовар шуда, Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистони соҳибистиқлолро сипари боэътимод дар таъмини суботу амнияти ҷомеа ва неруи асосии пешгирикунандаи ҳама гуна амалҳои халалдоркунандаи ҳаёти осоиштаи мардум арзёбӣ карданд. Сарвари давлат иброз доштанд, ки дар адои ин вазифаи пуршараф аз ҳар як афсари ин ниҳод поквиҷдонӣ, маҳорати баланди касбӣ, фидоии миллату давлат ва руҳану ҷисман дар таъмини ормонҳои миллӣ ва фазои амнияту осоиш омода буданро талаб менамояд. Пешгирии ҳама гуна зуҳуроти барои ҷомеа хатарнок, аз ҷумла экстремизм, терроризм, қочоқи силоҳ, маводи мухаддир, молу маҳсулот, инчунин риояи ҳатмии оинномаҳои ҳарбӣ, назорати пурраи сарҳади давлатӣ, таъминот бо техника ва лавозимоти зарурии ҳарбӣ, машқҳои мунтазами низомӣ ва баланд бардоштани сатҳу савияи донишҳои техникии афсарону аскарони ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ, аз мавзуъҳои асосии суҳбат буданд. Дар анҷоми мулоқот Пешвои муаззами миллат иброз доштанд, ки Ҳукумати мамлакат барои тамоми ҷузъу том ва сохторҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд ва дар оянда низ баҳри беҳтар намудани шароитҳои хизмати ҳар як низомӣ тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд.

Санаи нашр: 25.12.2023 №: 247
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив