ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

07 май 2024, Сешанбе
24
0
Мир24. Донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии Фаронса, Австралия, Канада ва дигар кишварҳо, қатъи назар аз таҳдиди ихроҷ аз макотиби олӣ, бо талаби оташбас дар минтақаи Ғазза бо овезаҳои  «Аз наслкушӣ даст кашед», «Бомбборони Ғаззаро бас намоед» ба тазоҳурот баромада, гуруснанишинӣ мекунанд.
 
Lenta.ru. Флоти баҳрӣ-ҳарбии Шоҳигарии Британияи Кабир дар баҳри Кариб аз қочоқчиён 2,5 тонна кокаин мусодира кард.
 
Мир24. Намояндагони доимии кишварҳои ИДМ ва раҳбарони Кумитаи иҷроияи Иттиҳод дар боғи «Ғалаба»-и Минск  хотираи қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватаниро пос доштанд.
 
Дипломатҳо ба пояи ҳайкали ёдгорие, ки дар хиёбони Дӯстӣ воқеъ аст, гулдастаҳо гузоштанд. Он рамзи ягонагии халқҳои Иттифоқи Советӣ дар мубориза бар муқобили фашизм мебошад. 
 
 
 
 
 
СММ: “Дар минтақаи Ғазза гуруснагии сартосарӣ оғоз шуд”
 
Lenta.ru. Синди Маккейн, роҳбари Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ, аз оғози қаҳтии густурда дар минтақаи Ғазза хабар дод.  
Тибқи маълумоти ин Созмон, аллакай, дар қисми шимолии ин анклав гуруснагии сартосарӣ оғоз шуда, вазъ дар ҷануби кишвар босуръат бадтар мешавад.  
Ба гуфтаи Синди Маккейн, ҳар боре ки муноқишаи бузург сар зада, ба ҷанг табдил меёбад, гуруснагӣ рух медиҳад.
Пештар аз ин,  5-уми май неруҳои дифои Исроил гузаргоҳи “Керем Шалом”-ро дар қисми ҷанубу шарқии марз бо минтақаи Ғазза, ки аз он мошинҳои ҳомили кумакҳои башардӯстона барои сокинони ин анклав убур мекунанд, баста буданд.
 
 
Мулоқоти Си Ҷинпин бо Макрон ва Урсула фон дер Ляйен 
 
ТАСС. Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар мулоқот бо Президенти Фаронса Эммануэл Макрон ва раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Лейен баён дошт, ки Чин ба равобит бо Иттиҳоди Аврупо аз нуқтаи назари стратегӣ ва дарозмуддат назар мекунад. 
– Мо умедворем, ки равобити миёни Чину Фаронса ва  Иттиҳоди Аврупо якҷоя инкишоф хоҳанд ёфт,– таъкид сохт ӯ.
Си Ҷинпин  Чин ва Иттиҳоди Аврупоро «ду неруи муҳими ҷаҳон» номид, ки бояд муколама ва ҳамкориҳоро густариш дода, иртиботи стратегиро амиқтар кунанд. 
Ёдовар мешавем, ки сафари давлатии Си Ҷинпин ба Фаронса ба муносибати 60-умин солгарди барқарории равобити дипломатӣ миёни ду кишвар сурат мегирад.
 
 
Токаев: «Дар Қазоқистон корнамоиҳои қаҳрамонони ҶБВ-ро ҳамеша қадр мекунанд»
 
Мир 24. Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев дар маросими супурдани мукофотҳои давлатӣ гуфт, ки дар Қазоқистон корнамоиҳои қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватаниро  ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳанд кард. 
– Ҷасорату мардонагии чунин фарзандони арзандаи халқ барои наслҳои имрӯзу ояндаи ҳомиёни Ватан ибрат аст,– таъкид шудааст дар паёми Президент.
Токаев ёдовар шуд, ки собиқадорон ҳар сол дар Рӯзи Ғалаба маблағи иловагӣ мегиранд. Имсол он  ба 3 миллион тенге мерасад.
Ҳоло дар Қазоқистон 148 нафар собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиндагӣ мекунад.
 
 
Санаи нашр: 07.05.2024 №: 85-86
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив