ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СУҒД.  КИШОВАРЗОН БЕ ОБИ ПОЛИЗӢ НАХОҲАНД МОНД!

СУҒД.  КИШОВАРЗОН БЕ ОБИ ПОЛИЗӢ НАХОҲАНД МОНД!

06 май 2024, Душанбе
20
0


Дар мамлакат мавсими киштукори баҳорӣ вусъати тоза пайдо карда,  кишоварзон талош доранд, то ин маъракаи муҳимро дар сатҳи баланд ва  муҳлати муқарраршуда ба анҷом расонанд. Мусаллам аст, ки талоши марди деҳқон ва самари заҳматҳои шабонарӯзии онҳо ба фаъолияти муътадил ва самарабахши пойгоҳҳои обкашӣ вобастагии зич дорад. 
Дар вилояти Суғд  зиёда аз 75-80 дарсади майдони кишоварзӣ, боғу токзор тавассути  пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ мешавад.  Солҳои охир бештар ба мушоҳида мерасад, ки бинобар  куҳнаву фарсудашавии таҷҳизоти обкашӣ, деҳқонон дар муҳлати талаботи агротехникӣ бо об таъмин нашуда, садҳо гектар замин аз кишти зироатҳо дар канор монданд.  
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанде қабл дар ҷараёни сафари корӣ ба вилояти Суғд ва дар маҷлиси фаъолони вилоят аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки соли гузашта, бинобар мушкилоти пойгоҳҳои обкашӣ ва норасоии обёрии заминҳо дар бахши хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии вилояти Суғд, кишти пунбадона нисбат ба соли 2022-юм 9 ҳазор гектар ва кишти картошка 2,3 ҳазор гектар таъмин нашудааст. Ин дар ҳолест, ки  Ҳукумати мамлакат солҳои охир ҷиҳати боз ҳам рушди босуръати соҳаҳои пахтакорӣ ва картошкапарварӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунад.
То чӣ андоза дар мавсими имсола камбудиҳои мавҷуда ислоҳи худро дармеёбанд ва оё  пойгоҳҳои обкашии вилоят ба мавсим хуб омода шудаанд?  Аминҷон Абдуллозода, сардори раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд, дар посух ба ин суол гуфт, ки   сарфи назар аз мушкилиҳои мавҷуда: фарсудаву азкорбароии дастгоҳҳои хеле зиёди обкашӣ ва камбуди молиявӣ  ба мавсими имсолаи обёрӣ пурра омода мебошанд. Ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо тадбирҳои мушаххасу муассир андешида мешаванд. Баҳри фаъолияти босамари пойгоҳҳо дар мавсими обёрӣ ва таъмини саривақтии кишоварзон бо оби полизӣ аз ҷониби мутахассисон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғду мақомотҳои маҳаллӣ тадбирҳои зарурии мувофиқ ба талаботи рӯз амалӣ шуданд. Ҳоло  дархости кишоварзон ба  об  қонеъ гардонда мешавад.  
Аз Аминҷон Абдуллозода пурсидам, ки соли гузашта, хусусан, деҳқонони ноҳияи Зафаробод аз норасоии об изҳори нигаронӣ доштанд, оё имрӯз гуфта метавонем, ки  дар мавсими имсола  кишоварзони ин ноҳия аз оби полизӣ танқисӣ нахоҳанд кашид? 
– Барои бо об таъмин кардани кишоварзон аз ҳамаи   имкониятҳои мавҷуда истифода бурда мешавад. Аз ҷумла, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ҷиҳати харидани як дастгоҳи обкашии 52В-11 бо муҳаррики барқияш барои пойгоҳи обкашии Мирзочӯл-2-и ноҳия аз ҳисоби Ҳукумати мамлакат 10 млн сомонӣ ва буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти Суғд 5 млн сомонӣ дастрас гардид, ки пурра насб шуда, таъмини обро беҳтар мекунад. Ҳамзамон, ҷиҳати сари вақт ба мавсими обёрӣ омода намудани пойгоҳҳои обкашӣ ва иншоотҳои обрасонии вилоят бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои   раиси вилоят аз ҳисоби буҷетӣ вилоят 12,5 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардида,  барои бе мушкилӣ таъмин шудани кишоварзон ба об  мусоидат хоҳанд кард, – гуфт ӯ.     
 Дар шаҳри Конибодом аз маблағҳои чудошуда 3 дастгоҳи обкашӣ барои пойгоҳи обкашии Махрам-1 харидорӣ шуда, васлу насби он дар  арафаи анҷомёбист. 
   Бо дарназардошти мушкилиҳои баҳори имсола, камобӣ, болоравии ҳарорати бесобиқаи ҳаво мутахассисони соҳаи беҳдошти замин ва обёрии вилояти Суғд талош доранд, то ин ки  кишти зироат, сабзавоту  боғҳои кишоварзон дар мавсим муътадил бо об таъмин шаванд. Танҳо  деҳқононро зарур меояд, ки  ҷиҳати самаранок  истифода бурдани ҳар қатра  об ва пешгирии талафоти он таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.                                                                                           
 
Ҷовиди АШТӢ,  “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 06.05.2024 №: 84
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив