ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҚИССАИ ДИЛОВАРИҲОИ ФАРЗАНДОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДОИРАИ ЯК ҲАМОИШ

ҚИССАИ ДИЛОВАРИҲОИ ФАРЗАНДОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДОИРАИ ЯК ҲАМОИШ

07 май 2024, Сешанбе
12
0
Намоиши «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст», ки  то 18-уми май дар Осорхонаи миллӣ идома меёбад, аз диловариву шуҷоат ва ҷонбозиҳои фарзандони Тоҷикистон дар солҳои мудҳиши Ҷанги дуюми ҷаҳон қисса мекунад. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки беш аз 300 ҳазор фарзандони Тоҷикистон ба муҳорибаҳо ҷалб шуда буданд, аз се як ҳиссаи онҳо аз майдонҳои набард барнагаштанд. 
Имрӯз дар Тоҷикистон 24 иштирокчии ҷанг ба сар мебарад. Хуб мебуд, ки хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба намоиш ҷалб карда шаванд, то аз ҷавонмардии фарзандони диёри хеш огаҳии бештар пайдо намоянд. Чун ба намоиш аз фонди Осорхонаи миллӣ ва Осорхонаи давлатии таърихи сиёсии Россия мусаввараву нимпайкара, ҳуҷҷату аксҳо, лавозимоти ҷангӣ, ордену медалҳое пешниҳод шудаанд, ки аз кору пайкори онҳо дар солҳои 1941 - 1945  ёдовар мешаванд.
Чорабинӣ ба 79-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва 80-умин солгарди озод шудани пурраи Ленинград аз муҳосираи фашистӣ бахшида шуда, зимни ифтитоҳ доир ба саҳми халқи тоҷик дар Ҷанги дуюми ҷаҳон ибрози назар шуд. Семён Григорев, сафири фавқулода ва мухтори Россия дар Тоҷикистон зикр кард: "Баъд аз чанд рӯз ҳама якҷо 79-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватаниро таҷлил мекунем. Ҳар як ҷумҳурии иттифоқии собиқ Иттиҳоди Шуравӣ дар Ғалабаи умумӣ саҳми арзандаи худро гузоштааст. Махсусан, халқи тоҷик мардонагии қаҳрамонона нишон дода, дар ҷабҳа ба муқобили душман ҷангида, дар ақибгоҳ меҳнат карда, гурезаҳоро аз тамоми гӯшаю канорҳои мамлакат қабул кард”. 
 
Лола РИЗОӢ,  “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 07.05.2024 №: 85-86
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив