ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ!

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ!

29 декабр 2023, Ҷумъа
163
0


Дар ҳайати бонуфузе шомили корвони  рӯзноманигорон вориди пойтахти кишвар – шаҳри  Душанбеи азиз гаштем. Моро дар назди меҳмонхонаи “Душанбе” раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода,  мушовири раиси шаҳри Душанбе Абдумаҷид Ҳакимзода ва ҳамоҳангсози барномаҳои ИЖТ Наргис Насимӣ  пешвоз гирифтанд. Зинатулло Исмоилзода таъкид намуд, ки  чорабинӣ бо дастгирии  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри  Душанбе, бахусус, Раиси  Маҷлиси миллии Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ,  рӯйи даст гирифта шудааст.
Корвон иборат аз 38 нафар сармуҳаррирони рӯзномаву маҷаллаҳои вилоятӣ, шаҳриву ноҳиявии кишвар баъди ҷобаҷошавӣ дар  меҳмонхона, савори автобуси дуошёна ба сайри Душанбе баромад. Манзараҳои дилкаши  шаҳри  Душанберо тамошо карда, абёти шоири зиндаёд устод Боқӣ Раҳимзода беихтиёр ба хотирам омад:
Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душабе,
Хаёлам, зеби дунёӣ, Душанбе...
Душанбеи солҳои  донишҷӯиям ба хотир омад. Ба назарам  Душанбеи он солҳо ҳам хеле  зебо менамуд. Боғшаҳреро мемонд. Махсусан, кӯчаи марказиаш – хиёбони  Рӯдакӣ хеле ҷаззоб буд. Бинобар ин, вақте ки дар таътилҳои тобистона ба қишлоқ меомадам, Душанберо пазмон мешудам. 
Аммо имрӯз  симои шаҳри Душанбе  тамоман дигар шудааст. Биноҳои бисёрошёна бо тарҳи тамоман  нав,  боғу гулгаштҳо, ҳатто фурӯзонакҳои шабонаи кӯчаву хиёбонҳояш  ба ҳусни он ҳусни нав бахшидаанд. Ҳамаи ин аз заҳмату диди эстетикии шаҳрдор ва тавону қудрати давлати  мо – Ҷумҳурии  Тоҷикистон   шаҳодат медиҳад. 
Шиносоӣ бо фаъолияти студияи сайёри Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе”  моро мутмаин сохт, ки кишвари мо, бахусус пойтахти  мамлакат – шаҳри  Душанбе, дар замони истиқлолият аз лиҳози техникаву технологияи пешқадам хеле пешрафт кардааст. Маъруфҷон Оқилов, директори ТВ “Душанбе” зикр кард, ки телевизиони  пойтахт тариқи  ду моҳвора – NSS12 ва YAHSAT пахш мегардад. Студияи сайёри ТВ “Душанбе” дар Осиёи Миёна беназир аст. Он дорои  16 камераи профессионалӣ  буда, 4-тои он фосилавӣ идора мешавад. Студия, ҳамчунин,  генератори пуриқтидори барқӣ  дорад, ки метавонад  таҷҳизоти кории студияро бо барқ таъмин намояд.
Корвони рӯзноманигоронро дар  Кохи Наврӯз Барно Раҷабова роҳбаладӣ намуда, оид ба таърихи бунёди он маълумоти саҳеҳ дод. Зикр гардид, ки Кохи Наврӯз дар муддати 6 сол бо ҷалби беш аз 4 ҳазор бинокор бунёд гардид. Кандакориҳои он ба беш аз 40 ҳазор метри мураббаъ баробар аст.  Он  12 толор дошта, ҳар яки он дорои хусусиятҳои хос мебошад. Дари толорҳо аз чӯби дарахти чормағзи сурх  сохта шуда, нақшу гулкории онҳо аз ҳамдигар фарқ  доранд.  Тамошои толорҳои “Дидор”, “Аржанг”, “Гулистон” ва “Зарандуд” ба рӯзноманигорон таассуроти нек бахшида,  аз ҳунари  волои устоҳои гулдасти тоҷик дарак медод.  
– Кохи Наврӯз  яке аз кохҳои беназири ҷаҳон буда, ҳамарӯза аз ин макони беҳамто даҳҳо сайёҳони дохилию хориҷӣ дидан мекунанд, – гуфт роҳбалади мо ҳангоми суҳбат.
Маҷмааи "Истиқлол" ҳам яке аз шоҳкориҳои солҳои охир дар шаҳри Душанбе мебошад, ки манзури корвони  рӯзноманигорон гардонда шуд. Ба гуфтаи директори маҷмааи "Истиқлол" Иброҳим Пирназарзода, маҷмаа 121 метр баландӣ дорад, ки он рамзӣ аст, яъне қисми поёнии он 30 метр – рамзи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва қисми болоӣ 91 метр мазмуни дар соли 1991 ба даст овардани истиқлолро ифода менамояд.
Баъди тамошои Китобхонаи миллии Тоҷикистон мутмаин гардидем, ки  Китобхона ҳам аз ҷиҳати фонди китоби чопиву электронӣ  ва ҳам аз ҷиҳати тарҳи бино  дар Осиё назир надорад. Дар яке аз толорҳои он бо иштироки муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода таҳти роҳбарии раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзуи “Шаҳри Душанбе – қалби Тоҷикистони соҳибистиқлол” баргузор гардид. Дилбар Одилзода намояндагони воситаҳои ахбори оммаи маҳаллии кишварро ба пойтахти мамлакат хайрамақдам гуфта, доир ба дастовардҳои шаҳри Душанбе дар замони истиқлоли давлатӣ ва нақши воситаҳои ахбори омма дар инъикоси корҳои созандагиву бунёдкорӣ сухан ронд. Шарифзода Саидҳомид Сафар, сардори раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдуманон Саидов,  профессори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи башари Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дигарон роҷеъ ба ин мавзуъ ҳарф заданд. Дар фарҷоми  мулоқот мубодилаи афкор  доир гардида, аз тарафи раиси шаҳри Душанбе ба ҳайати рӯзноманигорон туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуд. Як зумра намояндагони  ВАО ба  МИҲД-и шаҳри Душанбе ва раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ  барои дастгирӣ ҷиҳати ташкили корвони журналистони манотиқи дурдасти кишвар ба пойтахти мамлакат изҳори сипос намуда, ба эшон барои боз ҳам гулгулшукуфоии шаҳри маҳбуби тоҷикон  муваффақиятҳо таманно  карданд.
Корвони   журналистонро дар  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  устодону донишҷӯён  бо   омодагии ҷиддӣ истиқбол намуданд. Махсусан, ректори Донишгоҳ  Қобилҷон Хушвахтзода бо як шеваи самимӣ  рӯзноманигоронро бо дастовардҳои Донишгоҳ ошно намуд. Боздид аз ганҷинаи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода, Маркази илмию таҳқиқотии публитсистика ба номи Асадулло Саъдуллоев ва факултети журналистикаи Донишгоҳи миллӣ, рафти кори студияи сабти овози радиоӣ ва студияи телевизионии Донишгоҳ  хеле хотирмон буд.
Осорхонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ӯ солҳои 1977-1982 дар факултети иқтисоди ҳамин Донишгоҳ хондааст,  барои  корвони журналистон хеле ҷолиб буд. Масъулини Донишгоҳ рӯзноманигоронро бо нигораҳои осорхона ва санадҳои нодир, аз қабили аризаи дохилшавӣ, варақаи имтиҳонӣ, мавзуи иншои дохилшавӣ ба муассисаи олии таълимӣ, билети донишҷӯӣ, дафтарчаи имтиҳонӣ, корҳои курсӣ, диплом ва фармони хатми  Донишгоҳ, инчунин, аксҳои ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишгоҳ, унвонҳои фахрии аз ҷониби донишгоҳҳои ҷаҳон тақдимшуда, фанҳои таълимии бахши иқтисодӣ ва дастовардҳои олимони Донишгоҳ, ки дар толорҳои мунаққашу зебои он нигоҳдорӣ мешаванд, шинос намуданд.
Субҳи  25-уми ноябр сафари корвони рӯзноманигорон дар шаҳри Душанбе ба  анҷом расид. Вале таассуроте, ки онҳо аз ин  чорабинӣ бардоштанд, поён надорад. Барои ташкили чунин як  чорабинии пурмуҳтаво ҳайати корвон ба Раиси  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва раиси  Иттифоқи  журналистони  Тоҷикистон  Зиннатулло  Исмоилзода  изҳори сипос намуда, ба онҳо дар фаъолияти минбаъдаашон комёбиҳо хоҳонанд.

Р. РАҲМОНҚУЛОВ, сармуҳаррири рӯзномаи “Бадахшон”

Санаи нашр: 27.12.2023 №: 249
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив