ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶАЛАСАИ ГУРӮҲИ МУШТАРАКИ НАЗОРАТӢ ТАҲТИ ҲАМРАИСИИ ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН

ҶАЛАСАИ ГУРӮҲИ МУШТАРАКИ НАЗОРАТӢ ТАҲТИ ҲАМРАИСИИ ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН

29 декабр 2023, Ҷумъа
23
0


Дар шаҳри Пекин таҳти ҳамраисии Тоҷикистон ва Чин ҷаласаи Гурӯҳи муштараки назоратӣ баргузор гашт.
Ҷаласаи 45-уми Гурӯҳ тибқи Созишнома байни Россия, Чин, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон оид ба таҳкими эътимод дар соҳаи ҳарбӣ аз соли 1996 ва Созишнома дар бораи ба таври муштарак ихтисор намудани қувваҳои мусаллаҳ дар минтақаи сарҳад аз соли 1997 таъсис дода шудааст, барпо гардид. АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки ҷонибҳо дар заминаи ҳусни тафоҳум омодагиро барои идомаи ҳамкории судманд ва таҳкими эътимод дар соҳаи ҳарбӣ дар навоҳии сарҳадӣ иброз намуданд.


БАРРАСИИ ЛОИҲАИ САНАДҲОИ ҲАМКОРӢ МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА МИСР
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Заробиддин Қосимӣ бо роҳбари Идораи кулли сармоягузорӣ ва минтақаҳои озод (GAFI)-и Миср Ҳоссам Ҳайба мулоқот намуд. 
Аз Вазорати корҳои хориҷӣ ба мо иттилоъ доданд, ки дар вохӯрӣ масоили вобаста ба тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ байни ду мамлакат, аз ҷумла ҳамоҳангсозии лоиҳаи санадҳои дар омӯзиши ду ҷониб қарордошта ва таҳияву пешниҳоди санадҳои нави ҳамкорӣ барои содасозии робитаҳои дуҷониба баррасӣ шуданд.


ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ КОМИССИЯИ БАЙНИИДОРАВӢ ОИД БА МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГӢ
Дар доираи татбиқи Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 таҳти раёсати муовини Сарвазир Сулаймон Зиёзода ҷаласаи Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологӣ баргузор гардид.
Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд, ки дар он раиси Кумита Баҳодур Шерализода оид ба натиҷаи ҷараёни иҷрои барномаи мавриди назар дар фаъолияти комиссияҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба таври мушаххас маълумот дод.

Муҳаммадулло ТАБАРОВ, "Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 27.12.2023 №: 249
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив