ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШОМИ ШАНБЕ

ШОМИ ШАНБЕ

02 январ 2024, Сешанбе
42
0

 
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
ЧАЙНВОРДИ СОЛИНАВӢ
1. Мӯчали соли нави мелодии 2024. 2. Нависандаи рус, сардафтари адабиёти шуравӣ. 3. Пойтахти Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ. 4. Яке аз барномасозони амрикоӣ, сарватмандтарин соҳибкори ҷаҳон. 5. Ҳадафи чоруми стратегии Тоҷикистон. 6. Ҳисси дилбастагии зану мард. 7. Номи аспи Маҷнун. 8. Яке аз рангҳои Парчами Тоҷикистон. 9. Ҳукумат, мамлакат. 10. Рамзи ифтихори миллӣ дар Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 11. Рӯзномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 12. Байзаи мурғ. 13. Марди бе зан. 14. Моҳи зимистон. 15. Хизмати бепул. 16. Ноҳия дар НТҶ. 17. Рӯзи ҳафта. 18. Асъори давлатҳои Аврупо. 19. Фалак, сипеҳр. 20. Шумор барои инсон. 21. Мусаввир. 22. Шахси навозанда ва сароянда. 23. Шабакаи телевизионӣ дар мамлакат. 24. Рӯпӯш, чашмбанд дар арафаи соли нав. 25. Бачаи гӯсфанд. 26. Дарахти солинавӣ. 27. Миллат дар Сурия. 28. Боришот. 29. Як намуди варзиши даставӣ. 30. Ноҳия дар вилояти Хатлон. 31. Қаҳрамони Тоҷикистон. 32. Қасри такдирсоз дар вилояти Суғд. 33. Мӯйсафеди солинавӣ. 34. Баландтарин қулла дар Тоҷикистон. 35. Собиқ Ӯротеппа. 36. Бозии рӯйимизӣ. 37. Минтақаи озоди иқтисодӣ дар Тоҷикистон. 38. Нахустгенералзани тоҷик. 39. Яке аз давлатҳое, ки Тоҷикистон солҳои 1598-1753 дар ҳайати он буд. 40. Ячейкаи хурди ҷамъиятӣ дар мамлакат. 41. Муҳофизати ҳуқуқии шаҳрвандон дар суд. 42. Воситаи алоқа. 43. Бузи ваҳшӣ. 44. Иди мусулмонон. 45. Хӯрок. 

Тартибдиҳанда: Нуралишо СУЛАЙМОНШОЕВ, 
Аълочии  матбуоти Тоҷикистон 

Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 
93-547-00-05, 
bzm_701@mail.ru



СИНГАПУР  
СОХТМОНЧӢ БОЯД ҲАМОН ҚАДАР ДАРАХТ ШИНОНАД, КИ БУРИДААСТ

Сингапур сабзтарин шаҳри ҷаҳон аст. Дар ин ҷо аз шиша, металл ва бетон биноҳои аҷибе бунёд ёфтаанд, ки бо боғҳо омехта мешаванд. Баъзе биноҳо ба гармхонаҳои бисёрошёна монанданд. Экология як ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати ин давлат гардидааст.
Кабудизоркунии Сингапур соли 1967 оғоз ёфт. Мақомдорон ба ин масъала ҷиддӣ муносибат карда, онро вазифаи дорои аҳамияти умумидавлатӣ қарор доданд. Дар шаҳр пайи ҳам боғ ва мамнуъгоҳҳо пайдо шуданд, ки имрӯз тақрибан нисфи қаламрави шаҳрро ташкил медиҳанд.
Дар Сингапур қонуни қатъӣ вуҷуд дорад, ки сохтмончӣ бояд ҳамон қадар дарахт шинонад, ки буридааст. Албатта, ниҳолҳоро на танҳо дар болои бом, балки дар худи биноҳо мешинонанд. 
Соли 2021 лоиҳаи бузурги "Нақшаи сабз то соли 2030" оғоз ёфт. Он 50 дарсад зиёд кардани майдони умумии боғҳоро пешбинӣ мекунад. Тахмин меравад, ки то соли 2035 Сингапур боз 1000 гектар майдони сабз хоҳад дошт.

Таҳияи Нигина РАҲМОН


МУКОФОТ – ЯК УМР САФАРИ РОЙГОН
10-уми январи соли 2000-ум дар ҳавопаймо кӯдаки хушбахти марокашӣ ба дунё омад. Ҳавопаймои Boeing 33-и ширкати “Emirates Airlines” аз Касабланка ба Ню-Йорк парвоз мекард. Ҳангоми парвоз дар самои Ирландияи Шимолӣ ҳолати фавқулода эълон шуд. Ҳавопаймо барои фуруди изтирорӣ дар Уэлс дархост кард, то ба кӯдаки навзод ва модараш ёрӣ расонда шавад.
Ҳамин тариқ, ба ин кӯдак шаҳрвандии се кишвар – Британияи Кабир, Ирландия ва ИМА дода шуд ва то охири умр тариқи ҳавопаймоҳои “Emirates Airlines” сафари ройгон мукофот гирифт.
Таҳияи У. САФАРАЛӢ


БИГЗОР ДАСТОНАТ БОЗ БОШАНД

Аз табақ ҳамаи қандҳоро гирифтам. Ҳар ду дастам пур шуд. Додарам қанд пурсид, аммо ман доданӣ набудам. Доду фиғонаш хонаро пур кард. Падарам ба ман гуфтанд:
- Дастонатро бикшо.
Ман бошам ҳар ду дастамро ба пушт бурдам.
Падарам такрор карданд:
- Бикшо дастҳоятро.
Боз ҳам не гуфтам. 
Исрор намуданд:
- Бикшо.
Дили нохоҳам панҷаҳоямро боз кардам. 
Падарам қандҳоро гирифта, баробар тақсим карданду гуфтанд:
- Бигзор дастонат ҳамеша боз бошанд.

Гулсара АВАЗОВА, адиб


ҲАНС КРИСТИАН АНДЕРСЕН
Норасоӣ низ шуҳрат оварад!

Агар шумо гумон кунед, ки барои рӯзноманигор ё нависанда шудан, ҳадди ақал, хатту савод лозим аст, сахт иштибоҳ мекунед. Ин фарзияро  зиндагӣ ва фаъолияти нависандаи даниягӣ, афсонанависи машҳури олам Ҳанс Кристиан Андерсен (1805-1875) бакуллӣ рад мекунад. 
Гап сари он аст, ки ӯ имло (тарзи дуруст навиштани калима)-ро намедонист. Ба иллати ин ҷурм азият мекашид, зеро маҳз ба ҳамин хотир чопхонаҳо навиштаҳояшро бармегардонданд. Аз ин рӯ, Андерсен маҷбур буд, ки бо маблағи зиёд мусаҳҳеҳи варзидаро киро гирад. Бо вуҷуди ин норасоӣ, ӯ тайи солҳои фаъолияти пурмаҳсулаш 3342 асар эҷод менамояд, ки ба 125 забон тарҷума шудаанд. 

Таҳияи Ш. ШОКИР


НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
ХОБИ  300-СОЛА

Дар хонаи муаллимон. Маҷлиси назди директор ҳанӯз тамом нашуда, муаллими таърих даст боло мекунад:
- Рафиқ директор, ман аз болои хонанда Сидоров шикоят дорам.
- Боз чӣ гуноҳ кард ин танбалхӯҷа?
- Гуноҳаш ҳамин, ки дар дарси ман аз асри XVII то XX, яъне 300 сол хоб кард аблаҳ. 

Аз русӣ тарҷимаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ


ҲАР ЛАҲЗА АЗ Ӯ ХАБАР БИГИР
Марде пеши дукони гулфурӯшӣ модарашро ба хотир оварда, хост гулдастае хараду ба деҳа равон кунад. Гарчанде аз серкорӣ худ вақт надошт, аммо зодрӯзи модараш буд. Баробари аз дукон берун шудан, духтареро дид, ки ин гулу он гулро даст мезанаду нархашро мепурсад.  Ӯ низ мехоҳад дастагули арзандаеро барои модараш, ки дар ҳамин рӯз зодрӯз дошт, интихоб намояд, вале маблағаш кифоя набуд. Ин ҳолатро дида, мард бо табассум гулҳои зебоеро хариду барои модари пири ман ҳам дуо кун гуфт. Ва чун хушҳол буд, ба духтар илтифот кард:
- Меҳоҳӣ то модарат туро расонам?
- Не, сипосгузорам. То мазори модарам роҳ он қадар дур нест, - ҷавоб дод духтар. Марди серкор, ки мехост зуд рафта гулдастаро тавассути касе ба модараш равон кунад, аз ин ҷавоби духтар гӯё якбора ба худ омад. Баъди каме таваққуф сӯйи деҳа роҳ пеш гирифт. Раҳ ба раҳ аз дер-дер ба аёдати модар рафтанаш худро сарзаниш мекард. Худ ба худ мегуфт, ки эй кош вақт имкон диҳаду ҳар ҳафта ба дидори модарам оям.    
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


СОЗҲОИ МУСИҚӢ
СУРНАЙ

Сурнай (аз арабӣ, — ҷашни шодӣ ва най), сози мусиқии нафасӣ буда, дар байни халқҳои тоҷик, ӯзбек, турк, сокинони Қафқоз, Эрон ва ғ., паҳн гардидааст. Ба най шабоҳат дорад ва дарозиаш 45-55 см буда, аз чӯби чормағз ё зардолу сохта мешавад. Рӯяш 7 сӯрох ва зераш як сӯрохи овозбарор дорад, ки онро ҳангоми навохтан бо ангушт мепӯшонанд.   
Овози пурқувват ва ҷарангдор дорад. Сурнай дар тамошогаҳи анъанавии тоҷикӣ (дорбозӣ, лӯхтакбозӣ ва ғайра) ва маросимҳои халқӣ бо ҳамовозии карнай, нақора ё доира ансамбли хосро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, ҳамчун сози якканавоз ҳам машҳур аст. Алалхусус, роҳҳои навозиши сурнай дар ҳавои мақоми «Наво» хеле маъмул буда, асосан, дар тӯйҳои арӯсӣ иҷро мешавад. 

Таҳияи Шодмон АБДУРАҲИМ


ҲАСРАТ
Пирамард дар сари манзили навканда бо овози баланд нола мекард. Гиряи ӯ барои ҳамсараш буд, ки панҷоҳ соли умрашонро якҷо гузаронданд. 
Пас аз ба гӯр гузоштан наздикону пайвандон бо навбат ба манзил хок партофтанд, ба ҷуз пирамард. Ӯ дар канор истода, ҳамоно мегирист. Мулло ба фотиҳа хондан оғоз кард, ӯ дуояшро қариб тамом карда буд, ки фарёди пирамард боз баланд шуд: “Оҳ ҳамсарам... оҳ азизам... туро беҳад дӯст медоштам”.
Чунин бо алам гиристани пирамард дар сари гӯри ҳамсараш барои ҳозирон нодир буд. Мардум оҳиста-оҳиста гӯристонро тарк карданд, аммо пирамард аз қабри ҳамсараш чашм намеканд. Наздаш омада, ӯро тасалло дода, гуфтанд: “Он чи ки аз дилат мегузарад, мефаҳмем, вале зиндагӣ давом дорад, хезед меравем”.
“Ҳамсарамро беҳад дӯст медоштам”, – боз бо алам гуфт пирамард ва бо андуҳу надомат афзуд: “Вале инро боре ҳам ба ӯ нагуфтам”.
Таҳияи Руҳафзо МУРОДОВА


ПУЛҲОИ АҶИБУ ҒАЙРИОДӢ 
ПУЛҲОИ КАРТОНӢ  ИН ТАВР ҲАМ МЕШАВАД
Вожаи «notgeld» ба забони олмонӣ мафҳуми «пулҳои иҷборӣ»-ро дорад. Онҳоро дар замони таварруми бузург дар Олмон, пас аз Ҷанги якуми ҷаҳон ба муомилот бароварданд. 
Номинали пулҳоро аз материалҳои гуногун, баъзан аз матоъ ва ё коғази фолга месохтанд. Ҳатто, нотгелдҳоро дар қартаҳои бозӣ низ дидан мумкин буд. Асосан, дар истеҳсоли онҳо аз коғаз ва картон истифода менамуданд. Тангаҳоро бошад, дар металлҳои арзон – алюминий, оҳан ва руҳ сикка мезаданд.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
ДИПЛОМ ДАРКОР НЕСТ

Занги охир. 
- Сидоров чаро аз идомаи таҳсил дар донишгоҳ даст кашидӣ?
- Устод ба ман диплом даркор нест.
- Чӣ хел даркор набудааст?
- Дипломҳои шумо мисли манифести император Александранд, охир.
- Нафаҳмидам.
- Ба ёд биёред, муаллим, соли 1861 императори рус деҳқонони беҳуқуқро аз тобеияти заминдорон озод кард, вале деҳқони бечора ҳуҷҷати озодӣ дар даст куҷо рафтанашро намедонист. Дипломҳои шумо ҳам айнан ба ҳамин монанданд. 
Аз русӣ тарҷумаи Ф. РАҲМОНЗОДА


ҲИФЗИ ПИРЯХҲО – ҲИФЗИ ҲАЁТ
ПИРЯХИ БЕРИНГ
Пиряхҳои Ҳимолой ҳамасола ба андозаи 8 миллиард тонна об медиҳанд. Мутаассифона, суръати обшавии онҳо бо суръати нигаронкунанда меафзояд. 
Пиряхи Беринг дар Аляска ҷойгир шуда, пиряхи калонтарин дар Амрикои Шимолӣ ба ҳисоб меравад. Он дар 190 километр дарозӣ доман паҳн кардааст.
Ҳарчанд вақтҳои охир тунук шуда истода бошад ҳам, тақрибан дар ҳар 20 сол афзоиш меёбад. Кристаллҳои пирях метавонанд калон шаванд. Вақте ки онҳо хеле зич мешаванд, аксар вақт ранги кабудро ба худ мегиранд. Вақте пирях ранги сафед дорад, одатан маънои онро дорад, ки дар ях футурҳои хурди ҳавоӣ зиёде ҳастанд. 
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК



ЧАНД ДАЛЕЛИ ҶОЛИБ ОИД БА  «ШОҲНОМА»

* Соли 1971 дар Вазорати фарҳанги Эрон ҷиҳати омӯзиши «Шоҳнома» аз нуқтаи назари таърихӣ, адабӣ, иҷтимоӣ ва ғайраҳо фонди махсус бо номи Бунёди «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ таъсис гардид. 
* Аввалин бор «Шоҳнома»-ро соли 1227 ба забони арабӣ адабиётшинос ва муаррих Ал-Фатҳом ал-Бундарӣ (1190-1245) тарҷума намуд. Соли 1829 бошад, ин эпос дар Калкутта аз тарафи Тернер Макан (1792-1836), тарҷумони назди қароргоҳи низомиёни бритониявӣ дар Ҳиндустон нашр шуд. Баъдан нашриёти зиёде дар Эрон, Ҳиндустону Аврупо ин корро идома доданд. 
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


ҲИКМАТҲОИ ҶОПОНӢ
1. Агар шамшер дар тамоми умр як бор лозим шавад ҳам, онро ҳамеша дар бар доштан зарур аст.
2. Ғамро мисли либоси дарида бояд дар хона монд.
3. Вақте ишқ бошад, захми гул мисли доғҳои рухсор зебост.
4. Ҳеҷ кас ҳангоми хоб пешпо намехӯрад.
5. Як сухани нек метавонад се моҳи зимистонро гарм кунад.
6. Агар мушкилро ҳал кардан мумкин бошад, набояд нигарон шуд, агар он ҳал нашавад, нигаронӣ бефоида аст.
7. Вақте ки шумо расми шохчаеро мекашед, эҳсоси вазиши шамол зарур аст.
8. Пеш аз он ки нисбат ба касе шубҳа кунед, ҳафт бор санҷед.
9. Ҳар кори аз дастатон омадаро кунед, боқимондаро ба тақдир вогузоред.
Таҳияи У. САФАРАЛӢ


10 ДАЛЕЛ АЗ ШАРҲИ ҲОЛИ 
МИХАИЛ ЛЕРМОНТОВ
Михаил Лермонтовро идомадиҳандаи кори Пушкин медонанд. Дар ин маврид кам касоне ёфт мешаванд, ки ба тарҷумаи ҳоли Лермонтов таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда бошанд. Замоне ки Пушкин акнун ба роҳи эҷод қадам гузошта буд: 
1.    Лермонтов дар 14-солагӣ достони “Кавказский пленник”, (“Асири қафқозӣ”), “Корсар” (“Роҳзани баҳрӣ”), “Черкесы” (“Черкесҳо”) ва дар 15-солагӣ достони “Олег”, шеърҳои “К гению” (“Ба нобиға”), “Жалобы турка” (“Шикояти турк”), “Два сокола” (“Ду шоҳин”) ва ғайраро эҷод кардааст. 
2.    Мишаи хурдакак аз дусолагӣ истеъдоди ғайриодӣ зоҳир менамуд. Қофия заданро дӯст медошт, расми ҳама чизеро, ки дар атроф менамуд, хеле зебо тасвир мекард, навохтани асбобҳои мусиқиро ёд гирифта, театри лӯхтаки худро низ таъсис дода буд.  
Таҳияи Дарвеш ҚУРБОНОВ



ДУНЁ МУДАВВАР АСТ

Аз нависандаи колумбӣ Габриэл Гарсия Маркес пурсиданд:
- Агар хоҳӣ китоби садсаҳифагӣ дар бораи умеду орзу нависӣ, чӣ менависӣ?
Гуфт:
- 99 саҳифаи онро холӣ мегузорам ва дар сатри охирини саҳифаи садум менависам, ки «Фаромӯш накун, дунё давра аст!».  Ҳар вақт эҳсос кардӣ, ки ба охир расидӣ, шояд дар нуқтаи аввал бошӣ.
Зиндагӣ сохтанист, на монданӣ. Бимон, барои «сохтан», насоз барои «мондан». Мунтазир набош, ки касе бароят гул биоварад! Хокро тагурӯ кун, донаро бикор ва аз он муроқибат намо. Он гул хоҳад дод…
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР


ҲАЁТ ЧИСТ?
Пирамард доим кӯшиш мекард хушҳол бошад. Ин ҳолати ӯ фарзандонашро ба ҳайрат мегузошт. Фарзандон, ки ҷавон буданду бетаҷриба, бо рӯ ба рӯ шудан бо андак мушкилӣ ғамгин мегаштанд. 
Пирамард ба фарзандон хушбин буданро талқин мекард, мегуфт имкониятҳои ҳаётро дуруст истифода баранд, хушбахт хоҳанд шуд. 
Фарзандон ба гуфтаи падар розӣ намешуданд. Чӣ гуна мешавад, ки дар муқобили ин қадар мушкилиҳо истодагарӣ карду ғамгин нашуд? 
Пирамард гуфтаҳои фарзандонашро шунида, ҷавоб медиҳад: 
- Ҳаёт чун обест дар косаи кафида. Бинӯшӣ ҳам тамом мешавад, нанӯшӣ ҳам. Аз ин рӯ, кӯшиш бикун аз ҳаёт баҳра барӣ.  
Таҳияи Шаҳноза САБУРОВА


БОВАР НОКАРДАНИСТ, АММО…
2 МИЛЛИАРД НАФАР  ТӮЙИ ШОҲЗОДАРО ТАМОШО КАРДАНД

Чун анъана тӯйи шоҳзодаҳо ҳамеша аз ҷониби мардум мавриди таваҷҷуҳи бештар қарор мегиранд. Базми арӯсии шоҳзода Уилям ва Кейт Миддлтон низ, албатта, истисно нест. Бовар нокарданист, аммо далел аст, ки тӯйи ин ду дилдода аз рӯи теъдоди бинандагон ба Китоби рекордҳои Гиннесс ворид шудааст. Бале, ҷои тааҷҷуб аст, вале дар ҳақиқат онро дар як вақт 2 миллиард одам тамошо кардаанд. 

Аз русӣ тарҷимаи С. РАҲМОНЗОДА





Санаи нашр: 29.12.2023 №: 251-252
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив