ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АШТ.  СОЛИ РАВОН 5 КОРГОҲИ САНОАТӢ  БУНЁД МЕШАВАД 

АШТ.  СОЛИ РАВОН 5 КОРГОҲИ САНОАТӢ  БУНЁД МЕШАВАД 

16 январ 2024, Сешанбе
17
0


Саноатчиёни ноҳияи Ашт соли 2023-ро бо дастовардҳои назарраси истеҳсолӣ ҷамъбаст карданд. 
Истеҳсоли маҳсулот ба 400,4 миллион сомонӣ расонда шуд, ки дар қиёс ба соли 2022 наздики 180 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Соли гузашта 22 корхонаи саноатии ноҳия самаранок фаъолият карда, 20 номгӯй маҳсулоти рақобатпазири бозоргир истеҳсол карданд.
Соли 2024 интизор меравад, ки теъдоди корхонаҳои саноатӣ дар ноҳия панҷ адад зиёд шавад. Аз ҷумла корхонаи истеҳсоли ресмон бо иқтидори 15 тонна нахи пахта дар як шабонарӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт. Ҳамзамон, бунёди корхонаи бузурги истеҳсоли консерваи гӯшти моҳӣ, низ дар назар аст. Ҷиҳати иҷрои дастури Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба бо либосҳои худии мактабӣ таъмин кардани хонандагони мактабҳо бошад, 3 коргоҳи дӯзандагӣ сохта ба истифода дода мешаванд. 
Ҳамин тариқ, танҳо аз ҳисоби бунёди корхонаҳои саноатӣ дар ноҳия зиёда аз 1000 ҷойи кор муҳайё хоҳад шуд. 

Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 15.01.2024 №: 11
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив