ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХУШКСОЛӢ.  МУШКИЛОТИ МУБРАМ ВА МУРАККАБИ  ҶОМЕАИ МУОСИР

ХУШКСОЛӢ.  МУШКИЛОТИ МУБРАМ ВА МУРАККАБИ  ҶОМЕАИ МУОСИР

17 январ 2024, Чоршанбе
42
0

 
Қариб ду моҳи фасли зимистон сипарӣ мешавад, аммо боришоти барфу борон ҳамоно хеле кам ба назар мерасад. 

Ҷамила Байдуллоева, муовини директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зист, иттилоъ дод, ки зимистони солҳои 2023-2024 ҳаво дар  ҷумҳурӣ назар ба меъёрҳои муқаррарӣ гармтар ва камбориш пешгӯӣ мешавад. 
Моҳҳои январ-феврал ва марти соли равон дар қисми зиёди ҳудуди мамлакат реҷаи ҳарорати ҳаво ба меъёри иқлимӣ наздик буда, дар баъзе ноҳияҳо то 1-2 дараҷа гарм мешавад, ки ин нисбат ба соли гузашта танҳо дар моҳи март 1-2 дараҷа хунук мебошад. Фасли зимистони соли гузашта ҳарорати ҳаво ба истиснои моҳи январ аз меъёри иқлимӣ то 2-5 дараҷа гарм буд. 
Ба иттилои манбаъ, мавсими зимистони 2023-2024 дар баъзе мавридҳо метавонад хеле ноустувор бошад, масалан, дар минтақае сардтар мушоҳида мешавад, дар минтақае гармтар. 
Инчунин, таҳлили гардишҳои атмосферӣ, нишон медиҳад, ки  ҳавои гарм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосан, аз ҳисоби ҳаракати мавҷҳои ғарб ва ҷанубу ғарбӣ ба амал омада, то дер вақт давом мекунад.  

ХАВФИ ШАДИДИ ГАРМШАВӢ
Таҳлилҳо муайян карданд, ки дар ҷумҳурӣ ҳарорати миёнаи ҳаво, аз рӯйи маълумоти бисёрсола, тағйирёбанда боқӣ мемонад. Дар ҷануби Тоҷикистон  ҳарорати ҳаво дар тобистону зимистон боло меравад, ба истиснои ду нуқтаи мушоҳидавӣ – Рашт ва Мурғоб, ки дар он ҷо ҳавои ғайримуқаррарӣ ба қайд гирифта шудааст. 
Дар шимол ва маркази Тоҷикистон низ тобистону зимистон ҳаво гарм мешавад. Дар  қисми  шарқӣ ҳарорати ҳаво дар тобистон каме сардтар ва зимистон тамоюли гармшавӣ мегирад. Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ нисбатан зиёдшавии боришот мушоҳида гардида, дар минтақаи баландкӯҳ (Помири шарқӣ) миқдори боришот аз рӯйи маълумоти бисъёрсола кам ва хушкӣ зиёд мешавад. 
Оғози хушксолӣ одатан бо антисиклонҳо алоқаманд аст, ки дар натиҷа муддати тулонӣ (аз чанд ҳафта то ду-се моҳ) обу ҳавои муътадил ва камбориш ба вуҷуд меояд. Фаровонии гармии офтоб ва тадриҷан кам шудани намии ҳаво боиси афзоиши бухоршавӣ (хушкии ҳаво) мегардад, аз ин рӯ, нахуст, захираи намии хок кам мешавад. Оҳиста-оҳиста бо  пурзӯр шудани хушксолӣ ҳавзҳо, дарёҳо, кӯлҳо ва чашмаҳо хушк мешаванд, яъне хушксолии гидрологӣ оғоз меёбад.

МУТОБИҚШАВӢ РОҲИ НАҶОТ АСТ
Бо дарки муҳимияти масъалаи таъсири тағйирёбии иқлим, Президенти мамлакат муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  дар  Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ боз ҳам таъкид доштанд, ки ифлосшавии ҳаво аз ҳисоби партови газҳои гулхонаӣ қариб ба тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти инсон, махсусан солимии аҳолӣ, таъсири манфӣ дорад, аз ин рӯ, кишвари мо дар доираи уҳдадориҳои худ то соли 2037 партови газҳои гулхонаиро то ҳадди ниҳоӣ кам мегардонад. 
Дар робита ба ин, Саидусмон Судуров, сардори Маркази назорати таҳлилию ташхисии Кумитаи ҳифзи муҳити зист, чунин изҳор дошт: «Ҳаво сарҳад надорад, аз ин лиҳоз кишвари мо ҳарчанд партови газҳоро то ҳадди ниҳоӣ кам намояд ҳам ифлосшавии ҳаво аз ҳисоби дигар кишварҳо ба амал меояд. Дар ин раванд, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим муҳимтарин роҳи наҷот аз таъсири дигаргуншавии иқлим мебошад. Мутобиқшавӣ дар ҳама соҳаҳо бо роҳу усулҳои гуногун сурат мегирад, аз ҷумла дар соҳаи энергетика, рушди истеҳсоли барқ аз ҳисоби  манбаъҳои барқароршавандаи энергия – об, офтоб ва шамол манфиатовар мебошад. Ин масъаларо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ муҳим арзёбӣ намуданд».
Воқеан, дигаргуншавии иқлим имрӯз ба яке аз мушкилоти мубрам ва мураккаби ҷомеаи муосир табдил ёфта, қариб ба ҳамаи соҳаҳо таъсири манфӣ  мерасонад. Соли гузашта вақте зимистон якбора хунук омад, баъзе дарахтон, аз ҷумла токро дар аксар минтақаҳо сармо зад, ки дар натиҷа нақшаи истеҳсоли ангур 67,4 дарсад иҷро шуд. 
Имсол, чи тавре ки мушоҳида мешавад, дар зимистон ҳаво гарму бебориш аст. Кишоварзони мамлакат барои талаф наёфтани кишти зироатҳо тадбирҳои зарурӣ андешида истодаанд. 

Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 17.01.2024 №: 13
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив