ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШОМИ ШАНБЕ

ШОМИ ШАНБЕ

19 январ 2024, Ҷумъа
73
0

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.

МУАММОИ «МУРАККАБ»
1. Қаҳрамони повести «Нишони зиндагӣ»-и Кароматулло Мирзоев. 2. Шакли ҷамъи калимаи «мулк». 3.Истилоҳи фанни математика. 4. Империя дар асри XII. 5. Муродифи вожаи «омӯзгор». 6. «Ҷисм аст инсон, ҷон аст ***» (Садриддин Айнӣ). 7. Исми маъмули мардонаи тоҷикӣ. 8. Уқёнус. 9. Муқобилмаънои «сода». 10. Асари пандуахлоқии адабиёти  классикии  тоҷику форс. 11. Романи Юсуф Акобиров. 12. Навъи ранг. 13. Асбоби мусиқии торӣ. 14. Моҳи солшумории ҳиҷрии қамарӣ. 15. Шаҳр дар Тоҷикистон. 16. Як қисми либос. 17. Ҳуҷҷати расмӣ-коргузорӣ. 18. Андози давраи амирӣ. 19. Санги қиматбаҳо. 20. Баҳром  ***, адабиётшиноси шинохта. 

Мураттиб  Ҳотами  ҲОМИД,
корманди ҳафтаномаи «Омӯзгор»
Бо мо ҳамкорӣ намоед! 

Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru


ДАР ХАТЛОН ЧОРГОНИК БА ДУНЁ ОМАД
14-уми январи соли равон соати 6:00 дар шуъбаи таваллуди беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи Бӯрӣ Воҳидови шаҳри Бохтар сокини ноҳияи Хуросон Миҷгона Асоева чоргоник ба дунё овард. 
Ба гуфтаи Хушнуд Баҳодуров, сардухтури беморхонаи вилоят, М. Асоева ду писару ду духтар таваллуд кардааст, ки вазни онҳо аз 1 килою 600 грамм то 2 килою 100 грамм мебошад.
Модари кӯдакон Миҷгона Асоева, сокини деҳаи Қизилқалъа, пеш аз таваллуди чоргоник як фарзанд ба дунё овардааст. 

Таҳияи Кароматулло АТО


ХОНАИ ЧАРОҒОН
Хонае, ки меҳмон шудам, дар канори роҳи оҳан воқеъ буд. Баъд аз тановули хӯроки шом ва суҳбат бо соҳибхона ҳис кардам, ки дар роҳ хеле афгор шудаам. Хоби вазнине маро ба худ мекашид. Вале ҳеҷ не ки соҳибхона чароғи ҳуҷраро хомӯш кунад. Ман ҳам наметавонистам ба соҳибхона дар ин хусус лаб кушоям. 
Ба худ гуфтам, каме сабр кунам, шояд ягон кор доранд... Чанде вақт гузашт, вале ҳамоно чароғ фурӯзон буд. Ниҳоят дилгир шуда, аз соҳибхона – Ҳанифахола пурсидам: 
– Холаҷон, бубахшед, дар ин ҷо соати чанд хоб мекунанд? 
–  Писарам, қатораро интизорем. Ҳамин ҳоло мегузарад... 
Ман кунҷковӣ намуда, боз пурсидам: 
–  Аз қатора ягон хешу таборатон мефарояд? 
– Не, ҷони хола. Ҷойи мо аз шаҳр хеле дур мебошад. Мабодо аз қатора  шахсе фарояд, ки ҷойи хоб надорад. Агар дар ин вақти шаб чароғи ягон хонаро фурӯзон набинад, аниқ,  дар кӯча мемонад. Барои ҳамин интизорем... 
Таҳияи Сабурова ШАҲНОЗА


ПАНДҲОИ ШОҲОНИ СПАРТА
Катони Калонӣ
Рӯзгороне Катон - шери жаён, гуфта: - “Бидон,
Дар ҷавонӣ зи ҳаё сурх шудан беҳ, ки сафед”.
Низ ӯ гуфта: - “Нахуст аз худи худ шарм бидор,
Ки зи худ дар ду ҷаҳон кай битавонист раҳид”.
                                                    
Агесилайи бузург
(399-360 пеш аз мелод)
Замоне ба исбот хоҳам расонд:
- Куҷо ҷой номи кас авло кунад,
Ки кас аз дари дониши ростин
Сарафшон сари ҷой боло кунад.

                            * * *
Кӯдаке муше зи думбаш мекашид,
То зи ҳелаш бар кашад беруни дар.
Муш баргашту газидаш дасти ӯ,
Бурд ҷони худ зи чанголаш бадар.
Гуфт: Гар ин хурдабад 
                                         баҳри раҳо,
Бо бузурги сад худаш дорад харош.
Чун ба одам мекунӣ зишти нигоҳ,
Гар ба озодии худ дорад талош.
                            * * *
Зи боёни тарсуи ҷангу набард,
Ситонд аспҳошон, ки ронад ба ҷанг.
Ба ҳайрониён гуфт: «Агомемнон,
Бад-ин раҳ раҳонид боён зи ранг».
(Идома дорад)
Аз китоби “Суҳбати гирди хон”-и Плутарх, мутафаккири Юнони қадим, ба назм кашида шуд.
Зиё АБДУЛЛО


БОВАР НОКАРДАНИСТ, АММО…
АНДОЗ АЗ РИШ
Дар қатори дигар намудҳои боҷ «андоз аз риш» таърихи қадим дорад. Бале, бовар нокарданист, вале далел аст, ки шоҳ Генрих VIII ҳанӯз дар асри  ХVI, аниқтараш соли 1535 пешниҳоди «андоз аз риш»-ро тасдиқ карда буд. Арзиши андоз аз ҳар шахси ришдор аз мавқеи иҷтимоии ӯ муқаррар карда мешуд. Воқеан, ин анъанаро духтари шоҳ Елизавета I низ замони салтанаташ идома додааст. 
Таҳияи  С. РАҲМОНЗОДА


“НИГОРАҲОИ МАШҲУР АЗ  ОСОРХОНАҲОИ ҶАҲОН”
САРКОФАГҲОИ СИДОНӢ

Саркофагҳои Сидонӣ, ки онро қабри Искандари Мақдунӣ ҳам меноманд, яке аз нигораҳои машҳури санъати эллинист. Он дар Осорхонаи бостоншиносии Истанбули Туркия нигоҳ дошта мешавад. Соли 1887 онро дар яке аз толори зеризаминии шаҳри Сидони Лубнон ёфт намуда,  ба ин Осорхона интиқол додаанд. Аз чор тараф онро муҷассамаҳои зебое оро дода, муҳимтарин саҳнаи тасвиршуда ин набарди Искандари Мақдунӣ бо рақиби аслии худ шоҳ Дорюши III мебошад. Ин тасвирҳо ҳамчун нодиртарин асари санъати классикии Юнон эътироф шудаанд.
                                                                                
Таҳияи Судобаи ФАЙЗАЛӢ


ХУШБИН БОШЕД!
Илм исбот кардааст, ки дарозумрии инсон бешатар аз худи ӯ вобаста аст. Ҳар шахс, бешак, қодир аст, ки худро созад ва аз ҳаёт баҳра барад. Бо назардошти ин, муҳаққиқони Донишгоҳи Бостони ИМА миёни 246 нафар ашхоси аз 100-сола боло пурсиш гузаронда, муайян карданд, ки ҳамаи онҳо шахсони дилкушод, зиндадил,  пуртабассум ва ба оянда хушбин будаанд. Онҳо шӯхибардор, зарофатгӯ ва чеҳракушод  буда, озодона гапи дар дилдоштаашонро баён мекарданд.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
КАМ-КАМ
Аз суҳбати пиру кампир:
– Мӯйсафед, ҳамин ҳамсоя чил сол боз дар як идора кор мекунад. Ҳайрон, бо як маош чӣ хел тоқат кардааст?
– Бо як маош не, вай кам-кам пора мегирад.
– Чил сол пора гирад, чаро ба даст намеафтад?
–  Кам-кам пора медиҳад. 

Аз русӣ тарҷимаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ


2024 –  СОЛИ ОЛИМПӢ
МАРАФОН НОМИ ШАҲР АСТ 
Ривоят аст, ки  Геракл – фарзанди Зевс, вақте бозиҳои олимпиро ташкил мекард, бо пойҳояш масофа барои давро шашсад қадам чен кард. Ҳамин тавр, як чораи муайян намудани дарозӣ дар Юнони Қадим пайдо шуд ва «стадий» ном гирифт. Аз ин унвони «Стадион» ба миён омад. Агар он масофаро бо ченаки муосир ҳисоб кунем, 192 метру 27 сантиметрро ҳосил менамоем.
То аввалин Бозиҳои олимпии муосир дар Афина (1896) дар масофаи 40 километр мусобиқа вуҷуд надошт. Мишел Бреал пешниҳод кард, ки мусобиқаи дав дар ин масофа ба хотири сарбози Афина, ки тибқи ривоятҳо, соли 490-и то мелод аз шаҳри Марафон то Афина давид, то муждаи пирӯзии юнониён бар форсҳоро ба мардум бирасонад, доир шавад. Нуқтаи оғози дави ғайриодӣ дар Бозиҳои олимпии соли 1896 шаҳри Марафон интихоб гардид.
Таҳияи Умаралӣ САФАРАЛӢ


ФАКТҲОИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ ҶОИЗАИ «ОСКАР»
1. Дэниэл Дэй-Люис ягона ҳунармандест, ки барои иҷрои беҳтарини нақши мардона се маротиба сазовори Ҷоизаи Академияи санъат ва илми синамои ИМА «Оскар» гардидааст. 
2. Бонуи баистеъдод Гленн Клоуз дар Ҳолливуд аз нокомтарин ҳунармандон шинохта мешавад. Зеро ҳарчанд барои дарёфти Ҷоизаи «Оскар» ҳашт бор пешниҳод шуда бошад ҳам, академикҳо ӯро лоиқи он надонистанд.
3. Миёни коргардонҳо танҳо ба Билли Уайлдер даст дод, ки ба ҳафт Ҷоизаи «Оскар» мушарраф гардад. 
Таҳияи Ш. Шокиров


НЕК ДИДАНУ НЕК ГУФТАН
Ҷамъе аз одамон бо як шахсияти маъруфи даврони пешин аз роҳе мегузаштанд. Хуки мурдаеро диданд ва мутанаффир шуданд.
Яке гуфт: «Чи бӯи баде аз ӯ меояд».
Дигаре гуфт: «Чи чеҳраи зиште дорад ин ҷонвар».
Хуллас, ҳар нафар дар мазаммату шумии ин ҷонвари мурда бад гуфтанд. Ин шахси маъруф аммо изҳор дошт: «Чи дандонҳои сафеду зебо».
Бар ӯ эътироз намуданд, ки хукро ба зебоӣ васф мекунӣ? 
Посух дод: «Чӣ кунам, ки ман фақат нек дидаву нек гуфта метавонам?».

Китобати Абдулқодири РАҲИМ


ЗАНИ ОДӢ БО БЕҲТАРИН МУҶАССАМА
Катарина соли 1804 дар Генуя (шаҳре дар Итолиё) дар оилаи камбизоат ба дунё омад. Баъди ба воя расиданаш ӯро ба шавҳар доданд. Чун шавҳараш марди бадмасту зӯровар буд, Катарина аз ӯ ҷудо шуд. Он давраҳо ин амали тасаввурнашаванда буд ва додгоҳ Катаринаро водор намуд, ки ба собиқ шавҳараш алимент супорад. Бинобар ин, ба ӯ лозим омад, ки муддати дароз кор кунад. Маҳсулоти қаннодӣ мепухту мефурӯхт, савдоаш хуб буд. 
Катарина фарзанд надошт. Бо мурури замон сарвати зиёд ба даст овард. Рӯзе тасодуфан шунид, ки хешовандонаш, ки ӯро ҳеҷ гоҳ хуш надоштанд, байни худ, аллакай, дороияшро тақсим карда истодаанд. Бинобар ин, Катарина тасмим гирифт, ки муҷассамаи худро аз беҳтарин мармар фармоиш диҳад, то болои қабраш гузорад. Дар маркази яке аз гӯристонҳои машҳури Рум ҷой харида, тамоми сарваташро ба он сарф кард. 
Ҳама дар ҳайрат афтоданд, аммо ӯ парвое надошт ва пас аз як сол паноҳгоҳи охирини худро пайдо намуду тамоми сарваташро бо худ бурд.
Таҳияи Наргис АТОЕВА


НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
АСРОРИ ПЕШРАФТ

* Дар 2 сол Хитой он қадар семент истеҳсол кард, ки теъдодаш аз натиҷаи якасраи ИМА гузашт (4,9 гигатонна, худ тасаввур кунед).
* Дарозии роҳҳои сохташуда  4 млн километр. 300 ҳазор пул дар тамоми мамлакат, ки дастикам 1000-тои он аз як километр бештар дарозӣ дорад. Аз ҳама аҷоибаш пули сангин (виадуки)-и сохтаи чиниҳо 150 км ва нақби камназирашон 28 км тул кашидаанд.
* Соли 2016 аз Гонконг то Макао нодиртарин пул сохтанд. Ҳамин масофаро то ин вақт мардум бо киштии мусофирбари тезсуръат қариб як соат тай мекард.
 * Давоми як сол теъдоди автомобилҳо боз 20 млн афзуд. 
*  Ҳар сол чиниҳо, кам не 100 фурудгоҳ месозанд. 
* Қатора аз Гуанчжоу то Гуйян дар як соат аз 510 пул ва 236 нақб бо суръати 250 км дар як соат мегузарад.
* Дар 30 сол хитоиҳо майдони зисти сокинонро 8 баробар зиёд намудаанд. 
* Баъди 10 сол 220 шаҳри Хитой беш аз 1-миллионӣ  аҳолӣ хоҳад дошт.
* Тамоми ин омори ҳайратовар аз як рақами одӣ сарчашма мегирад. Аз соли 2000 то имрӯз дар Хитой 10 ҳазор соҳибмансаб бо гуноҳи даст ба фасод задан ҳукми қатл гирифтааст. 
Аз русӣ тарҷумаи Ф. РАҲМОНЗОДА


ҲАМАИ ХОСТАҲО ВАҚТ ДОРАНД!
Ҳадафҳои бузург  давиданро мемонад. Барои расидан ба онҳо бояд талошҳои кӯчакро ҷиддӣ гирифт. Барои давидан, аз ибтидо бояд роҳ рафт, сипас қадамҳоро тезтар гузошт ва баъд давиданро оғоз кард. 
Давидани ногаҳонӣ ва бидуни муқаддима ҳар касеро нафасгир месозад. Аз ин рӯ, ором-ором бояд пеш рафт, то мадори инсон тағйир кунад. Мебояд аз ҳар марҳала лаззат бибаред ва бо хилқати ҳастӣ ҳамоҳанг бошед.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР


ЛАБХАНДИ АҲЛИ ФАЗЛ

Муаззине такбир гуфту мардум ба таъҷил рӯй ба масҷид ниҳоданд ва барои сафи пеш ба ҳам сабқат мекарданд. Зарифе, ки дар масҷид ҳозир буд, гуфт:
– Агар муаззин ба ҷои «ҳайя ала-с-салот», «ҳайя ала-з-закот» мегуфт, мардум дар фирор аз масҷид бар ҳам сабқат мекарданд.


Аз «Латоиф-ут-тавоиф»-и Фахриддин Алии Сафӣ
Таҳияи Фаромарз РАҲМОНИЁН


ТАСОДУФҲОИ БОВАРНОКАРДАНӢ

Ба шоҳи Фаронса Людовики XVI пешгӯӣ намуданд, ки ӯ маҳз рӯзи 21-ум мефавтад. Шоҳи хурофотпараст ҳар моҳ рақами 21-ро хат зада, ба хонаи хоб мерафт ва бо касе ҳамсуҳбат намешуд.
Аммо ин ҳама эҳтиёткорӣ натиҷае набахшид.  Инқилоби бузурги Фаронса ба вуқуъ пайвасту 21-уми июни соли 1791 шоҳро бо завҷааш Мария-Антуанетта ба ҳабс гирифтанд. 21-уми сентябри соли 1792 шоҳигарии Фаронса барҳам хӯрду 21-уми январи соли 1793 Людовики XVI ба қатл расид.

Таҳияи Лутфияи АБУТОЛИБ



Пандҳо аз Суқрот
Доруи хашм хомӯшист.
***
Одамон он вақт бахту саодат меёбанд, ки мутолаа кори ҳаррӯзаи онҳо бошад.
***
Ҳар як инсон орзуе дорад. Яке мол мехоҳаду дигаре ҷамолу ифтихор… Вале, ба назари ман, дӯсти хуб аз тамоми инҳо беҳтар аст.
***
Ҳеҷ ганҷе беҳ аз ҳунар ва ҳеҷ ҳунаре бузургтар аз дониш нест ва ҳеҷ пирояе беҳтар аз шарм ва ҳеҷ душмане бадтар аз хӯи бад нест.

Таҳияи Руҳафзо МУРОДОВА



РОНАЛДУ:  “МО ДАР ОЯНДА САРВАТМАНД  ХОҲЕМ БУД”
Дар як мусоҳиба футболбози маъруф  Криштиану  Роналду мегӯяд, ки мо дар хурдсолӣ, зиндагии фақирона доштем, ҳатто маблағ барои харидани хӯрданӣ набуд.  Вақте 7 сол доштам, ба падарам  гуфтам: “Мо дар оянда сарватманд хоҳем буд”.
Падарам дар посух гуфт: “Писарам ин имконнопазир аст”.  Имрӯз он чизеро, ки ба падарам гуфта будам, дорам аммо, мутаассифона, дигар падарамро надорам.
Таҳияи З. РАҶАБ


САЙЁҲӢ, ҶУҒРОФИЯ, ФАКТ ПУЛИ АРКАДИКО

Пули Аркадико  яке аз қадимтарин пулҳои ҷаҳон буда, тақрибан солҳои 1300-1190 пеш аз милод дар давраи тамаддуни Микен сохта шудааст. Он шаҳрҳои бостонии Тирин ва Эпидаврро ба ҳам пайваста, то имрӯз шакли аслии худро маҳфуз доштааст. Он дар наздикии деҳаи Аркадикон, дар нимҷазираи Пелопоннеси Юнон ҷойгир мебошад.
Дарозии пул 22, бараш 5,6 ва баландияш 4 метрро ташкил медиҳад. 
Аҳолии музофоти Эпидаврос то ҳол аз ин пул истифода мебаранд, ки ин аз тавоноии фавқулодаи зеҳни гузаштагон шаҳодат медиҳад.
Таҳияи Комрон САФАР

Санаи нашр: 19.01.2024 №: 14
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив