ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН ҲАМКОРИРО ДАР СОҲАИ ОМОР ТАВСЕА МЕБАХШАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН ҲАМКОРИРО ДАР СОҲАИ ОМОР ТАВСЕА МЕБАХШАНД

23 январ 2024, Сешанбе
20
0


Чанде муқаддам ҷиҳати табодули таҷриба дар рушди методологияи баҳисобгирии оморӣ, тадбирҳои баланд бардоштани сифати маълумоти омори расмӣ, рақамикунонии низоми баҳисобгирии оморӣ кормандони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ӯзбекистон сафар карданд. Дар доираи сафар, ки чор рӯз давом кард, дидору мулоқот ва табодули таҷриба ба вуқуъ пайваст.
Аз ҷумла, дар вохӯрӣ бо директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии  Ӯзбекистон Баҳодур Бегалов масъалаҳои тақвияти ҳамкории минбаъда ва таҳияи ёддошти тафоҳум барои вусъат бахшидани ҳамкориҳо баррасӣ гардиданд. Инчунин, дар робита ба усулҳои ҳисоби нишондиҳандаҳои саҳеҳи омори соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, савдои хориҷӣ, сармоягузориҳои хориҷӣ, системаи ҳисобҳои миллӣ ва муҳосибӣ, такомули доимӣ ва ҳамоҳангсозии маълумоти оморӣ бо низоми омори байналмилалӣ табодули назар сурат гирифт.
Кормандони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо натиҷаи фаъолияти маркази муҳосибии Ассотсиатсияи хоҷагиҳои фермерӣ дар ноҳияи Уртачирчиқи вилояти Тошкент, ҳамзамон, ташаккули ҳисоботи оморӣ дар Ҷамоати деҳоти Қаросу ошно шуда, доир ба фаъолияти мақомоти омори шаҳри Тошкент ва ноҳияи Учтеппаи пойтахти Ӯзбекистон маълумот ба даст оварданд. 
– Табодули таҷриба дар пай натиҷаву самари нек ба бор меоварад. Ин зимни сафари мо ба кишвари ҳамҷавори Ӯзбекистон ва дидору мулоқот бо ҳамтоёни ӯзбек собит гардид, – мегӯяд сардори раёсати омори саноат ва сармоягузорӣ дар сохтмони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирдавс Асматбекзода. Ба таъкиди ӯ, масъалаҳои марбут ба ташаккули нишондиҳандаҳои маҳсулоти саноатӣ, ҳисоби индекси ҳаҷми физикии маҷмуи маҳсулоти саноатӣ, усулҳои баҳисобгирии фаъолияти истеҳсоли хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҳаҷми боркашонии маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ, такмил додани шаклҳои ҳисоботи оморӣ ва ҳифзи муҳити зист дар меҳвари гуфтугӯҳои ҳар ду ҷониб қарор гирифтааст. 

Мирасрор АҲРОРОВ, 
“Ҷумҳурият”, шаҳри Тошкент

Санаи нашр: 22.01.2024 №: 15
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив