ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ.  ҲИФЗИ ОНҲО ҲИФЗИ МИЛЛАТ АСТ

ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ.  ҲИФЗИ ОНҲО ҲИФЗИ МИЛЛАТ АСТ

23 январ 2024, Сешанбе
187
0


Ёдгориҳои сершумори таърихиву фарҳангӣ дар саросари кишвар бозгӯи миллати бостониву қадима ва соҳибтамаддун будани тоҷикон аст. Боиси тазаккур аст, ки танҳо соли 2023-юм 
15 ёдгории таърихиву фарҳангӣ ба Феҳрасти фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуда, ба қавли Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “боиси эътибори бештар пайдо кардани фарҳанги бостонии миллати тоҷик дар байни ҷомеаи башарӣ гардид”. Зимни ироаи ин нукта, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ пешниҳод намуданд, ки дар назди Ҳукумати мамлакат Агентии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ таъсис ёбад. Ҳадафи ин ниҳод густариш бахшидани тармиму барқарорсозӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, инчунин, рушди сайёҳӣ арзёбӣ мешавад. 
Устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, фарҳангшинос Ислом Раҳимов мегӯяд, ки таъсиси Агентӣ амри зарурист, зеро дар баъзе манотиқ ёдгориҳои арзишманди таърихиву фарҳангӣ хароб гардида, дар ҷояшон иншооти гуногун бунёд шуданд. Аз ин рӯ, яке аз вазифаҳои асосии ниҳод бояд аз вайроншавӣ нигоҳ доштани объектҳои таърихӣ ва ҳифзи фарҳанги моддӣ ва маънавӣ бошад. 
Ба қавли таърихшиносон дар замони шуравӣ иншоотҳои зиёди бостонӣ ба нобудӣ расиданд ва ба онҳо то андозае камаҳамиятӣ зоҳир мегардид. Мисоли равшани ин девори қадимии Хуҷанди куҳан аст. Дар гузашта шаҳрро девор иҳота карда, масоҳаташ ҳудуди 11 километрро ташкил медод. Ҳоло аз он танҳо дар ду-се мавзеъ қисман боқӣ монда, ҳолати ногувор дорад. Исмоил Зокиров, сокини 84 - солаи шаҳри Хуҷанд, мегӯяд, ки солҳои 50-60-уми қарни гузашта деворро вайрон карда, хокашро ба заминҳои колхоз бурданд ва дар натиҷа, аз ин ёдгорӣ қариб осоре намонд. 
Тавре Мансур Бойматов, директори осорхонаи вилоятӣ, иброз дошт, дар замони соҳибистиқлолӣ ба ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ эътибори хоса зоҳир гардида, алҳол дар кишвар эҳёву барқарорсозии даҳҳо иншооти арзиши таърихидошта ҷараён дорад. Ба гуфтаи ӯ, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ муаррификунандаи таърих ва тамаддуни кишваранд. Бо ҳифзи чунин иншоот дар баробари он ки, ба ҷаҳониён таърихи пурғановати миллатро нишон медиҳем, инчунин, ҷиҳати ҷалби бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ имконият фароҳам меорем. 
Бо дастури Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон айни замон Қалъаи Хуҷанд, ки таърихи 3000-сола дорад, эҳёву барқарор мегардад ва ин намунаи барҷастаи таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар ба ҳифзи ёдгориҳост.    
Корҳои барқарорсозӣ аз ҳисоби буҷети вилояти Суғд амалӣ мешавад ва дар он ба ғайр аз сохтмончиён, лоиҳакашон, бостоншиносону олимон низ саҳм мегузоранд. Як бахши муҳими барқарорсозиро ҳунармандони халқӣ: наққошону рассомон, кулолгарону кандакорон ба сомон мерасонанд. Дар барқарорсозии ёдгории таърихӣ аз ҳунарҳои кандакорӣ дар чӯб, кошинчиниву каҷкорӣ ва санъати рассомӣ фаровон истифода мебаранд, ки арзиши таърихии иншоотро баланд мебардорад. 
Роҳбари маҷмааи “Қалъаи Хуҷанд” Иброҳимҷон Иброҳимов таъкид мекунад, ки асоси барқарорсозии Қалъа нигаҳдории ёдгории таърихӣ ва ба оянда мерос гузоштани ин куҳандиз аст, ки таърихи сеҳазорсолаи миллати тоҷикро баён месозад. 
Барқарорсозии Қалъаи Хуҷанд аз соли 2018 оғоз шуда, зери назорати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Вазорати фарҳанг ва ЮНЕСКО амалӣ мегардад. 
Дар ин ҷо намунаи ҳавливу хонаҳои қадимии тоҷикон, осорхона, меҳмонхона, чойхона, растаҳои фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ва дигар иншоот бунёд ёфта истодааст. Ҳамзамон, девори Қалъа низ барқарор хоҳад шуд. Ашёи сохтмонӣ аксаран аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон дастрас ва истифода мешавад. 
– Барқарор гардидани чунин як иншооти таърихиву фарҳангӣ дар арафаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба мардуми кишвар туҳфаи арзанда хоҳад буд, – мегӯянд, дастандаркорони лоиҳа ва илова менамоянд: "Амалӣ намудани иқдоми мазкур дар баробари ҳифзи таъриху фарҳанг ва ташаккули санъати миллии меъмории халқи тоҷик, ҷиҳати ҷалби бештари сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ мусоидат мекунад".    

Бобоҷон ҚУРБОНОВ,
“Ҷумҳурият” 

Санаи нашр: 22.01.2024 №: 15
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив