ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

23 январ 2024, Сешанбе
7
0


Ноҳияи Кӯшониён, аз ҷумла деҳоти Меҳнатободи он, бо кормандону мутахассисони сатҳи вилоятиву ҷумҳуриаш дар кишвари соҳибистиқлоли мо ангуштнамост. Яке аз чунин озодамардони арсаи заҳмат Ҳасанбой Ҳисориев, дорандаи ордени Дӯстӣ ва унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон, ба шумор меравад. 
Вай пас аз хатми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-и маркази ноҳия ҳамроҳи бародараш Ҳусайн ба Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон дохил шуда, соли 1973 соҳиби ихтисоси агроном-олим мешавад. Ҳусайн факултети байториро хатм менамояд, баъдтар то ба вазифаи сарбайтори вилояти Хатлон мерасад. Ҳисориевҳо дар колхози овозадори “Коммунизм” фаъолиятро аз мутахассиси одӣ дар соҳаи кишоварзиву чорвопарварии ноҳияи Вахш оғоз карда, сипас ба вазифаҳои баланд мерасанд. Дар корҳои хоҷагӣ, ҷамъиятӣ ва ҳизбӣ обутоб меёбанд. 
Ҳасанбой Ҳисориев, солҳое, ки роҳбари ташкилоти ҷавонони ноҳияи Вахш буд, баҳри тарбия кардани ҷавонону наврасон дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ саъю кӯшиш намуда, баҳри ободию бунёдкорӣ саҳми созгоре гузоштааст. Махсусан, бо даъвату роҳнамоии ӯ ҷавонони неруманду меҳанпарасти ноҳия дар сохтмонҳои азим, аз ҷумла корхонаи электрохимиявии Ёвон, неругоҳҳои азими барқи обии “Норак”, “Бойғози”, азхудкунии водии Бешкент ва оростани хирмани бузурги пахтаи маҳиннах нақши носутурданӣ мегузоштанд. 
Ӯ дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба ҳайси сардори Кумитаи агросаноатии вилояти Хатлон фаъолияти густурда намуда, дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани ҳосилнокии пахтаву ғалла, ба роҳ мондани содироти маҳсулоти кишоварзӣ, мева, махсусан меваҳои ситрусӣ корҳои шоистаро ба анҷом расонд.  
Қобилияти ташкилотчигӣ ва роҳбарӣ доштаи ӯро роҳбарони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба инобат гирифтанд. Ҳасанбой Ҳисориев солҳои зиёд ба ҳайси роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон содиқона хизмат кард.  Ӯ дар пешбарӣ ва тарбия намудани мутахассисони ҷавон ба вазифаҳои роҳбарикунанда, махсусан аз байни занону духтарон, амалисозии Квотаи президентӣ, дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ дар ҳудуди вилоят саҳми арзанда гузоштааст.
Фаъолияти қариб нимасраи ин марди нексиришт Ҳасанбой Ҳисориев, ки аз мактаби давлатдории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабақ бардоштааст, лоиқи ситоиш аст. Ӯ тамоми ҳастии хешро баҳри тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи меҳанпарастӣ, худшиносии миллӣ ва ободию шукуфоии кишвари соҳибистиқлол сарф намудааст. Вай имрӯз давлати пирӣ меронад ва дуои фарзандони баркамолашро мекунад, ки онҳо дар ҷабҳаҳои гуногун чун пайрави содиқи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ин Ватани биҳиштосои хеш ва халқ хизмат намоянд.
                                                           
Музаффар МУРОДОВ, бойгоншиноси дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Санаи нашр: 22.01.2024 №: 15
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив