ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДОДОҶОН РӮЗИЕВ КОРМАНДИ СОДИҚИ "ҶУМҲУРИЯТ"

ДОДОҶОН РӮЗИЕВ КОРМАНДИ СОДИҚИ "ҶУМҲУРИЯТ"

23 январ 2024, Сешанбе
41
0

 
Донишу таҷриба доштан ва ба касе расондани он донишу малака аз ҳам фарқи куллӣ доранд. Мо дар таҷриба касони хирадманду болаёқатеро медонем, ки бо ҳама тавоноии зеҳнӣ илму омӯхтаҳои хешро ба дигарон омӯзонда натавонистаанд. Дар ин моваро, қаҳрамони мо журналисти номвар Додоҷон Рӯзиев аз ҳар ду равия бархӯрдор аст. Ҳам таҷрибаву малакаи фаровони амалӣ дорад ва ҳам онро бо шеваҳои озмуда ба шогирдон расонда метавонад.
Таҳсил дар факултети он замон овозадори шарқшиносии Донишгоҳи миллӣ, тарҷумониву мирзоӣ дар Афғонистон, фаъолияти сиюпанҷсолаи босамар дар Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи “Ҷумҳурият” аз зинаҳои нахустини корӣ то муовинии сармуҳаррир дар руҳу симои Додоҷон Рӯзиев як хомакаши коркушта, муҳаррири пухта ва донои сиёсату фарҳангро ташаккул додааст.
Замоне ман бо ӯ шарафи ошноиву ҳамкорӣ дар шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”-ро доштам, ин ҳама сифатҳо дар вай муҷассам шудаву аллакай, пири ботадбир буд. Ман, ки аз курсии донишҷӯӣ тоза бархоста, дар зинаи магистратура таҳсилро оғоз карда будам, дар ҳайрат мешудам, ки ин ҳама суръат ва ҳаҷми кор, бо як нафас хондаву таҳрир шудани матнҳои бештар сиёсӣ, нахуст бо миқрози андеша буридану кӯтоҳ кардани матлаб ва ба ҳам пайванд додани давоми фикри муаллифон, ки бештарашон шахсиятҳои шинохтаанд, ба ӯ чӣ гуна муяссар мешавад? 
Минбаъд барои худ кашф кардам, ки муҳити хонаводааш фарҳангист ва  маҳз ҳамин  муҳит  сабаб шуд, ки худаш низ нашъати устодӣ бичашад.
Дар муҳити кории рӯзнома ба таҷриба ва пухтакориву имзои Додоҷон Рӯзиев эҳтиром доштанд. Чун аз касе бишнаванд, ки ба ин ё он мақола Рӯзиев чашм давондааст ё қалам задааст, бедудилагӣ чоп мешуд. Аллакай, хома ва номаш як эътимодномаи муҷаллое шуда буд.
Такя ба қавли абулмаонӣ Бедил кунему маъниро сайду суханварро сайёд бидонем, номбурда сайёди сахткамонест. То замоне бовар накунад, ки тир ба сайд мерасад, беҳуда тир намекашад. Тирашро барҳадар сарф намекунад. 
Имрӯз дар таҳрир камобеш агар чашму даст ёфтем, бешубҳа, аз роҳнамоиву омӯхтаҳои устод Рӯзиев аст. Вай дар мактаби бузурги журналистика нахустин устодам буд. Дар кӯтоҳтарин фурсат таҳриру такмил ва ба чоп пурра омода кардани матлабу мақолаҳоро ба ман бовар кард, ҳатто бо хушҳолӣ иҷозат медод, ки мақолаҳои муаллифии худашро қалам занам, эрод гирам, сарлавҳа гузорам, дигаргун созам ё гоҳе хат занам. Ин эътимоди хуҷаста дар ман бовари сабз бар худ, бар зарфиятҳои доштаам эҷод мекард. Руҳану ҷисман эҳсос мешуд, ки ман низ як пораяке аз пайкараи бузурги “Ҷумҳурият” – модари матбуоти тоҷик ҳастам.
Ёдам ҳаст, баҳори соли 2016 чопи аввалин маҷмуаи шеърам “Ҳамболи турнаҳо”-ро бо хушнудӣ пазируфта, нахустин тақризи кӯчакро дар рӯзнома маҳз ӯ навиштаву чоп кард. Дар ҷодаи шеъру шоирӣ болу пар ва дуои сабз дод. Некиҳои фаррухи фарҳангбунёди устодро фаромӯш нахоҳем кард. Шоир ба ин хотир, фармуда:
Рав, некӣ кун, ки даҳр некӣ донад,
Ӯ некиро зи некувон настонад.
Мол аз ҳама монд, аз ту ҳам хоҳад монд,
Он беҳ, ки ба ҷои мол некӣ монад!

Баҳори умр ва камоли панҷоҳумин фаъолият ҳумоюн бод! Дуогӯем, ки ҳарчи зудтар аз домани беморӣ раҳо ёбад ва дар тарбияти шогирдони дигар дар муҳити нави корӣ – нашрияи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода боз ҳам саҳмгузор шавад.

Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 23.01.2024 №: 16
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив