ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. ПАЙОМАДҲОЕ, КИ БОИСИ ТАШВИШАНД

ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. ПАЙОМАДҲОЕ, КИ БОИСИ ТАШВИШАНД

25 январ 2024, Панҷшанбе
37
1


Тайи солҳои охир тағйирёбии ҷаҳонии иқлим  ва ҳодисаҳои дигари ба он вобаста, шароити зиндагии миллионҳо одамонро дар масъалаи таъмини обу озуқа ниҳоят душвор мегардонад. Ба назари коршиносон, дар ҷаҳони муосир сабаби асосии тағйирёбии иқлим торафт афзудани партови газҳои гулхонаӣ ба фазо мебошад. Манбаи асосии партови газҳои гулхонаӣ соҳаҳои саноат ва махсусан энергетика мебошад, зеро талаботи кишварҳои ҷаҳон ба энергия, асосан, бо нафт, газ ва ангишт қонеъ гардонда мешаванд. 

Ин дар навбати худ, сабаби хориҷшавии миллионҳо тонна партови газҳои гулхонаӣ гардида, афзоиши сатҳи ғализии онҳо дар фазо ба тағйирёбии умумии иқлим оварда мерасонад. Мушкилоти мазкурро роҳбарияти мамлакат дарк карда, дар якчанд ҳамоишҳои байналмилалӣ назару пешниҳодҳои худро баён доштанд. Аз ҷумла, 3-юми сентябри соли 2009 дар Конфронси  ҷаҳонӣ бахшида ба мушкилоти иқлим дар шаҳри Женева Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш масъалаи мазкурро барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ташвишовар арзёбӣ карданд. Бояд тазаккур дод, ки қисми зиёди партовҳои гази гулхонаӣ ба кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафта марбут аст, вале зарари онҳо ба тамоми аҳли сайёра паҳн мегардад. Тавре ки маълум аст, тағйирёбии иқлим ба саломатии одамон, муҳити зист, кишоварзӣ, инфрасохтори нақлиёт ва дигар соҳаҳои рушди устувор таъсири манфӣ мерасонад, вале зарари он ба захираҳои об аз ҳама зиёд мебошад. Ин масъала, махсусан аз ҳама бештар дар Осиёи Марказӣ, ки об дар он ҷо на танҳо асоси рушди иҷтимоию иқтисодӣ, балки омили муҳимтарини амнияти миллӣ ва минтақавӣ мебошад, сол то сол муташанниҷ мегардад. Натиҷаи баъзе аз тадқиқот нишон медиҳад, ки пиряхҳои Осиёи Марказӣ, ки манбаи асоси оби дарёҳои минтақа мебошанд, ҳар сол   ба ҳисоби миёна 0,6-0,8 дарсади ҳаҷми худро аз даст медиҳанд.  Мувофиқи таҳлилҳои охир, пиряхҳои Тоҷикистон дар асри ХХ зиёда аз се як ҳиссаи худро аз даст додаанд. Дар сурати идома ёфтани тамоюли мавҷуда, дар Тоҷикистон шояд ҳазорон пиряхҳо нобуд шаванд. Таъсири нахустини обшавии пиряхҳо ба афзоиши оби дарёҳои алоҳида мусоидат намуда, баъдан ҳаҷми оби аксари дарёҳо метавонад кам ва сипас, хушк гардад. 
Барои кам кардани партови газҳои гулхонаи ба фазо бар ивази сўзишворӣ, ки манбаи асосии олудашавии фазо мебошад, истифода бурдани манбаъҳои барқароршавандаи гидроэнергетикӣ афзалият дорад. Масъалаи мазкурро низ Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи байналмилалӣ бори дигар матраҳ карданд. Ба ҳамагон маълум аст, ки бинобар самарабахш истифода набурдани захираҳои обу замин, минтақаи Осиёи Марказӣ дар нимаи дуюми асри ХХ ба фоҷиаи бузурги экологӣ, хушкшавии баҳри Арал дучор гардид, ки оқибати он талафоти зиёди экологӣ ва иҷтимоию иқтисодиро ба бор меорад. Сабаби асосии ин фоҷиа азхудкунӣ ва обёрикунии саросарии замин мебошад.
 Дар ҳақиқат, вазъияти баамаломада дар ҷаҳон, бахусус дар минтақаи Осиёи Марказӣ, кишварҳоро водор месозад, ки дар хусуси ба роҳ мондани идоракунии захираҳои оби минтақа тадбирҳои муштарак ва ҳамоҳангшуда андешанд. Тибқи маълумоти Шурои байналмилалии энергетикӣ, айни ҳол дар ҷаҳон ба ҳисоби миёна 33 дарсади захираҳои гидроэнергетикӣ аз худ гардида, пешбинӣ шудааст, ки то нимаи дуюми асри ХХI ин нишондод ба 70 дарсад баробар мешавад. Бо назардошти ин пешгўӣ, ҳоло дар ҷаҳон ба истифодаи захираҳои гидроэнергетикӣ афзалияти бештар дода мешавад. 

Хайрулло ИСМОНОВ, 
Рамазон ИЗАТУЛЛОЗОДА,
ш. Душанбе

Санаи нашр: 25.01.2024 №: 17-18
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (1)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив
Муҳаммад
Муҳаммад 29 феврал 2024 10:49
Бетарин мақола ташаккур ба муалифон изҳори сипос!