ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ЧАНД ВИЖАГИИ ТАШАББУСИ МАЪНАВИБУНЁД

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ЧАНД ВИЖАГИИ ТАШАББУСИ МАЪНАВИБУНЁД

25 январ 2024, Панҷшанбе
39
0

 
Дар низоми сиёсии демократӣ нисбат ба системаҳои дигар доираи имкони фаъолияти шахс дар ҳаёти сиёсии ҷомеа бисёр васеъ гардида, шаклгирии ҳодисаҳои сиёсӣ то ба андозае ба рафтори ҳар як узви ҷомеа вобастагӣ пайдо мекунад. Зеро низоми демократӣ дар асоси Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон ҳуқуқу озодиҳои зиёд муқаррар менамояд, ки он аз як тараф имконияти таъсир расондан ба раванди сиёсии ҷомеа ва аз тарафи дигар эҳтимолияти зиёди зери таъсири қувваҳои сиёсии гуногун қарор гирифтани шахсро ба вуҷуд меорад. Аз ин рў, бо назардошти дар шароити давлати демократӣ фароҳам будани имконияти васеи иштирок дар ҳаёти сиёсии ҷомеа ва давлат ҳар шаҳрванд ниёз ба донишҳои сиёсиву ҳуқуқӣ дорад, зеро ноогоҳӣ ва паст будани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ сабаби афтодан ба доми фиребҳои сиёсӣ мегардад. 

Аз ҳамин  нуқтаи  назар,  дар  шароити  имрўза масъалаҳои огоҳии сиёсӣ, ҳушёрии сиёсӣ, зиракии  сиёсӣ, фарҳанги сиёсӣ ва доштани маърифати баланди сиёсиву ҳуқуқӣ баробари дигар масъалаҳо  барои ҳар як шаҳрванд ва, пеш аз ҳама,  барои ҷавонон аҳамияти  хоса дорад.  Дар  ин иртибот аз ҷониби Асосгузори сулҳу  ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидани соли 2024 ҳамчун Соли маърифати ҳуқуқӣ барои ҷомеаи муосири Тоҷикистон тадбири бисёр муфид ба шумор меравад. Мусаллам аст, ки масъалаи баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ нисбат ба ҳар ҷомеаи дигар барои мардуми тоҷик аҳамияти хоса дорад, зеро, дар солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ иштибоҳи сахти сиёсӣ буд. Он вақт гурўҳи муайян фирефтаи ваъдаву боварҳои хоҷагони хориҷии худ гардида, кишварро ба доми оташ кашиданд, ки дар натиҷа Тоҷикистон даҳсолаҳо аз лиҳози иҷтимоиву иқтисодӣ қафо монд ва ҷомеаи тоҷик талафоти зиёди моливу ҷонӣ дод. Аз ҳамин лиҳоз, Пешвои миллат Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷикро даъват менамоянд, ки хатогии сиёсии хешро бори дигар такрор накунанд, зеро бо назардошти шароити сиёсиву геополитикии ҷаҳони имрўза такрори чунин ҳодисаҳо фоҷиабор хоҳад буд.
Таҷрибаи солҳои охир нишон медиҳад, ки бештар вақт ҷавонон бо сабаби паст будани маърифати динӣ, фарҳанги сиёсӣ-ҳуқуқӣ, мушкилоти иҷтимоӣ фирефтаи идеологияи бегонаи ифротии динӣ гашта, вориди созмону ҳаракатҳои ифротгароёнаи динӣ мегарданд ва дар ин роҳ ҷони худро дар хатар мегузоранд. Дар умум, онҳо на танҳо барои худ, балки барои падару модар, ҷомеаи тоҷик, миллати тоҷик, дини ислом ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон як масъалаи сиёсӣ мегарданд. Имрўз ҷавонони тоҷик яке аз қишрҳои осебпазири ҷомеа ба ҳисоб мераванд, ки нерую иқтидори онҳоро гурўҳҳои гуногуни сиёсӣ барои пиёда намудани мақсадҳои ғаразноки худ истифода менамоянд. Бо ҳамин далел ва сабабҳои дигар имрўз барои ҷавонон доштани маърифати баланди сиёсиву ҳуқуқӣ ва зиракии сиёсӣ ниҳоят муҳим мебошад, то фирефтаи созмонҳои сиёсиву динии ифротӣ нагарданд.     
Ҳоло рушди технологияи муосир ва дастрасии васеъ ба иттилоот агар аз як ҷониб сарчашмаи баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ бошад, аз тарафи дигар ҳаҷми зиёди иттилоот ва идома ёфтани ҷанги иттилоотӣ байни тамаддунҳо ва кишварҳои ҷаҳон маводҳои фиребандаву ғайривоқеиро зиёд намудааст, ки онҳо тафаккури сиёсии мардумро  носолим ва заҳролуд менамоянд. Аз ҳамин лиҳоз, пуриқтидор ва баланд бардоштани тавоноии сарчашмаҳои иттилоърасонии дохилидавлатӣ ва ҳимоя намудани фазои иттилоотии Тоҷикистон ва ҳифзи амнияти иттилоотии давлат ниҳоят муҳим ва зарурист. 
Имрўз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷавонон интизориҳои зиёд дорад ва пайваста барои рушди ҳаёти ин гурўҳи фаъоли ҷомеа имконияту шароитҳои беҳтар фароҳам меоварад. Чунончи, Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ зикр намуданд: “Ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон, ҳалли мушкилоти онҳо ва истифодаи дурусти ин захираи стратегии миллӣ барои пешрафту ободии Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа яке аз афзалиятҳои асосии Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад, зеро шумораи бештари аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд”. Ҷавонон танҳо дар он ҳолат сазовори ифтихору шарафи миллату Ватан мегарданд, агар сарчашмаи тавлидкунандаи ғояву назарияҳои нави илмӣ, созандагӣ, ободкориву бунёдкорӣ, омили суботи ҷомеа ва амнияти давлатӣ бошанд. Дар ин робита, ҳарчи беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ яке аз омилҳои муассир дар руҳияи худшиносиву ватандўстӣ тарбия ёфтани насли наврасу ҷавон мегардад.  
Хулоса, донишҳои сиёсиву ҳуқуқӣ шаҳрвандро аз гирифтор шудан ба ҳар гуна ақидаҳои сиёсиву динии бегона нигоҳ дошта, ҳисси масъулияти ўро нисбат ба масъалаҳои мухталифи сиёсии ҷомеа бештар менамояд. Чунин ашхос аз ҳуқуқу озодиҳои худ истифода намуда, дар маъракаву чорабиниҳои сиёсии давлат фаъолона иштирок менамоянд ва дар пешрафти ҳаётии сиёсии кишвар саҳм мегузоранд.  

Шўҳрат САИДЗОДА, мудири кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ  

Санаи нашр: 25.01.2024 №: 17-18
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив