ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РАШТ. ТАНТАНАИ САДА ДАР ВОДӢ

РАШТ. ТАНТАНАИ САДА ДАР ВОДӢ

25 январ 2024, Панҷшанбе
20
0


Мояи ифтихору шодмонист, ки ба шарофати соҳибистиқлолии мамлакат ва бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди мо эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол бештар мешавад. Айни замон дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар Ҷашни Садаро бо риояи анъанаҳои ниёгон – афрўхтани гулхани рамзӣ, намоиши ниҳоли дарахтони мевадиҳандаю ороишӣ, гулу буттаҳои мавсимӣ, техникаи кишоварзӣ, оростани дастархони идона, базму тараб таҷлил мегиранд. Ноҳияи Рашт низ ин Ҷашни бостониро бо шукўҳу шаҳомати хос таҷлил намуд.

Дар чорабинӣ раиси ноҳия Раҳимҷон Муқимӣ сокинони ноҳияро шодбош намуда, доир ба қадимӣ будани Ҷашни Сада сухан кард. 
– Боиси ифтихор аст, ки Сада 6-уми декабри соли 2023 дар иҷлосияи 18-уми Кумитаи байнидавлатии мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО, ки дар Ботсвана баргузор шуд, бо ташаббуси муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид. Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ ба ҳисоб рафта, мову шумо вазифадорем, ки ба он эҳтиром гузошта, ба саҳифаҳои расму оини миллиамон назар андўхта, онро ҳамчун асоси ғояи ватандўстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем. Дар осори илмию фарҳангии абармардони тоҷику форс Абулқосим Фирдавсӣ, Абурайҳони Берунӣ, Абубакр Муҳаммади Наршахӣ ва дигарон оид ба ҷашнҳои мардумӣ маълумоти ҷолибу рангин ва муфассал мавҷуданд. Тибқи ин маълумот моҳияти Ҷашни Садаро пирўзии рўшноӣ бар торикӣ, гармӣ бар сардӣ ва некӣ бар бадӣ ифода намуда, бо тантанаи оташафрўзӣ мардум онро аз қадим гиромӣ медоштанд. 
Сада аз ҷашнҳои қадим ва маъруфи мардуми мо аст, ки дар радифи ҷашнҳои Наврўзу Меҳргон ва Тиргон қарор дорад ва дар фарҳангномаҳо ва осори назму насри пешиниёнамон зиёд ёд шудааст. Дар таърихи куҳани мардуми мо панҷ моҳ, яъне аз оғози моҳи обон то анҷоми моҳи исфандро фасли сармо ё зимистони бузург ном мебурданд. Ҷашни Сада оғози коҳиш ёфтани фасли сармо аст, яъне сад рўз пас аз оғози ҳамин фасли сармо ва панҷоҳ шабу панҷоҳ рўз то Ҷашни Наврўз, Ҷашни Сада ё ҷашни оташ таҷлил мегардид. 
Сада дар фарҳангномаҳо, аз ҷумла «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Луғатнома»-и Алиакбари Деҳхудо ва фарҳангҳои дигар ғолибан ба маънии ҷашн аст, ки дар даҳуми моҳи баҳман, яъне сад рўз пас аз оғози зимистони панҷмоҳа дар сарзамини ориёиҳо баргузор мешуд ва дар ин Ҷашн мардум оташафрўзӣ менамуданд. Имрўзҳо, ки боришот нест, шинондани дарахтон, шудгори замини боғот, ба шакл даровардани дарахтон, тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо ва дигар корҳои вобаста ба ин соҳа айни муддаост. Ба ин хотир, аз мардуми меҳнатдўсти ноҳия даъват менамоям, ки ҳар як рўзро самаранок истифода намуда, таъмини иҷрои корҳои саҳроиро суръат бахшанд. Оид ба шинондани дарахтони ҳамешасабз ва кабудизоркунии майдонҳо дар назди идораву ташкилотҳо низ чораҳои лозимӣ андешанд, – гуфт Р. Муқимӣ.

Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 25.01.2024 №: 17-18
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив