ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САДА. ОЙИНҲОИ ҶАШНИ НИЁГОН

САДА. ОЙИНҲОИ ҶАШНИ НИЁГОН

30 январ 2024, Сешанбе
37
0


Бояд донист, ки аз бузургтарин ойин афрӯхтани оташи ҷашни Сада аст ва барои он омодагӣ медиданд. Ҳезуму сӯхтаниҳои дигар хосияти душманӣ талаққӣ мешуд. Ҳар гуна ҳезум дар гулхани Сада ва ҳама гуна оташ мамнуъ буд. Дар донишномаи зардуштӣ – Динкард, дастур дода мешавад: “Бояд ба он ҳезуми хушк ва бояста ва бӯйи хушро ба хубӣ бибаранд (тақдим кунанд), дӯстона бибаранд, ба некӣ бибаранд, аз боло бибаранд, аз он хуб муроқибат кунанд ва мутобиқи қонун бар он солорӣ кунанд”.
Бо урфу одатҳои мардумӣ ва анъанаҳое, ки ба дину ойин пайвандӣ доштанд, муносибати сарсарӣ ва беэътиноӣ  амалҳои зишт ва душманӣ шумурда мешуданд. Чунонки таъкид мешавад: “Ҳезуми хушк ва бояста ва бо бӯйи хуш”. Ва ба офаридаи Парвардигор дӯстона муроқибат бояд кард ва саъй намуд, ки оташу обро аз олудагиҳо эмин дошт.  
Дар замонҳои пешин дур аз марказҳо ҳезумро ғун мекарданд ва бо анбуҳи бештари одамон сурур оғоз мешуд. Аз рӯи одати ниёгон, шоҳ хилъати сафед мепӯшид ва аз тахт пойин меомаду болои фарши сафеди ороста менишаст. Ба ҷуз аз  хирадмандон ва  ашрофони масъул, аз гирду пешаш муҳофизон ва посбонон канор мерафтанд. Шоҳ ба мардуми ниёзманд дар гуфтугузор мешуд. Ҳар касе, қатъи назар аз ҷойгоҳаш дар низоми иҷтимоӣ, метавонист ба шоҳ сухан бигӯяд. 
Сипас, базм сурат мегирифт. Оташи афрӯхта, ба қавли мардум, замину замонро рӯшану гулгун мекард. Аз ин рӯ буд, ки Унсурӣ бо ҳаяҷон ва шодӣ шабро тасвир мекунад: 
Замин ин шаб ту гӯӣ кӯҳи Тур аст,
К-аз ӯ нури таҷаллӣ ошкор аст.
Гар ин рӯз аст, шаб хондаш набояд
В-агар шаб рӯз шуд, хуш рӯзгор аст.
                                 
Дар ҷашн либоси маъмулӣ сурху сафед буд. Гузаштагони мо урфу ойини ғалатӣ доштанд. Рӯзи ҷашнҳо дар бухорӣ ва сандалиҳо гарм мешуданд. Ҳафт шамъ меафрӯхтанд. Аз донагиҳо: ғалла, лӯбиё, нахуд, наск, мош, арзан ва ғизоҳои бо номи мош-кичрӣ, лӯбию нахудшӯрак, кашк, далда, ширбиринҷ, ширрӯған, қурутоб, дӯғҷӯшӣ, умоч ва ғайра омода мекарданд. Ба хонаҳои ҳамсоя, ба аёдати беморон ва навзоидаҳо мебурданд. Дасти солхӯрдагон мегирифтанд ва падару модарро гиромӣ медоштанд. Пухтани дами гарм ва нонҳои хурду калон идвораро шукӯҳ мебахшид. Магар кулчаҳои садмухпархӯрда, фатирҳои гулпартофта, гирдача, чапотӣ ва нонҳои чун қурси офтобро бе оташи тезу танӯри сафедшуда метавон тасаввур кард. Дар омади гап, тибқи осори бостоншиносӣ, нахуст, танӯрҳо дар ҳазораи сеюм бунёд шуданд. Онро бостоншиносон аз ёдгории Кангуртут кашф карданд. Яъне, шеваи нонпазии мардуми Кӯлоб таърихи панҷҳазорсола дорад. 
Дар баробари меваи тару хушк, ғизоҳои миҷозашон гарму равғанӣ, дар хони Сада ниҳодани май аз суннатҳои қадим ба шумор мерафт. Умуман, ҷашнҳои мардуми куҳанфарҳанг бо май, ки сурхии Офтобу оташро дошт, шукӯҳи дигар дошт. Анварии Абевардӣ ба ҳамин муносибат мегӯяд:
Соқиё, бодаи сабӯҳ биёр,
Донаи доми ҳар футуҳ биёр.
Қиблаи миллати масеҳ бидеҳ,
Офати тавбаи насуҳ биёр. 
       
Мусиқию суруду арғушт бунёди ҷашнҳои мардуми тоҷикро ташкил медиҳанд. Сурудҳои анъанавии шод то имрӯз бар ҳамоишҳо шукӯҳу хуррамӣ ато менамоянд. Чуноне расми куҳану диловез буд. Дар Бухоро рақси маросимии «оташбозӣ» ё «рақси оташ» баргузор мешуд. Ба қавли Н. Нурҷонов, ин намунаи рақси куҳани тоҷикӣ танҳо дар Бухоро боқӣ мондааст. Рақси мазкурро як доираи масхарабозон дар издивоҷи навхонадорон, ки муҳташам бошад ва иди сари сол иҷро мекарданд. Арғуштӣ бо бинӣ нафас гирифта, синаро медамид ва бо оташ аз роҳи даҳон берун мекард. Дар дастон ду фасон сангро медошт ва бо садои даф мерақсиду хунёгарон месароиданд: 
Эй оташхӯре, оташхӯре, оташхӯре!
Гар нест ҷоми гулгун, оташхӯре,
Бе май чи нашъа бихезад оташхӯре, оташхӯре? 
Сада ибтидои омодагӣ аст ба Наврӯз. Дар паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати Ҷашни Сада аз 29-уми январи соли 2022 омадааст: «Ободу сарсабз гардондани табиати кишвар, гулгашту кӯчаҳо, тозаву озода кардани хонаву кошона ва маҳали зист аз ҷумлаи суннатҳои Ҷашни Сада ба ҳисоб мераванд». Дар замони истиқлол ҷумлаи ин корҳо амалӣ мешаванд. Шудгори замин, шинондани дарахтон ва омодагӣ ба баҳор аз ойинҳои куҳан аст.
«Ойину таомулҳои Сада ҷанбаи табиӣ дошта, одамонро ба амалҳои хубу писандида, аз қабили  ба ҳам сухани нек гуфтан, ҳамдигарро эҳтиром кардан, дар ҳама ҳолат шарики ҳамдигар будан, кори хайр кардан, Заминро дӯст доштан, табиатро ҳифз кардан ва дигар кирдорҳои нек даъват мекунанд». Ин суханони Сарвари давлат аз таҷриба ва омӯзиши ойинҳои ҷашнҳои мардумӣ берун омадааст. 
Духтарон дар матоъҳои ранга, бахусус матои сурху гулобӣ, ки нишонаи оташ доранд, нақшу нигор медӯзанд. Меҳру самимияти худро орзуву омоли хешро ба як ҷаҳон орзу рӯи матоъ мерезанд. Ресмони ранга сурх, зард, сабз, ҷигарӣ, ки аз рӯи миҷоз гарманд, дар дӯхту дӯз афзалият доранд. Хоса дӯшизаҳо сертарадуд мешаванд. Онҳоро Наврӯз рӯбарӯст. Ва чанд ба ҷустуҷӯи бахт нақши орзуҳоро рӯи китоби махмалӣ мерезанд. Тоқиҳои домодон – шоҳони ояндаро нигора мезананд. Ишора ба ҳамин мавсими ҳунар Сӯзании Самарқандӣ мегӯяд: 
Мушкин кулоҳ бар гул ниҳӣ, 
эй моҳи кулоҳдӯз,
То дар маҳи дай боз намоӣ 
гули Наврӯз.

Ҷонибек АСРОРИЁН, 
таърихнигор

Санаи нашр: 30.01.2024 №: 21
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив