ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » КӮЛОБ. МАРҲИЛАИ НАВИ РУШД

КӮЛОБ. МАРҲИЛАИ НАВИ РУШД

02 феврал 2024, Ҷумъа
35
0

 
Мусоҳибаи хабарнигори «Ҷумҳурият» бо раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр
– Муҳтарам Бахтиёр Назарзода, лутфан мегуфтед, ки соли 2023 барои рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти шаҳри Кӯлоб, аз ҷумла ғанигардонии буҷети маҳаллӣ, чӣ таъсир гузошт? 
– Соли рафта барои заҳматкашони шаҳри Кӯлоб соли бобарору бунёдкориҳои бузург буд. Бавижа, рӯзҳои 19 ва 20-уми октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кӯлоб сафари кории хотирмоне анҷом доданд. Пешвои миллат дар ҷараёни сафарашон якчанд иншооти муҳими давлатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. 
Соли гузашта нишондодҳо дар иҷрои Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2021-2025 фарозтар рафтанд, ки аз пешрафти соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи шаҳр дарак медиҳанд. Аз 225 лоиҳаи дар Барнома пешбинигардида 59-тоаш ба маблағи 505, 4 миллион сомонӣ  амалӣ гардид. Дар маҷмуъ, дар татбиқи Барномаи мазкур 1 миллиарду 58 миллион сомонӣ аз худ шуд. 
 Қисми даромади буҷети маҳаллӣ 108,3 фоиз иҷро гардида, 136 миллиону 204 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид гардид. Барзиёд иҷро шудани буҷет имкон дод, ки  дар  ҳалли  мушкилоти  шаҳр  расидагӣ кунем. Аз ҷумла, аз ҳисоби  маблағҳои зиёдатӣ 4 миллиону 590 ҳазор сомонӣ ба фонди стабилизатсионии ҷумҳурӣ пардохт гардид. Ҳамчунин, 1 миллиону 400 ҳазор сомонии  қарзи Корхонаи фаръии давлатии “Хоҷагию коммуналӣ”-и шаҳри Кӯлоб дар назди Бонки аврупоии таҷдид ва рушд кам карда шуд. Аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ 60,3 миллион сомонӣ маблағи мақсаднок ба буҷети маҳаллӣ ворид гардид. Нақшаи қисми хароҷоти буҷет  99 фоизро ташкил медиҳад. Музди меҳнати кормандони буҷетӣ ва нафақапулиҳо пурра пардохт шуда, қарздорӣ вуҷуд надорад. 

– Хуб мебуд, доир ба вазъи ду соҳаи муҳим – саноат ва кишоварзӣ каме маълумот медодед.
– Соли 2023 саноатчиёни Кӯлоб истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба 386,6 миллион сомонӣ расонданд, ки нисбат ба соли 2022 зиёд мебошад. Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ татбиқ намудани ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, аз соҳибкорони бонанги шаҳр хоҳиш кардем, ки ҳарчи бештар таъсиси коргоҳу корхонаҳои хурду миёна ва бузурги истеҳсолиро ба роҳ монанд. Давоми соли сипаригардида дар шаҳри Кӯлоб 29 корхонаи саноатии истеҳсолии хурду миёна бунёд гардида, фаъолияти босамар доранд. 
Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бо дастгирию роҳнамоиҳои Пешвои миллат таъсис ёфтааст. Айни ҳол дар он ҳашт субъект ба қайд гирифта шудааст. Дар МОИ «Кӯлоб» аз ҷониби ширкати ҶДММ «Тоҷик алмос» корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти ҳавотозакунӣ ва равғани автомошина бунёд ёфта, 17 нафар мутахассиси маҳаллӣ, аз ҷумла 14 зан, бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид. Ғайр аз ин, аз ҷониби ҶДММ «Кӯлоб агросаноат» корхонаи истеҳсоли намак, равғани рустанӣ ва набот сохта мешавад. Корҳои сохтмонӣ дар ин самт бомаром ҷараён доранд. 
Барои  рушди  соҳаи саноат дар шаҳр ташаббускорони хориҷиро низ ҷалб ва дастгирӣ мекунем. Ба ширкати «БТК-груп»-и Федератсияи Русия барои таъсиси маҷмааи нассоҷӣ бо қарори раиси шаҳр аз ҳисоби заминҳои корам ба масоҳати 1894,8 гектар барои истифодаи дарозмуддат дода шуд. Итминони комил дорам, ки дар ин маҷмаа чандин ҷойҳои нави корӣ ташкил мешавад.
Кишоварзони шаҳри Кӯлоб дар зарфи як сол ба маблағи 68 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол намуданд. Аҳли заҳмат дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ дар майдони 10,6 ҳазор гектар кишти зироатҳоро гузаронданд, ки 100 фоизи иҷрои нақшаро ташкил медиҳад. Деҳқонон 22794 тонна ғалладона, 5008 картошка, 4943 пахта, 66794 сабзавот, 7813 маҳсулоти полизӣ ва 11694 тонна мевагӣ ҳосил гирифтанд. Ғайр аз ин, 7454 тонна гӯшт, 25590 шир, 10 миллиону 786 ҳазор дона тухми мурғ, 119 асал ва 211,4 тонна моҳӣ истеҳсол шуд. Нишондодҳои истеҳсолӣ дар соҳаи кишоварзӣ нисбат  ба соли 2022 зиёд гардиданд. 

–  Дар соли 2023 барои рушди соҳаи маориф ва беҳтарсозии шароити таҳсил дар муассисаҳои таълимии шаҳр чӣ тадбирҳо андешидед?  
– Соли сипаригардида толибилмони муасси-саҳои таълимӣ дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ширкати фаъолона намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Бахусус, дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» 26 нафар иштирок карда, соҳиби ҷойҳои 1,2 ва 3-юм шуданд. Ҳамзамон, хонандаи мактаби президентии шаҳр дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ширкат варзида, ҷойи аввалро соҳиб гашт. 
Бо ҳадафи беҳтар намудани шароити таълим дар муассисаҳои таълимии шаҳр як муассисаи таълимӣ барои 340 хонанда дар деҳаи Сангпари   деҳоти Зиракӣ, биноҳои иловагӣ барои 240 талаба дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи № 36 ва назди муассисаҳои №№ 14, 28 ва 42-и шаҳр сохта, мавриди истифода қарор гирифтанд. Ҳоло сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 240 хонанда дар деҳаи Зарбдори деҳоти Зарбдор ва бунёди синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонии рақамҳои 13 ва 49-и деҳаи Тӯдакафш идома дорад. Гузашта аз ин, бо мақсади татбиқи  Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ барои солҳои 2020-2025 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони ду муассисаи томактабӣ дар деҳаи Зарбдор ва маҳаллаи 8-уми шаҳр дар ҷараён аст.

– Омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Кӯлоб чӣ гуна ҷараён дорад? 
– Мардуми шарафманди шаҳри Кӯлоб барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иродаи қавӣ камар бастаанд. Тибқи нақшаи чорабиниҳо, то соли 2026 сохтмон ва барқарорсозии 494 иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст. То 1-уми январи соли 2023-юм 106 иншооти таъиноташон гуногун бунёд ва мавриди истифода қарор гирифт. Дар давраи ҳисоботӣ 26 иншоот сохта, ба истифода дода шуд. Иҷрои корҳои пудратӣ 102,6 миллион сомониро дар бар гирифта, назар ба соли 2022-юм 5 миллиону 400 ҳазор сомонӣ афзудааст. Таъмиру таҷдиди роҳҳои мошингард ва пиёдагузари дохилишаҳриро дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор додаем. Барои таъмири роҳҳо аз буҷети маҳаллӣ 3 миллиону 637 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Аҳли заҳмат ва сокинони масъулиятшиноси шаҳри Кӯлоб бо дасту нияти пок баҳри ободии шаҳр саъюу талош доранд. 

Ёқуби СОДИҚ, «Ҷумҳурият»  

Санаи нашр: 01.02.2024 №: 23
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив