ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ФУТБОЛ

ФУТБОЛ

06 феврал 2024, Сешанбе
11
0


Ҷоми Осиё-2023:  Тоҷикистон – дар миёни ҳашт дастаи беҳтарин
Тими миллии футболи Тоҷикистон дар бозии даври чорякфинали Ҷоми Осиё-2023, дар як бозии баробар аз дастаи Урдун бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд.
Дар дақиқаи 66-ум тӯби бо сар задаи бозигари урдуниҳо ба ҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон Ваҳдат Ҳанонов бархӯрда, вориди дарвоза гардид.
Ба ҳамин тариқ, тими миллии футболи Тоҷикистон дар аввалин иштирокаш дар Ҷоми Осиё бо ҳунарнамоии муваффақ то даври чорякфинал расид.
Дар даври гурӯҳӣ дастаи миллии мо бо Чин мусовӣ (0:0) карда, аз Қатар мағлуб (0:1) гардида, Лубнонро (2:1) шикаст дод ва аз ҷои дуюм ба ҳаштякфинал роҳхат гирифт. Дар ин давр бар Амороти Муттаҳидаи Араб аз рӯйи силсилазарбаҳои пеналтӣ бо ҳисоби 5:3 (вақти асосӣ 1:1) пирӯз омад.
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, ки бозӣ миёни Тоҷикистон ва Урдунро дар Доҳа тамошо кард, бо бозигарон вохӯрда, барои ҳунарнамоии шоёнашон изҳори сипос намуд.
– Тамоми мардуми Тоҷикистон бо шумо фахр мекунад. Ташаккур ба шумо барои ҳунарнамоии арзанда. Шумо ҳамаи корро кардед. Имрӯз бахт ба мо нахандид. Аммо шумо то сонияҳои охир мубориза бурдед. Барои ҳамааш ташаккур! – гуфт президенти ФФТ.
Аз рӯи натиҷагирии Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби Тоҷикистон ба ҳаштгонаи беҳтарин тимҳои Осиё шомил гардид. Барои чунин дастоварди таърихӣ президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ ба тими миллии футболи кишвар 450 000 доллари ИМА, корхонаи муштараки заршӯии «Зарафшон» 2 миллион сомонӣ тақдим карданд. Инчунин, аз ҷониби Конфедератсияи футболи Осиё ба ФФТ 200 ҳазор доллар тақдим мегардад.
Тими миллии футболи кишвар шоми 3-юми феврал ба Ватан баргашт. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳайати дастаро намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи миллии олимпӣ, Федератсияи футболи Тоҷикистон ва мухлисон самимона пешвоз гирифтанд.


Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар Туркия  ду бозии санҷишӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) таҳти роҳбарии Мубин Эргашев ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024, ки аз 15-уми апрел то 3-юми май соли равон дар Доҳа баргузор мешавад, омодагӣ мебинад.
Даста дар Анталияи Туркия ба ҷамъомади дуҳафтаинаи тамринӣ фаро гирифта шуда, ду рақобати санҷишӣ доир кард. Дастаи олимпии мо дар ду бозӣ бар тими «Аланяспор»-и Туркия бо ҳисоби 1:0 ва бар дастаи ҷавонони «Спартак»-и Москва бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. 

Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 06.02.2024 №: 26
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив