ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НУРОБОД.  СОЛИ 2023 БО НИШОНДИҲАНДАҲОИ ШОЁНИ МЕҲНАТӢ  ҶАМЪБАСТ ШУД  

НУРОБОД.  СОЛИ 2023 БО НИШОНДИҲАНДАҲОИ ШОЁНИ МЕҲНАТӢ  ҶАМЪБАСТ ШУД  

08 феврал 2024, Панҷшанбе
12
0


– Сокинони   шарафманди ноҳияи Нуробод бо шукргузорӣ аз  истиқлоли давлатӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ  ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани  35-умин солгарди Истиқлоли  давлатӣ, амалигардонии ҳадафҳои стратегии  Ҳукумати мамлакат ва таъмини зиндагии шоистаи мардум садоқатмандона меҳнат мекунанд.

– Сокинони ноҳия бо талошу заҳматҳои худ соли 2023-ро бо нишондиҳандаҳои шоёни меҳнатӣ  ҷамъбаст намуданд, – иброз дошт Додарҷон Ҷобирзода, раиси ноҳияи Нуробод.
Тавре аз суҳбат бо раиси ноҳия маълум гашт, нақшаи қисми даромади буҷет бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ  137,8 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 19,8 миллион сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақша 5,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ба ҳолати 1-уми январи соли 2024 дар ноҳия 1 229 соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 872 субъект ҳамчун хоҷагии деҳқонӣ, 271 субъект бо патент ва 86 субъект бо шаҳодатнома фаъолият менамоянд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ин давра  58 субъекти фаъолияткунанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 зиёд шудааст. Дар ин муддат аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ ба 756 нафар ба маблағи 12 миллиону 886 ҳазору 59  сомонӣ, аз ҷумла барои рушди соҳибкорӣ ба 36 нафар   854 ҳазор сомонӣ ва соҳаи кишоварзӣ ба 134 нафар   1 миллиону 520 ҳазору 500 сомонӣ, қарз ҷудо шудааст. Ба ҳолати имрӯза дар ноҳия  чор лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ  мешавад, ки маблағи аз ин ҳисоб азхудшуда 64,1 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия ба 315 миллиону 104 ҳазор сомонӣ баробар гашта, нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-юм 8 миллиону 873 ҳазору 200 сомонӣ зиёд мебошад. Дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ 27,4 фоиз ва бахши аҳолӣ 72,6 дарсадро  ташкил медиҳад.
Дар ноҳия 4 корхонаи саноатӣ ва 53 коргоҳи хурди саноатии коркарди чӯб, дару тирезаҳои пластикӣ, хишти сементӣ ва ғайра фаъолият доранд.
Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 5,9 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-юм 500 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра аҳолии ноҳия дар ҳаҷми 20,1 миллион кВт/соат ба маблағи 4,8 миллион сомонӣ неруи барқ истифода кардааст. Ҷамъоварии маблағи неруи барқи истифодашуда   99,3 фоизро ташкил медиҳад. Дар ноҳия қарздорӣ аз истифодаи неруи барқ ҷой дошта, он 4,9 миллион сомониро дар бар мегирад.Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия,  ҷиҳати корҳои бунёдкорию созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар соли 2022-юм  97  иншоот ва дар соли рафта 134 иншоот илова гардид.
Зикр  кардан бамаврид аст, ки соли 2022- юм 16 иншоот ва   соли сипаришуда  90 иншоот ба истифода дода шуд, ки 45,9  фоизи нақшаро  ташкил медиҳад. Айни ҳол корҳои сохтмонӣ дар 122 иншоот  бомаром идома доранд.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 07.02.2024 №: 27
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив