ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҲАМКОРИИ ТОҶИКИСТОН ВА КОНФЕДЕРАТСИЯИ ШВЕЙТСАРИЯ ДАР САМТҲОИ СОҲИБКОРИЮ САРМОЯГУЗОРӢ 

ҲАМКОРИИ ТОҶИКИСТОН ВА КОНФЕДЕРАТСИЯИ ШВЕЙТСАРИЯ ДАР САМТҲОИ СОҲИБКОРИЮ САРМОЯГУЗОРӢ 

08 феврал 2024, Панҷшанбе
13
0


5-уми феврал мулоқоти Шараф Шерализода – сафири Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария бо директори Палатаи муштараки савдои Конфедератсияи Швейтсария оид ба минтақаҳои Аврупои Шарқӣ, Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ хонум Дорит Саллис баргузор гардид. 
Аз  Сафорат ба мо хабар доданд, ки зимни мулоқот ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария дар самтҳои тиҷоратӣ ва соҳибкорию сармоягузорӣ мавриди муҳокима қарор дода шуданд.


ҲАЙАТИ ҚИРҒИЗИСТОН  БО ҶАРАЁНИ КОРҲО ДАР НБО «РОҒУН» ШИНОС ШУД
5-уми феврал вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Жээнбек Кулубаев дар доираи сафари расмӣ ба ҷумҳурии мо бо  рафти корҳо дар иншооти НБО «Роғун» шинос шуд. 
Аз ҶСК НБО «Роғун» ба «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд, ки меҳмононро мутахассисони Ҷамъият бо лоиҳа ва ҷараёни корҳо дар иншооти асосии Неругоҳ аз наздик шинос намуданд. Боздид аз иншооти нақби сохтмонии қабати чаҳорум (СТ-4), сарбанди бунёдшавандаи хокию сангии баландтарини дунё бо иртиқои 335 метр, обқабулкунҳои асосӣ дар тарози 1172 метр аз сатҳи баҳр, толори мошинҳо, бинои трансформаторҳо ва дигар иншооту нақбҳои нақлиётӣ, ки ҳама дар зери замин ҷойгир мебошанд, барои ҳайати дипломатҳо  мароқангез ва қобили таваҷҷуҳ буд.

Муҳаммадуллоҳ ТАБАРОВ, "Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 07.02.2024 №: 27
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив