ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

08 феврал 2024, Панҷшанбе
24
0


РЕКЛАМАҲОИ ҒАЙРИМЕЪЁРӢ ИСЛОҲ ШУДАНД
Олимҷон Муҳаммадҷонзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, мутобиқи Низомнома яке аз ваколатҳои асосии Кумита ба шумор рафта, риояи татбиқи муқаррароти Қонуни мазкурро дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ мунтазам назорат менамояд. 
Кумита бо мақсади назорат ва муайян намудани мутобиқати матнҳо ба муқаррароти забони давлатӣ дар эълону реклама 456 ангораи соҳибкорон, ташкилоту муассисаҳои рекламаистеҳсолкунандаро дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии “Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе” мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дод. Матни эълону рекламаҳои ғайримеъёрӣ ислоҳ карда шуд. 
Ҳамчунин, дар соли 2023 Кумита дар ҳамкорӣ бо мақомоти прокуратура назорати татбиқи Қонуни мазкурро ба роҳ монд. Дар асоси маълумоти пешниҳоднамудаи Суди олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19-уми январи соли 2024 , №1076/19 дар соли 2023 аз ҷониби судҳои ҷумҳурӣ вобаста ба риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” 35 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ шуда, ба шахсони ҳуқуқвайронкунанда ҷарима ба андозаи 30684 сомонӣ таъин гардида,  26604 сомонӣ ба фоидаи давлат интиқол ёфт.

Гулнисои САЪДОНШО


“НАВОМӮЗ”  МАКТАБИ СИНАМОГАРОНИ ҶАВОН 
ФАЪОЛИЯТАШРО БА РОҲ МОНД
Дар асоси Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2027 ва нақшаи амали он барои солҳои 2023 -2025 дар соли ҳисоботӣ ба муассиса 30 филмнома ворид шуда, мавриди таҳлил ва омӯзиши Шурои бадеӣ қарор гирифт. Аз 30 филмнома бори аввал тавассути Питчинг 4 филми ҳунарии пурра, 7 филми мустанад, 2 филми тасвирӣ рӯйи навор оварда шуд. Дар ин хусус  Маҳмадсаид Шоҳиён, директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Боиси сарфарозист, ки аз 15 то 19-уми октябри соли 2023 бори аввал дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе “Тоҷи Сомон” таҳти шиори “Таърихи рушди тоҷикон” дар сатҳи баланди ташкилию омодагӣ баргузор гардид. Боиси ифтихор аст, ки ҳакамони байналмилалӣ “Шоҳҷоиза”-и Синамоҷашнвораро ба филми ҳунарии “Роҳ” ва ҷоизаи “Беҳтарин филми ҳунарии кӯтоҳ”-ро ба  “Додараки фариштаҳо” ва ҷоизаи “Беҳтарин нақши мардона”-ро ба филми ҳунарии “Дов” сазовор донистанд, ки ин шаҳодати дар марҳалаи рушд қарор доштани кинои тоҷик мебошад. 
Инчунин, зикр шуд, ки дар Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” мактаби синамогарони ҷавон “Навомӯз” ба номи Муҳаббат Сатторӣ расман ба фаъолият шуруъ намуд, ки ҳоло 17 нафар шунавандаро ба таълим фаро гирифтааст. 

Гулнисои САЪДОНШО


ТОҶИКМАТЛУБОТ 
2305 тонна маҳсулоти кишоварзӣ захира гардид 
Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024» ҳамаи анборҳо, сардхонаҳо ва лавозимоти заруриро омода намуда, дар онҳо ба миқдори 2305 тонна маҳсулоти кишоварзӣ захира намуд. Фурӯши маҳсулоти захиравӣ  аз якуми декабри соли гузашта оғоз гашт. 
Ин нуктаро Хуршед Раҳмонализода, муовини раиси раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот»,   зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иброз дошт.
Барои хариди воситаҳои асосӣ, корҳои ободонию созандагӣ, навсозӣ ва таъмири  бинову иншооти соҳа 15,1 миллион  сомонӣ ҷудо гашт.  Аз ҷумла,  барои  навсозӣ ва таъмири иншооти дохили бозорҳои ҷамъиятҳои матлуботи шаҳрҳои Турсунзода 817 ҳазор сомонӣ, Ваҳдат 599 ҳазор сомонӣ, Ҳисор 118 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Варзоб 147 ҳазор сомонӣ, инчунин, таъмиру тармими биноҳои таълимӣ ва хариди воситаҳои асосӣ барои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 1,9 миллион  сомонӣ, Донишкадаи иқтисод ва савдои шаҳри Хуҷанд 167 ҳазор сомонӣ ва Литсейи назди Донишгоҳи давлатии тиҷорат 127 ҳазор сомонӣ харҷ гардид. Аз ҳисоби сохта ба истифода додан ва таъмири бинову иншоотҳо дар ташкилоту муассисаҳои Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ба аҳолӣ 145 ҷойи нави корӣ муҳайё гашт.
Дар соҳа ҳама гуна пардохтҳо ба таври ғайринақдӣ ба роҳ монда шуд.

Матлубаи АБДУҚАҲҲОР



АЗ 5926 КАМБУДӢ ТО 1649414 СОМОНӢ ҶАРИМА ДАР ЯК СОЛ
Тибқи маълумоти оморӣ дар асоси Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати якуми январи соли равон, дар маҷмуъ, дар ҷумҳурӣ 28 348 иншоот ба қайд гирифта шудааст. 10071 (35,5 дарсад) иншоот ба истифода супурда шуд, дар 7946-тоаш (28 дарсад) кор идома дорад, дар 10 367 (36,5 дарсад) иншоот то ҳол кор оғоз нагардидааст. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Низом Мирзозода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, маълумот дод.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумита таъмини шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо нақшаҳои сохтмони генералист. Ҳоло 65 маркази шаҳру ноҳияҳо бо чунин нақша таъмин мебошад. Инчунин, Кумита нисбат ба лоиҳаҳои муфассали банақшагирии тасҳеҳталаб ва муҳлати амалашон баохиррасида тадбирҳои дахлдор меандешад. Аз ҷумла, аз тарафи ҶСК «Шаҳрофар» лоиҳаҳои муфассали банақшагирии маркази ноҳияҳои Ишкошим, Балҷувон, Вахш, Дӯстӣ, Ховалинг, Ҷайҳун, Роштқалъа, Варзоб, Муъминобод, Ёвон, шаҳрҳои Исфара, Норак, Турсунзода, Левакант  ва қисми марказии шаҳри Хоруғ таҳия гардид.
Тибқи Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли сипаришуда, дар ҷумҳурӣ дар 1035 иншоот 2990 назорати сифати корҳои сохтмонию васлгарӣ гузаронда шуда, 5926 камбудӣ ошкор ва қонуншиканҳо ба маблағи 1649414 сомонӣ ҷарима гаштанд. 
Бо мақсади таъмини ба зилзила тобовар будани бинову иншоот 26-уми декабри соли гузашта маротибаи аввал аз ҷониби  озмоишгоҳи махсуси Кумита санҷиши мехсутуну асосҳои бинои истиқоматии баландошёна, воқеъ дар кӯчаи Нусратулло Махсуми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, гузаронда шуд. Дар натиҷаи санҷиш муайян гардид, ки бинои истиқоматӣ ба лоиҳа мувофиқат менамояд.

Кароматулло АТО


МУСОДИРАИ БЕШ АЗ 495 КИЛОГРАММ МАВОДИ НАШЪАОВАР
- Ба ҳолати 1-уми  январи соли 2024, дар кишвар 4160 нашъаманд ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондод нисбат ба соли 2022 (4381 нафар) 5 дарсад коҳиш ёфтааст. Ин матлабро зимни нишасти матбуотӣ Самад Зафар, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, иброз намуд.  
Тибқи иттилои ӯ, Агентӣ дар соли гузашта беш аз 495 килограмм маводи нашъаовар мусодира намудааст. Ҳарчанд ҳаҷми мусодираи маводи нашъаовар 4,9 фоиз коҳиш ёфта бошад ҳам, мусодираи моддаҳои психотропӣ, ки хатари бештар доранд, 3,8 маротиба боло рафтааст.
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Агентӣ 114 ҷинояти вобаста ба маводи нашъаовар ошкор шудааст, ки ин нишондод нисбат ба соли 2022-юм 17,4 фоиз, яъне 24 ҷиноят кам мебошад.

Шодмон АБДУРАҲИМ

Санаи нашр: 07.02.2024 №: 27
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив