ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ».  САМАРИ ЯК ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ».  САМАРИ ЯК ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

09 феврал 2024, Ҷумъа
18
0


Инак, панҷ сол мешавад, ки таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад. Он тавонист, ки дар кӯтоҳтарин муддат аксари аҳли ҷомеаро ба мутолааи китоб баргардонад. Бори дигар собит созад, ки мардуми тоҷик ташнаи илманду ба фарҳангу маориф арҷ мегузоранд. 
Озмуни мазкур на танҳо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоию миёна, илмию адабӣ, фарҳангу санъат, балки калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакатро ба китобхонӣ ҷалб намуд. Ҳоло бо итминон метавон гуфт, ки туфайли Озмун дар тамоми гӯшаву канори кишвар таваҷҷуҳ ба китобу китобхонӣ бамаротиб афзудааст.  
– Озмуни  «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар самти  ҷалби тамоми қишри ҷомеа, бавижа наврасону ҷавонон, ба китобхонӣ табаддулотро ба амал овард,– мегӯяд Ҷумъахон Файзализода, директори Китобхонаи миллӣ. – Маҳз ба шарофати ин иқдоми шоистаи Пешвои муаззами миллат сафи хонандагони китобхонаҳо зиёд гашта, муносибат ба китобу китобхонӣ бакуллӣ тағйир ёфт. Боиси зикр аст, ки тайи панҷ соли охир шумораи дӯстдорони китоб даҳчанд афзуд ва ҳар рӯз наздики 2000 нафар (!) узви Китобхона мешавад. 
Ба гуфтаи Ҷумъахон Файзализода айни замон аъзои Китобхона 270 ҳазору 209 нафарро ташкил медиҳад ва қисми бештари онҳо давоми панҷ соли охир сабт шудаанд. Тайи як соли охир бошад, 57 ҳазору 600 хонанда узви Китобхонаи миллӣ гардид. 
– Бо назардошти ин ва ба хотири сари вақт дастрас намудани дилхоҳ асар, Китобхона бо 3 миллиону 451 ҳазору 385 нусха асар таъмин буда, хонанда бе мушкилӣ метавонад дар ду шакл: электронӣ ва асл, аз онҳо истифода барад. Ҳамчунин, дар Китобхона толори махсуси «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» фаъолият мекунад, ки мақсади асосӣ омодагии хонандагон ба Озмун мебошад, – илова кард Ҷумъахон Файзализода. 
Директори Китобхонаи марказии шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Аббосалӣ Давлатов доир ба саҳми озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»  дар рӯ ба китоб овардани мардум чунин гуфт: 
– Халқи тоҷик аз қадим китобдору китобхону китобдӯст буд. Вале, мутаассифона, бояд гуфт, ки муддате китобхонаҳо мунтазири хонанда буданд. Ба ин макони муқаддас дар як рӯз як-ду нафари солор меомаду тамом. Бо шукргузорӣ аз сиёсати фарҳангпарваронаи Сарвари давлат панҷ соли охир шумораи бештари мардум рӯ ба китоб овардааст, ки идомаи мантиқии сиёсати маорифпарварона, хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ифода менамояд. Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» сабаби таҳаввулоти амиқ дар мафкураи ҷомеа гардида, мардумро ба маърифат, фарҳанги китобхонӣ, китобдонӣ, китобшиносӣ ва, ба ин тартиб, одаму оламшиносӣ ва худшиносӣ ҳидоят намуд. Бо назардошти ин, китобхонаҳо айни ҳол тамоми шароитро барои хонандагон муҳайё сохтаанд. Имрӯз филиалҳои Китобхонаи марказии шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар чор ноҳияи пойтахти Ватани маҳбубамон ба дӯстдорони китоб хизмат мерасонанд. Тайи панҷ соли охир Китобхона ҷилои тоза пайдо кардааст. Ҳар рӯз шумораи хонандагон зиёда аз 200 нафарро ташкил медиҳад, ки бештари онҳо ҷавонону наврасон буда, асарҳои шоирону нависандагоне, ки дар феҳрасти Озмун  пешниҳод гаштаанд, мутолаа менамоянд. Бештари вақт бар ивази ҳуҷҷат то вақти муайяншуда китобро ҳамроҳашон мебаранд. Айни ҳол 477 ҳазору 498 китоб дар ду шакл дар бойгонии китобхона маҳфуз буда, кӯшиш дорем, миқдорашонро зиёд намоем, чун мебинем, ки рӯз ба рӯз сафи китобхонҳо меафзояд.
Ба андешаи ҷоизадори Озмун, хонандаи синфи 11-уми Гимназияи №1-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Асмоа Қурбонова, «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар баробари ба мутолааи китоб ҷалб кардан, ҳамзамон, ба баландшавии ҳисси ватандӯстӣ ва ватанхоҳии насли наврас таъсири нек мегузорад. Инчунин, иштирок дар он боиси ғанӣ шудани захираи луғавии инсон мегардад ва бартар аз он,  дӯстии ҷавонони тамоми минтақаҳои кишвар мустаҳкаму пурқувваттар мешавад . 
– Имрӯз китобхонаҳо пур аз хонандаанд. Воқеан, пас аз хондани асар кас эҳсос мекунад, ки ҳаргиз танҳо нест, китоб дӯст ва ҳамдами наздики ӯст, – илова намуд Асмоа. 
Бешубҳа, мутолааи китоб ҷаҳонбиниро васеъ карда, назари касро ба оламу одам дигар менамояд. Беҳуда нест, ки устод Садриддин Айнӣ таъкид сохта буданд: «Тоҷикон дар як рӯз бояд ду соат китоб хонанд». Ва ё ходими ҷамъиятӣ Майер Ротшилд (1744 – 1812) мефармояд: “Ҷаҳон дар дасти китобхонҳост”. 

Гулнисои САЪДОНШО, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 08.02.2024 №: 28
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив