ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ФУТБОЛ

ФУТБОЛ

09 феврал 2024, Ҷумъа
10
0


Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар Ҷоми рушд-2024 ширкат мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) бо роҳнамоии сармураббӣ Далер Каёсов дар мусобиқаи анъанавии байналмилалии “Ҷоми рушд-2024”, ки 18-24-уми феврал дар шаҳри Мински Беларус доир мегардад, ширкат мекунад.
Дудастаӣ аз Россия (U-17, U-16), Беларус (U-17, U-16), дастаҳои Қазоқистон (U-16), Ӯзбекистон (U-17) ва Озарбойҷон (U-16) иштирокчиёни дигари мусобиқа мебошанд, ки дар ду гурӯҳ бозӣ менамоянд.  
Дастаи Тоҷикистон (U-16) дар гурӯҳи «Б» бо Россия (U-17), Беларус (U-16) ва Қазоқистон (U-16) рақобат мекунад. Ба гурӯҳи «А» Беларус (U-17), Россия (U-16), Ӯзбекистон (U-17) ва Озарбойҷон (U-16) шомиланд.
Барои мунтахаби наврасони Тоҷикистон иштирок дар мусобиқаи Минск як марҳалаи омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2025, ки 19-27-уми октябри соли равон баргузор мешавад, маҳсуб меёбад.


ҶУДО
Мусобиқаи навбатӣ - “Baku Grand Slam 2024”
16-18-уми феврал мусобиқаи навбатии сайри ҷаҳонии ҷудо - “Baku Grand Slam 2024” баргузор мешавад. Пас аз Гран-прии Португал ва Гранд-слами Париж ин сеюм мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ дар соли равон мебошад.
Тавре Федератсияи байналмилалии ҷудо хабар додааст, дар мусобиқа ҳудуди 500 варзишгари беш аз 65 давлат ширкат хоҳад кард. Аз ҷумла, Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 12 варзишгар – 8 мард, 4 занро ба Озарбойҷон сафарбар менамояд: Муҳаммадсолеҳ Қуватов (-60кг), Абубакр Шеров, Умедҷон Раҷабов (-73кг), Сомонӣ Кишваров (-90кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-100кг), Мансур Раҳмон, Шакармамад Мирмамадов (+100кг), Шукрона Қарчиева (-48кг), Аҳлия Муъминова (-52кг), Фазилат Гулбоева (-57кг) ва Мавлуда Одинаева (-63кг).
Варзишгарон барои иштирокашон хол ба даст оварда, мавқеашонро дар радабандии олимпӣ беҳтар мекунанд. Ғолибон ва ҷоизадорон дар баробари медал ҷоизапулӣ мегиранд: барои ҷои аввал 5000 евро, ҷои дуюм – 3000 ва барои ҷои сеюм 1500 евро.


БОКС
Дар Душанбе “Шоми чемпионҳои IBA” баргузор мешавад
Дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии Душанбе 16-уми феврал таҳти унвони “Шоми чемпионҳои IBA” мусобиқаи бокси касбӣ баргузор мешавад. Дар ин бора Федератсияи бокси Тоҷикистон хабар додааст. 
Рақобати асосӣ байни намояндаи Россия Шарофутдин Атаев бо Алфонсо Домингес аз Озарбойҷон барои камарбанди IBA дар вазни -86 кг сурат мегирад. Дар ин рақобат ба ғолиб 350 ҳазор доллар ва ба мағлуб 150 ҳазор доллар мукофотпулӣ тақдим мешавад.
Муҳорибаҳои дигари шоми бокс миёни муштзани тоҷик Шавкатҷон Раҳимов бо Эдуардо Нунеси мексикоӣ барои дарёфти унвони чемпионӣ аз рӯи версияи IBF дар вазни 58,9 кг ва байни муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов ва Лал Чу-Эн аз Тайван дар вазни 63,5 кг барои дарёфти унвони чемпиони Осиё доир мегарданд.

Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 09.02.2024 №: 29
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив