ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

12 феврал 2024, Душанбе
49
0


Таъмини 290 825 718,86 сомонӣ  аз ҳисоби зарару қарзҳои кредитӣ 
- Соли 2023 дар марҳалаи якуми судҳои иқтисодӣ, коллегияҳои кассатсиониву назоратӣ ва раёсати Суди Олии иқтисодӣ, дар маҷмуъ, 3137 парванда мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ин теъдод, доир ба 1587 парванда ҳалномаи судӣ қабул гардида, 144 парванда қатъ карда шуд, - гуфт дар нишасти хабарӣ Мирзозода Рустам, раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 
Инчунин, зикр кард, ки бинобар ба талаботи қонунгузории мурофиавӣ мутобиқ набудан, 221 ариза баррасӣ нагашт, қабули 16 ариза рад гардид, 215 аризаи даъво ва шикоятҳо беҳаракат монда, 316 аризаву шикоят баргардонда шуд.  
Бобати иҷрои саривақтии санадҳои судии қабулшуда тадбирҳои дахлдор андешида, дар ҳамкорӣ бо Хадамоти иҷро ва дигар мақомот, иҷрои санадҳои судӣ оид ба рӯёндани боҷи давлатӣ ва маблағҳои зарару қарзҳои кредитӣ бо назардошти санадҳои судии солҳои қаблӣ ва боҷи давлатии пешпардохтшуда, ба маблағи умумии 290825718,86 сомонӣ таъмин гардидааст, ки нисбат ба соли 2022-юм 70555959,4 сомонӣ зиёд мебошад. 
Шодмон АБДУРАҲИМ


ФИЛИАЛИ ДБССТ ДАР ХАТЛОН ИФТИТОҲ ШУД
Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода дар нишасти хабарӣ доир ба дастовардҳои Донишгоҳ дар соли 2023 ба рӯзноманигорон маълумоти муфассал пешниҳод намуд. 
Ба гуфтаи ӯ, яке аз дастовардҳои назаррас  моҳи декабри соли 2023 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфтани бинои нави таълимии филиали Донишгоҳ  аз рӯйи ихтисосҳои самтҳои саноат, сайёҳӣ ва хизматрасонӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба ҳисоб меравад. 
Ҳамчунин, нашри ду маҷаллаи илмӣ бо номҳои «Иқтисод ва сайёҳӣ: тамоюл ва дурнамо» ва «Масоили мубрами давлат, ҷомеа ва ҳуқуқи муосир» ба роҳ монда шуд.
Убайдулло Асрорзода зикр намуд, яке аз муваффақияти дигари Донишгоҳ ба роҳ мондани табодули академии 98 донишҷӯ бо Донишгоҳи миллии Авруосиё, Донишгоҳи ҷанубии Қазоқистон ва Донишгоҳи Ситии Малайзия мебошад.
Лола РИЗОӢ 


7 ИХТИСОСИ НАВ ТАЪСИС ЁФТ
Низомӣ Муҳриддин Зайниддин, ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки соли таҳсили 2023-2024 Донишкада аз рӯйи 7 ихтисоси нав: таърих ва назарияи фарҳанг, таъриху фарҳангшиносӣ, забон ва адабиёти тоҷик, фарҳанги ҷаҳонӣ ва ватанӣ, китобшиносӣ, забон ва адабиёти тоҷик, рӯзноманигорӣ, кори осорхона ва ҳифзи ёдгории таърихию фарҳангӣ (таърих ва музеология) ва санъати актёрии театри мусиқӣ – мазҳакавӣ донишҷӯёнро қабул менамояд.
Дар соли таҳсили 2022-2023 бори аввал донишҷӯён аз рӯйи чор ихтисос: драматургия, санъатшиносӣ, менеҷменти робитаҳои фарҳангии байналмилалӣ ва низоми иттилоотӣ дар фарҳанг Донишкадаро хатм намуданд. Инчунин, 33 нафар соҳиби ихтисосҳои санъати мусиқӣ ва таҳсилоти томактабӣ гардида, ба мактабҳо роҳхат гирифт. 29 донишҷӯ тибқи Квотаи президентӣ Донишкадаро хатм намуда, барои кор ба маҳали зисти хеш фиристода шуд. 
Дар Донишкада бо мақсади ба даст овардани комёбиҳои илмӣ, пешрафти корҳои сотсиологӣ-таҳқиқотӣ, истифодаи самараноки иқтидорҳои моддӣ-техникӣ ва кадрии соҳаҳои фарҳанг, табъу нашр ва ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма лабораторияи таҳқиқоти сотсиологии фарҳанг ва воситаҳои ахбори омма таъсис дода шуд. Бояд гуфт, ки имрӯз Донишкада бо 56 макотиби олии кишварҳои хориҷӣ созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонда, дар доираи онҳо ҳамкориҳои илмӣ, таълимӣ ва эҷодиро ба роҳ мондааст. 

Гулнисои САЪДОНШО 


63 ҲОЛАТИ РИОЯ НАШУДАНИ ТАЛАБОТИ 
ҚОНУНИ ТАНЗИМ 
Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои омодагиро ба мавсими ҳаҷҷи соли 2023 сари вақт оғоз намуда, дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасониҳоро 59 ҳазор сомонӣ муайян намуд. Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи мазкур, зимни нишасти матбуотӣ дар ин хусус ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Мавсуф зикр намуд, ки маросими ҳаҷ дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гашт. Вале, мутаассифона, 4 нафар шаҳрванди Тоҷикистон дар кишвари мизбони ҳаҷ вафот кард ва тибқи тартиб онҳо дар ҳамон ҷо дафн шуданд.
- Ҳамчунин, дар соли 2023 аз кишвар қариб 13 ҳазор нафар ба ҳаҷҷи умра  рафт, аммо баъди бозгашти онҳо 63 ҳолати риоя нагардидани муқаррароти моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну  маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ба қайд гирифта шуд. Яъне, маъракаҳои ҳоҷиталбон, ҳоҷиошӣ, ҳоҷизиёрат ошкор гардиданд, - изҳор намуд Сулаймон Давлатзода. 
Гулнисои САЪДОНШО


“АМОНАТБОНК”
Дороиҳо ба 7,6 миллиард сомонӣ расид
“Амонатбонк” соли 2023 ба зиёда аз 15 ҳазор корхонаю ташкилотҳо, беш аз 817 ҳазор нафар нафақагирони мақомотҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, 2,2 миллион нафар амонатгузорон тавассути 75 филиал ва 548 маркази хизматрасонии бонкӣ хизмат расонд.   
Боиси тазаккур аст, ки тибқи қарори раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 16-уми январи соли 2024,  “Амонатбонк” яке аз ташкилотҳои қарзии низомсоз эътироф шуда, мавқеи аввалро ишғол намуд.
 Ин нуктаро зимни нишасти матбуотӣ раиси раёсати КВД БА ҶТ “Амонатбонк” Алиҷон Салимзода баён дошт. 
Зикр гардид, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1-уми марти соли 2023 БДА ҶТ “Амонатбонк” ба КВД БА ҶТ “Амонатбонк” ивази ном намуд ва ойинномаи нав тасдиқ гашт.
Дороиҳои Бонк 7,6 миллиард сомонӣ ва уҳдадориҳои он 6,7 миллиард сомониро ташкил дод. Пардохтпазирии Бонк дар сатҳи баланд нигоҳ дошта шуда, маблағҳо сари вақт ба ҳисобҳои дахлдор гузаштанд. 
Сармояи Бонк ба 860 миллион сомонӣ расид, ки назар ба соли 2022-юм 19,3 фоиз беш аст. Фоидаи софи Бонк 129,1 миллион сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2022-юм 27,1  фоиз зиёд мебошад. Бонк 92,9 миллион сомонӣ андозу пардохтҳои ҳатмиро ба буҷети давлатӣ гузаронд, ки нисбат ба соли 2022-юм 9,4  фоиз беш аст.    
Дар иртибот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми июни соли 2023 “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ”, Бонк инфрасохтори заруриро дар нозиротҳои андоз ва филиалҳою марказҳои хизматрасонии бонкӣ фароҳам овард. Аз ҷумла, ҷиҳати ба роҳ мондани пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ ва навъҳои дигари хизматрасонии давлатӣ “Амонатбонк” ба ҳолати имрӯза, дар маҷмуъ, 1063-то постерминалро фаъол намуд. Барои хизматрасонии саривақтӣ ба мизоҷон, зиёда аз 550 ҳазор корти беноми “Фарогир” интишор ёфта, ба филиалҳо дастрас шуд. Ҷиҳати васеъсозии шабакаи хизматрасониҳои ғайринақдӣ аз тарафи мутахассисони Бонк API-протокол барои ҳамгироӣ бо низомҳои иттилоотии дигар ташкилотҳои қарзӣ таҳия ва татбиқ гашта, дар асоси он, айни замон 24 ташкилоти қарзӣ дар замимабарномаҳои худ хизматрасониҳои давлатиро анҷом  медиҳанд.
Барои назорати равандҳои марбут ба ҷараёни ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тавассути воситаҳои электронӣ (постерминалҳо), дуруст коркард ва дар низоми иттилоотии бонкӣ (НАБ) сабтнамоии амалиётҳои анҷомёфта ва ташкили равзанаи ҳамгироӣ бо вазорату идораҳо, барномаи нав мавриди истифода қарор гирифт ва, акнун, вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ “Утоқи шахсӣ”-ро истифода бурда, тамоми пардохтҳои ба манфиати онҳо қабулшударо дар реҷаи онлайн назорат  менамоянд.
Дар дидбонгоҳҳои гумрукии шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Панҷакент, Конибодом,  Ҷайҳун, Ашт, Мастчоҳ ва Спитамен нуқтаи қабули маблағҳо фаъолият менамояд. 
Ҳамзамон, то имрӯз зиёда аз 13 300 корхона ва ташкилотҳои ҷумҳурӣ ба интернетбонкинг пайваст гаштанд. Алҳол Бонк бо 8 290 корхонаву ташкилотҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ ҳамкориро ба роҳ мондааст. Шумораи дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ ба 2,1 миллион нафар расид, ки нисбат ба соли 2022-юм 36 фоиз беш мебошад. 
Аз ҳисоби ҷалби сармояи мустақим, аз ҷумла хатти қарзии ҶС “Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон”, вобаста ба маблағгузории савдо дар ҳаҷми 33 миллион доллари ИМА хатти қарзӣ кушода шуда, ба 39 ширкати ватанӣ 15,6 миллион доллар барои ворид намудани молу маҳсулот аз Ӯзбекистон  қарзи бонкӣ пешниҳод гашт. Ҳамчунин, “Амонатбонк” бо ҶС «Экспортная страховая компания «KAZAKHEXPORT»-и Қазоқистон  хатти қарзи аккредитивӣ ба маблағи 15,7 миллион доллари ИМА-ро кушод. Моҳи ноябри соли 2023 “Амонатбонк” созишномаи хатти қарзиро бо Бонки давлатии рушди Хитой дар ҳаҷми 20 миллион доллари ИМА ва 100 миллион юан ба имзо расонд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА

Санаи нашр: 12.02.2024 №: 30
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив