ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШОМИ ШАНБЕ

ШОМИ ШАНБЕ

06 сентябр 2024, Ҷумъа
17
0
АНДЕШАИ БУЗУРГИ ДУХТАРАК
Марде духтаракеро мепурсад, ки вақте калон шавӣ, мехоҳӣ чикора бошӣ?
– Президент шудан мехоҳам, – мегӯяд духтарак. 
– Агар ба чунин мартаба расидӣ, аввалин кореро мехоҳӣ анҷом диҳӣ, кадом аст? 
– Ба мардуми гурусна ва нодор ёрӣ мерасонам. 
– Ту ин корро метавонӣ ҳозир ҳам анҷом диҳӣ. Масалан, аз фардо ба хонаи яке аз дӯстони сарватманди ман биё, ҳавлӣ ва зери дарахтонро рӯбучин бикун, ба ту маблағ медиҳанд ва ту метавонӣ онро бурда ба фақирон диҳӣ. 
Духтарак ба чашмони мард нигоҳ карда мегӯяд: 
– Чаро ҳамон бачаҳои фақирро намебаред, то ин корҳоро анҷом диҳанд ва маблағро худашон гиранд?
Мард бо табассум духтараки хурди дорои андешаи бузургро ба оғӯш кашида, мегӯяд: 
– Ба дунёи сиёсат хуш омадӣ! 
 
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
 
 
 
 
БОЗОР СОҲИБ ДОРАД
 
Ҳорун-ар-Рашид ба Баҳлул амр мекунад:
– Туро мудири бозори Бағдод таъин кардам, рафта, корҳоро ба тартиб дарор. 
Баҳлул вориди бозор шуда, ба назди як нонпаз меравад. Хамирро дар тарозу санҷида, мебинад, ки нонпаз вазни хамирро камтар кашида, нон мепазад ва ба мардум бо нархи вазни том мефурӯшад. Мепурсад: “Ҳой меҳнаткаш, корҳо чӣ тавр аст? Оё дар корат баракате ҳаст?”. 
Нонпаз шикоят карда, посух медиҳад: “Ин чӣ замона? Дар тиҷоратам баракате нест!”.
Баҳлул ба назди нонпази дигар меравад. Хамирро баркашида, мебинад, ки бо вазни нони пухта мувофиқ аст. Мегӯяд: “Хаста набошӣ! Оё дар корат баракате ҳаст?”.
Нонпаз ҷавоб медиҳад: “Шукри Худованд! Дар корам баракати зиёд аст!”. 
Баҳлул аз бозор баромада, ба назди халифа Ҳорун мераваду вазифаи нав талаб мекунад. Халифа дар ҳайрат афтода, мепурсад:
– Чанд соат пеш корҳои бозорро ба тартиб дарорӣ гуфта, туро соҳиби бозор кардам. Чӣ шуд?
Баҳлул иброз дошт:
– Бозор соҳиб дорад, худаш ҷазову подошро муайян карда, корҳоро ба тартиб даровардааст.
 
Таҳияи Кароматулло АТО
 
 
 
 
АЛМОСИ 221,8-ГРАММА  53 МИЛЛИОН ДОЛЛАР БА ФУРӮШ РАФТ
 
Ширкати «Graff Diamonds» алмоси калонтарини дунёро бо номи «Lesedi La Rona» («Нури мо»)-ро бо маблағи 53 миллион доллари ИМА харид. 
«Мо аз соҳиби ин алмоси ноёб буданамон дар ҳаяҷонем. Дар фаъолияти кории ман ин лаҳзаи хеле ҳассос ва фаромӯшношуданист. Мо хушбахттарин одамонем, ки «Lesedi La Rona» насибамон гардид», – гуфтааст яке аз соҳибони нави алмос Лоуренс Графф.
Алмоси «Lesedi La Rona» моҳи ноябри соли 2015 дар Ботсвана ёфт шуда, вазнаш 221,8 грамм мебошад.
 
Таҳияи Кароматулло АТО
 
 
ҶИМ ОППЕГАРД. РОНАНДАЕ, КИ 94 СОЛ ДОРАД
Куҳансолтарин ронандаи мусофиркаш Ҷим Оппегард беш аз нисфи умрашро ба ронандагӣ бахшида, ба синни 94 расид.
Ӯ ҳоло дар Northstar Bus Lines ба ҳайси ронандаи мусофиркаши мактаббачаҳо кор мекунад. 
Раҳбарони Ҷим мегӯянд, ки ӯ корманди самаранок ва озода аст, ҳеҷ гоҳ ба кор дер намекунад ва рухсатии беморӣ намегирад. 
Чанде пеш ин ронандаи 94-солаи мусофиркаш ба Китоби рекордҳои Гиннесс ворид шуд ва гуфтааст, ки нияти ба нафақа баромаданро надорад. 
 
Таҳияи Кароматулло АТО
 
 
 
ДИҚҚАТ, РУБРИКАИ НАВ!
БОНУФУЗТАРИН МАКТАБҲОИ ДУНЁ
Бонуфузтарин мактабҳои дунё кадомҳоянд? Онҳо бо кадом махсусияташон аз мактабҳои дигар фарқ мекунанд? Мехоҳед ба ин саволҳо посух ёбед? Пас, рубрикаи навбатӣ барои шумост!  
 
LE ROSEY - МАКТАБИ ШОҲОН 
Le Rosey гаронтарин ва бонуфузтарин мактаби дунёст, ки соли 1880 аз ҷониби Пол Эмил Карнал дар ҷойи қасри Шато дю Рози ифтитоҳ ёфтааст. Он дар ҷанубу ғарби Швейтсария дар масоҳати 28 гектар доман густурда, дорои майдончаҳои бозии теннис, голф, футбол, камонварӣ, ҳавзҳои шиноварӣ, толори консертӣ бо 1000 ҷойи нишаст, майдонҳои аспдавонию мошинронӣ ва ферма мебошад. Ҳамзамон, дар кӯҳҳои Алп ҳудуди махсус, дар баҳри Миёназамин яхта, 10 метр дуртар аз кӯли Женева маркази варзиши заврақронӣ дорад. Дарсҳо вобаста ба мавсим дар кампусҳои алоҳида мегузаранд. Усули таълим бо ду забон: англисӣ ва фаронсавист, аммо курсҳои зиёди забономӯзӣ дар мактаб мавҷуданд. 
Айни замон 400 нафар дар ин мактаб таҳсиил мекунад. Дар ҳар синф на зиёда аз 20 нафар. Маблағи солонаи таҳсил 133 ҳазор доллари ИМА мебошад. Rosey-ро “мактаби шоҳон” низ мегӯянд, зеро бештари хонандагонаш шоҳзодаю ашрофзодаҳои Аврупо ҳастанд. 
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА
 
 
 
 
ДУЗДЕ, КИ  хайри рекордӣ намуд
Ҷавоне сомонаҳои зиёда аз 200 бонки кишварҳои гуногуни оламро шикаста, маблағҳои азхудкардаашро ба Фонди хайриявии Фаластин ва Африқо гузаронд. Ин хакери ҷавон Ҳамза Банделлаҷ аз Алҷазоир буда, маблағи ғораткардааш 4 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Замоне ки ӯро хадамоти махсуси кишварҳои машҳур боздоштанд, пешниҳод намуданд, ки агар бо онҳо ҳамкорӣ кунад, тамоми гуноҳҳояш бахшида мешаванд. Вале ҷавон пешниҳодро рад кард ва ба 27 сол зиндон маҳкум шуд.  
Таҳияи Нигина РАҲМОН
 
 
 
 
САРФАКОРӢ БА ХОТИРИ ХАРИДИ ХОНА
 
Саки Тамогомии ҷопонӣ сарфакорӣ намуда, дар 37-солагӣ тавонистааст се хона бихарад ва қаҳвахонаи гурбаҳо кушояд. Ӯ дар як рӯз ҳамагӣ 1,4 доллар барои ғизо масраф кардааст. 
Саки гуфтааст: “Дар 19-солагӣ ҳадаф гузоштам, ки то синни 34 се хона бихарам. Пас аз хатми донишгоҳ ба ҳайси мутахассиси амволи ғайриманқул ба кор шуруъ кардам. Аз он вақт пайваста қисми зиёди маошамро сарфа мекардам”.
Аз ҳамон вақт Саки либоси нав нахаридааст, хешовандонаш ӯро бо либос таъмин мекарданд. Аҷибтар ин аст, ки ӯ боре, ҳатто мӯйи худро бурида, ба маблағи 20 доллар фурӯхт, ки як қисми хароҷоти зиндагиашро пӯшонад. Дар 27-солагӣ тавонист хонаи аввалини худро ба маблағи 69 ҳазор доллар бихарад ва то соли 2019 бо хариди хонаи сеюм орзуи худро амалӣ кардааст. Ҳамчунин, қаҳвахонае бо номи “Юунаги” (барои гурбаҳои бесоҳиб) кушод, ки имрӯз ҷойи маъмул барои дӯстдорони гурба аст.
 
Таҳияи У. САФАРАЛӢ
 
 
 
БОВАР НОКАРДАНИСТ, АММО...
ТОРТИ 200-СОЛА
10-уми феврали соли 1840 маликаи Англия Виктория ба шоҳзода Алберт Саксен Кобург Готский ба шавҳар мебарояд. Дар фарҷоми зиёфати шоҳона ба меҳмонон торти сетабақае пешниҳод мекунанд, ки наздик ба 140 килограмм (300 фунт) вазн дошт. Аксар меҳмонон чун медонистанд, ки малика аз ширинӣ парҳез аст, қариб ки онро начашиданд. Дар натиҷа, амр шуд, ки боқимондаи тортро дар қуттичаҳои оҳанӣ бастабандӣ карда, ба меҳмонон ҳамчун тӯшаи роҳ савғот бидиҳанд. 
Вале, тавре баъдтар маълум шуд, на ҳар нафар аз меҳмонон ин амрро ба ҷо овардаву савғотро тӯшаи роҳ намуда будаанд. Баъзеҳо туҳфа аз дасти худи малика аст гуфта, онро ба фарзанду набераҳои худ ба мерос монданд. Бовар нокарданист, вале далел аст, ки бо гузашти қариб 200 сол пораҳои торт аз тӯйи малика то рӯзҳои мо омада расидаанд. Фарзи мисол, соли 2016 як пораи он дар музояда бо арзиши 2000 доллар фурӯхта шуд. 
Аз ин ҳам аҷибтар, бо сабаби он ки дар таҳияи ин торти таърихӣ чанд навъи нӯшокии спиртӣ ва миқдори зиёди лимӯ низ истифода шудааст, истеъмоли пораҳои он ҳанӯз ҳам имконпазир аст. 
Таҳияи С. РАҲМОНЗОДА
 
 
 
ҶОРҶ НАХУСТИН СИЁҲПӮСТИ АМРИКОИЕСТ,  КИ МАЪЛУМОТИ ОЛӢ ГИРИФТ 
Ҷорҷ Маклорен, аввалин марди сиёҳпӯсти амрикоӣ аст, ки соҳиби маълумоти олӣ шудааст. Ӯ соли 1948 ба Донишгоҳи Оклахома дохил шуд ва суд қарор баровард, ки ҳангоми дарс дур аз ҳамсинфони сафедпӯсташ нишинад. 
Дар ниҳоят номи ӯ дар рӯйхати фахрӣ ҳамчун яке аз се донишҷӯи беҳтарини Донишгоҳ сабт гардид. Ҷорҷ Маклорен гуфтааст: "Баъзе ҳамсинфонам ба ман мисли ҳайвон менигаристанд, касе ба ман чизе намегуфт, устодон инро ҳис мекарданд, вале аҳамият намедоданд ва вақте ки ман аз онҳо чизе мепурсидам, онҳо на ба ҳама саволҳои ман ҷавоб мегардонданд. Ман кӯшиш кардам, ки илмро аз худ кунам ва дар охир ҳамсинфонам барои ҷавоб ба саволҳои худ ба ман муроҷиат мекардагӣ шуданд".
Саргузашти Ҷорҷ на танҳо саргузашти як мард, балки рамзи мубориза барои баробарии нажодӣ ва имконияти таълим барои ҳар як шахс ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои худ мебошад.
 
Таҳияи М. ОДИНАЕВ
 
 
ТАЗОДҲОИ ЗИНДАГӢ
 
Дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ пушаймону руҳафтода нашавед, зеро:
Рӯзҳои хуб хушбахтӣ меоранд, рӯзҳои бад таҷриба.
Одамони бад дарс мешаванд, аз одамони хуб хотира мемонад. 
Ҳар яки онҳоро қадр кунед.
 
/*/*/*/*/*/*/
Вақте ту ба баландиҳо парвоз кардӣ, мардум ба тарафи ту санг мепартоянд. Ба поён назар макун. Баландтар парвоз бикун, то сангҳояшон ба ту нарасанд.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
 
 
 
НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
МАСЛИҲАТ
Яша аз падараш мепурсад:
– Падарҷон, дар доираи 50 доллар ба арусшавандаам чӣ туҳфа кунам?
– 15 доллар. 
Аз русӣ тарҷумаи Ф. РАҲМОНЗОДА
 
 
 
НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
ОРЗУ
Аз суҳбати дилдодаҳо дар таги маҷнунбед:
– Азизам, агар 50 миллион рубл бурд кунӣ, иҷозат медиҳӣ, ки ман кори сангини фабрикаро партоям?
– Ҷонакам, агар ними ҳамин маблағро бурд кунам, ҳар коре, ки мехоҳӣ кардан гир. Он вақт ту дигар дилбари ман нестӣ. 
Аз русӣ тарҷумаи Ҳ. РАҲМОНЗОДА
 
 
 
 
10 НӮШИДАНИЕ, КИ КАСРО ҶАВОН НИГОҲ МЕДОРАД
 
2. ҚАҲВА
Қаҳва нӯшокиест, ки ҳар рӯз миллионҳо нафар дар сайёра онро менӯшанд.
Кӣ медонад, ки қаҳва хосиятҳои зидди саратон дорад? Тибқи таҳқиқоти илмӣ, ки дар маҷаллаи “European Journal of Cancer Presentation” нашр шудааст, танҳо як финҷон қаҳва дар як рӯз хатари саратонро 10 дарсад коҳиш медиҳад. Ба гуфтаи олимон, ин ба хосиятҳои зидди консерогении кофеин вобаста аст. Қаҳваи бекофеин, мутаассифона, чунин хосиятҳоро надорад. Бо вуҷуди ин, истеъмоли аз ҳад зиёди қаҳва метавонад, ба саломатӣ зарари ҷиддӣ расонад.
 
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
 
 
 
ТОМ КРУЗ 
Эътимод ба худ ӯро шоҳи экран кард
 
Том Круз, ки бо ҳунари актёриаш се миллиард доллар кор кардааст, рамзи муваффақият шинохта мешавад, чаро? Зеро ӯ роҳи душвореро тай кардаву аз як писараки ноуҳдабаро ба «шоҳи экран» табдил ёфт.  
Гап сари ин ки аз фақирӣ оилаи Том Круз тез-тез ҷойи зисти худро иваз мекард. Аз ин рӯ, даҳ маротиба мактабро иваз кардаву ҳар бор мавриди таҳқиру масхараи ҳамсолон қарор мегирифт. Аммо Круз тан ба тақдир надод ва дар 14-солагӣ тасмим гирифт, ки ҳунарманд мешавад. Барои роҳ ёфтан ба “Ҳолливуд”, зуд-зуд дар кастингҳо ширкат меварзид ва нақш иҷро мекард. Дар ниҳоят, филми «Top Gun» ба ӯ шуҳрат овард ва Круз барои нақшофариаш соҳиби 2 миллион доллар гашт. Пас аз 10 сол, барои филми «Мission imposible» 70 миллион доллар гирифт. Соли 2022 барои идомаи филми «Top Gun» ба ӯ 100 миллион доллар доданд. Ҳамин тавр, Том Круз имрӯз яке аз чеҳраҳои муваффақи синамои ҷаҳон асту номаш вирди забонҳо. 
Тарҷумаи Меҳрангез ҚОДИРОВА
 
 
 
 
ФАКТҲОИ ҶОЛИБ 
- Дар системаи амалиётии “Windows” папкаро бо номи англисии “con” номгузорӣ намешавад.
- Як сигор 5 дақиқаи умрро кам мекунад.
- Дарозтарин риш 1,83 метр буд.
- Дарозтарин бозии теннис дар таърих 11 соату 5 дақиқа тул кашид.
- Кӯтоҳтарин ҷанг 38 дақиқа давом ёфтааст.
- Ранге, ки дар қисми зиёди парчамҳои дунё дида мешавад, сурх мебошад.
Таҳияи З. РАҶАБ 
 
 
 
2024 – СОЛИ ОЛИМПӢ
Муштзанӣ бо ашкрезӣ
Дар XIV Бозиҳои олимпӣ (Лондон-1948) ринги бокс баъд аз он ки дар ҷанг хароб гардида буд, дар дохили ҳавзи шиноварӣ сохта шуд. Ҳангоми мусобиқа об набуд ва аз он ки хлор бухор мешуд, аз чашмони муштзанҳо ашк мерехт.
 
Бархез 
ва ғолиб шав
Дар XVIII Бозиҳои олимпӣ (Токио-1964) муштзанҳо Константин Крудуи руминиягӣ ва Роберто Каминерои кубагӣ дар як вақт ба ҳамдигар зарба зада, ҳар ду дар ҳолати накдаун қарор гирифтанд. Варзишгари Руминия аввалин шуда ба по рост истод ва ғолиб гардид.
 
Таҳияи У. САФАРАЛӢ
 
 
 
ЯК СУХАНИ КӮТОҲ
Инсон ду муаллим дорад: омӯзгор ва рӯзгор.
Ҳар чи бо ширинӣ аз аввалӣ наомӯзӣ, дуюмӣ бо талхӣ ба ту меомӯзад... Аввалӣ бо қимати ҷонаш, дуюмӣ бо қимати ҷонат.
 
Таҳияи Абдулқодири РАҲИМ
 
 
 
ГАРИ ЛИНЕКАР  КОРТИ ЗАРД ВА СУРХРО ЁД НАДОРАД
 
Гари Линекар дар таърихи футболи Англия яке аз футболбозони маъруфу шинохта маҳсуб мегардад. Ӯ корномаи бозигарии хешро дар дастаи «Пестер Сити» оғоз намуда, баъдан дар дастаҳои «Эвертон», «Тоттенхэм» ва «Барселона» ҳунарнамоӣ кардааст. 
Таърихи корномаи ин бозигар басо ҷолиб аст. Линекар 18 сол дар бештар аз 600 дидор ба майдони сабз баромада, ягон бор корти зард ё сурх нагирифтааст, ки дар таърихи футболи дунё ин нишондиҳанда беҳамтост.
Алҳол дар ВВС шореҳи футбол ва масъули барномаи “Match of the Dаy” мебошад.
Таҳияи З. РАҶАБ
 
 
 
 
ЧАНГКАШАК  БО АНДОЗАИ КАМТАР АЗ ЯК САНТИМЕТР
Донишҷӯе аз Ҳиндустон хурдтарин чангкашак дар ҷаҳонро сохтааст. Андозаи он ҳамагӣ 0,65 сантиметр буда, ба Китоби рекордҳои Гиннесс шомил шуд.
Бо ин дастовард Тапала Надамуни 23-сола рекорди қаблии худро шикаст. Ӯ соли 2020 чангкашак бо андозаи 1,76 сантиметрро ихтироъ карда буд.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
 
 
ФАКТҲОИ ҶОЛИБ  АЗ ОЛАМИ ҲАЙВОНОТ
1. Дили зарофаҳо миёни ҳайвонҳои хушкигард аз ҳама калон ва фишори хунашон аз ҳама баланд мебошад.
2. Вазни тухми шутурмурғ метавонад ба 1,5 килограмм расад. Барои дар об пухтанаш онро на кам аз 40 дақиқа ҷӯшондан лозим меояд.
3. Парвози аз ҳама тулонии сабтшудаи мурғи хонагӣ 14 сония давом кардааст.
 
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
 
 
 
АЗ ҲИКМАТҲОИ ФЁДОР ДОСТОЕВСКИЙ: 
Се чиз аст, ки бисёриҳо аз он ҳарос доранд: бовар кардан, гуфтани ҳақиқат ва мустақил будан.
* * *  
Ҳарчанд инсон доно бошад ҳам, аммо барои дуруст қарор баровардан, як ақл камӣ мекунад. 
* * *
Агар бепарвоед, боиси озори дигарон мегардед, агар нармдил бошед, аз онҳо озор мебинед. 
* * *
Ҳаёти бе мақсад фаност. 
Тарҷумаи М. ҚОДИРОВА
 
 
 
 
 
ЗИНДАГИРО МУРАККАБ НАСОЗЕД
 
Зани солхӯрдае ба бонк рафт, то аз пасандозаш 10 доллар бигирад. Хазинадор ба ӯ гуфт: “Барои гирифтани то 100 доллар аз банкомат истифода баред ва дар қатор наистед, то ба дигарон навбат расад”.
Зан андаке андешиду гуфт: “Ин тавр, ки бошад, ман ҳамаи маблағамро бозпас мегирам”. 
Хазинадор дар тааҷҷуб афтод, вақте дид дороии зан 500 000 доллар аст. Гуфт: “Феълан бонк ин миқдор пул надорад. Оё имкон надоред, барои гирифтани он фардо биёед?”.
Зан дар посух гуфт: “Алҳол чӣ миқдор имкон доред, ки пуламро диҳед?”.
“То 3000 доллар метавонам бидиҳам”, – гуфт хазинадор.
Зан изҳор дошт: “Пас, ба ман 2915 доллар бидиҳед!”.
Хазинадор баъди гузаштани чанд дақиқа аз хазина ба ин миқдор пулҳои 5, 10, 20-долларӣ овард. Зан як 10-доллариро гирифту дар ҳамёнаш ҷой кард ва гуфт: “Бигзор он 2905 доллараш дар суратҳисобам бимонад”.
Ҳамин тавр, зиндагиатонро дидаву дониста мураккаб нагардонед. Одамоне пайдо мешаванд, ки бе ин ҳам рӯзгоратонро мушкил месозанд.
 
Аз русӣ тарҷумаи Абдулқодири РАҲИМ
 
 
 
ДАР ИСПАНИЯ ҚАЛЪАИ ҚУМӢ СОХТАН МАНЪ АСТ
Дар баъзе шаҳрҳои Испания шумо наметавонед қалъа ё ҳайкалҳои қумӣ созед. Ин маҳдудият ҳам ба калонсолон ва ҳам кӯдакон дахл дорад. Қоидаи мазкур шояд барои сайёҳон бемаънӣ намояд, аммо дар асл он маъно дорад. 
Гап сари он аст, ки тарҳ (конструксия)-ҳои қумиро аксар вақт бо снарядҳо, чӯбҳо ва дигар материалҳои сахту дурушт оро медиҳанд. Ва агар шахсе дар баҳр ғарқ шавад, ин “сохтмонҳо” мумкин монеи кори наҷотдиҳандаҳо шаванд. Ҳамчунин, агар касе дар соҳил ба дав машғул гардад, шояд дар қалъаи қумӣ пешпо хӯрда, маҷруҳ шавад. Маҳз барои ҳамин, испаниҳо тарҳҳои қумиро манъ кардаанд.
 
Таҳияи С. УМАРАЛӢ
Санаи нашр: 06.09.2024 №: 172
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив