ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШИНОВАРӢ

ШИНОВАРӢ

04 сентябр 2024, Чоршанбе
10
0
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оғоз шуд
3-юми сентябр ба ифтихори 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ оғоз гардид.
 
Дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Зулфиқор Гулаҳмадзода ва раиси Федератсияи миллии шиноварӣ Рамазон Раҳимзода ба парчамбардорони Ватан барору комёбӣ таманно намуданд.
Таъкид шуд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ маҳз бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳаи варзиш ва дастгирии варзишгарон иқдомҳои муфид роҳандозӣ мешаванд. Ҷалб намудани аҳолии кишвар, хоса ҷавонон, ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши шиновари яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон ба шумор рафта, ба мустаҳкам кардани пойгоҳи моддию техникӣ таваҷҷуҳ зоҳир мегарданд.
– Баргузории Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ бахшида ба Ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромадааст. Ин боис мегардад, ки варзишгарони беҳтарини мо малакаю маҳораташонро сайқал дода, дар арсаи байналмилалӣ Тоҷикистони азизро муаррифӣ намоянд, – иброз намуд Р. Раҳимзода.
Дар мусобиқа 112 варзишгар аз 6 давлат – Тоҷикистон, Россия, Беларус, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон ширкат дорад. Ғолибон 5-уми сентябр муайян мегарданд.
 
 
ФУТЗАЛ
Мунтахаби Тоҷикистон бо Испания ва Нидерланд бозӣ мекунад
Дар кохи “Олимп”-и шаҳри Душанбе бозиҳои дӯстона бо ширкати тимҳои миллии футзали Тоҷикистон, Испания ва Нидерланд, ки дар Чемпионати ҷаҳон-2024 ширкат мекунанд, баргузор мешаванд.
5-уми сентябр тимҳои миллии Тоҷикистон ва Испания вомехӯранд. 7-уми сентябр сабқат миёни дастаҳои мунтахаби Испания ва Нидерланд сурат мегирад. Силсилаи бозиҳои дӯстона 8-уми сентябр бо вохӯрии тимҳои миллии Тоҷикистону Нидерланд ба анҷом мерасад.
 
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 04.09.2024 №: 170
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив