ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Ҷалби сармояи ширкати ҳиндустонии «WAPCOS Limited» ба соҳаи гидроэнергетика 

Ҷалби сармояи ширкати ҳиндустонии «WAPCOS Limited» ба соҳаи гидроэнергетика 

05 сентябр 2024, Панҷшанбе
12
0
Масъалаҳои ҷалби сармоя ба соҳаи гидроэнергетика, татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва дигар лоиҳаҳои афзалиятнок дар мулоқоти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода бо роҳбари ширкати машваратии давлати Ҳиндустон дар соҳаи обу гидроэнергетика ва инфрасохтор «WAPCOS Limited» Агравал Р дар Душанбе баррасӣ гардиданд.
Аз Кумитаи мазкур ба мо иттилоъ доданд, ки ҷонибҳо, ҳамзамон, татбиқи лоиҳаи САSА-1000-ро дар самти рушди ҳамкории энергетикӣ ҳамчун омили муҳими таҳкими робитаҳои дуҷониба арзёбӣ карда, барои тақвияти ҳамкории минбаъда изҳори омодагӣ намуданд.
 
 
Ҳамкории Тоҷикистон бо Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳо оид ба ҳамлу нақл 
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, намояндаи доимии ҷумҳурӣ дар назди шуъбаи СММ ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева  Шараф Шерализода бо директори генералии Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳо оид ба ҳамлу нақл  Стефан Грабер вохӯрд. 
АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкориро оид ба  рақамикунонии соҳаи нақлиёт, логистика ва татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ дар ин самт байни Тоҷикистон ва Федератсия мавриди баррасӣ қарор доданд.
 
 
Ҷалби қувваи корӣ барои фаъолияти муваққатии меҳнатӣ ба Тотористон 
3-юми сентябр мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Гулнора Ҳасанзода бо муовини вазири меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тотористон Клара Тазетдинова баргузор шуд.
Тавре ба мо аз Вазорат иттилоъ доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба ҷалби муташаккилонаи қувваи корӣ барои фаъолияти муваққатии меҳнатӣ дар Тотористонро баррасӣ намуданд. 
 
 
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии фармасевтӣ ва тандурустии «IPHEX-2024”
Дар шаҳри Ноидаи Ҳиндустон Намоишгоҳи 10-уми байналмилалии фармасевтӣ ва тандурустии «IPHEX-2024»  баргузор гардид.
Палатаи савдо ва саноат иттилоъ додааст, ки дар он Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо роҳбарони якчанд ширкатҳои истеҳсолкунандаи дору вохӯрданд. Ҳамзамон, ба шаҳри Чадигарх сафар намуда, бо чанд корхонаи истеҳсоли маҳсулоти доруворӣ шинос шуда, шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонданд.
 
 
Дар роҳи Душанбе – Чанок деворҳои ҳимоявӣ гузошта мешаванд
Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД»  дар Тоҷикистон барои таъмини ҳаракати  муназзаму бехатари нақлиёт дар роҳи Душанбе – Чанок деворҳои ҳимоявӣ (парапет) месозад. 
Аз маркази матбуоти филиали Ширкат ба хабарнигори мо иттилоъ доданд, ки то имрӯз дар масофаи 16000 метр деворҳои ҳимоявӣ  сохта шудаанд, ки ҳар парапет зиёда аз 2,5 тонна вазн дошта,   дар ҳолати бархӯрди воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла автомобилҳои гаронвазн, устувор боқӣ мемонанд.
 
 
Саёҳати сарбозон дар мавзеъҳои таърихиву истироҳатии вилояти Суғд
Вазорати мудофиаи мамлакат дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш сайри сарбозони ятимро дар мавзеъҳои истироҳатии Суғд ташкил намуд. 
Беш аз 30 нафар сарбози қисмҳои ҳарбии гарнизони Суғд аз Қасри таърихии Арбоб, Боғи фарҳангию фароғатии 30-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ, Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров,  Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ва аз Боғи фарҳангӣ-фароғатии Камоли Хуҷандӣ дидан намуданд.
 
 
«Мероси хаттии тоҷикон»
Таҳти ҳамин унвон дар Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» намоиши нусхаҳои нодири дастнависҳо ифтитоҳ ёфт.
Дар намоиш аз фонди тиллоии Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи таърихии вилояти Суғд зиёда аз 30 нусхаи нодири дастнавис ва чопи сангие, ки фарогири мавзуъҳои гуногуни таърихӣ – ирфонӣ, адабӣ ва фиқҳи ҳанафӣ мебошанд, инчунин, намунаҳои гуногуни ҳунари хушнависӣ аз ашъори классикони форсу тоҷик, ки аз ҷониби хаттоти чирадасти тоҷик Комилҷон Саидолим китобат шудаанд, ба тамошо  гузошта шуданд.
Санаи нашр: 05.09.2024 №: 171
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив