ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САМАРҚАНД. ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ БА ИФТИХОРИ ЗОДРӮЗИ УСТОД АЙНӢ

САМАРҚАНД. ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ БА ИФТИХОРИ ЗОДРӮЗИ УСТОД АЙНӢ

12 феврал 2024, Душанбе
36
0


Бахшида ба 145-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, сардафтари адабиёти муосири тоҷик, устод Садриддин Айнӣ дар як қатор шаҳру вилоятҳои Ӯзбекистон чорабиниҳои гуногун доир мегарданд. Аз ҷумла, яке аз чунин маҳфилҳои доманфарохи фарҳангӣ бо иштироки сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, академик Абдуҷаббор Раҳмонзода дар осорхонаи устод (шаҳри Самарқанд) баргузор шуд.  

Маврид ба ёдоварист, ки  осорхонаи устод Садриддин Айнӣ 19-уми майи соли 1967 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шафати майдони Регистони шаҳри Самарқанд ифтитоҳ гардид. 
– Ин чорабинӣ басо хубу хотирмон гузашт. Тавре ки шоҳид будем, аҳли адабу фарҳанг аз паҳлуҳои гуногуни зиндагӣ ва эҷодиёти устоди бузургвор ёдоварӣ карданд. Нақши ӯро дар рушди инкишофи тамаддун, хосатан адабиёти муосири тоҷик ва муаррифии он ба ҷаҳониён, хеле муҳим арзёбӣ намуданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва шаҳрдории Самарқанд  низ дар мавриди абадӣ гардондани хотираи устод Айнӣ ҳамеша тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Дар баробари ин, боиси ифтихор аст, ки хидматҳои шоёни Садриддин Айнӣ бо ордени Барои хидматҳои бузург қадр гашт. Осорхона сол ба сол ба худ симои нав мегирад ва бо маводи бештар ғанӣ мегардад,– гуфт ба рӯзномаи “Ҷумҳурият” сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода.
 Ӯ афзуд, ки Сафорати Тоҷикистон бо мусоидати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои такмил додани хазинаи осорхонаи устод Айнӣ, воқеъ дар ноҳияи Ғиждувон, бо китобҳои тозанашри тоҷикӣ, 90 нусха асарҳои гуногунжанрро тақдим кард. 
   – Гиромидошти устод Садриддин Айнӣ барои ҳар як фарди фарҳангӣ ва онҳое, ки аз ҳаёту фаъолияташон огоҳ ҳастанд, ҳам қарзу ҳам фарз аст. Дар рӯзномаи мо роҷеъ ба паҳлуҳои гуногун ва басо ҳикматомези устод Айнӣ матолиби зиёд ба табъ мерасад. Дар ин шабу рӯз кормандони рӯзнома сертараддуданд, зеро дар ташкилоту муассисаҳои гуногуни шаҳри Самарқанд ва соири минтақаҳои вилоят бахшида ба 145-солагии устод чорабиниву маҳфилҳо доир мегарданд, ки онҳо дар саҳифаҳои “Овози Самарқанд” бояд сари вақт инъикос шаванд, – иброз дошт сардабири он Баҳодур Раҳмонзода.
Дар чорабинӣ, инчунин, докторҳои илмҳои филология Аслиддин Қамарзода ва Ҷумъа Ҳамроҳ, адабиётшинос Амина Шарофиддинова, шоира Дилшода Фарҳодзод, адибон Нормурод Каримзода ва Бахтиёри Ҷумъа, журналист Холида Аҳророва ва як қатор чеҳраҳои адабу фарҳанги Самарқанд иштирок карданд. 
 Маҳфили 145-солагии гиромидошти устод Садриддин Айниро шеъру таронахонӣ ва барномаи консертии муҳасиллини муассисаҳои таълимии тоҷикии вилояти Самарқанд шукӯҳи тоза бахшид. 

Мирасрор АҲРОРОВ, “Ҷумҳурият”, шаҳри Самарқанд

Санаи нашр: 12.02.2024 №: 30
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив