ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

12 феврал 2024, Душанбе
11
0


Дар ташаккули ҷаҳонбинӣ ва диди эстетикии устод Ғанӣ Абдулло ду омили муҳим мавқеи басе асосӣ доранд: яке дар шаҳри бостонии Самарқанд дар оилаи тоҷири соҳибном Абдуллоҷони Абдухолиқ ба воя расидан ва дигаре дар яке аз марказҳои муҳими адабиву фарҳангии форсизабонон дар оғози садаи гузашта – шаҳри Боку таҳсили илм намудани ӯст. Чуноне ки писари устод Рашид Абдулло дар яке аз хотираҳояш зикр намудааст, дар хонадони онҳо ҷамъ омадани аҳли илму адаб расм буд. Мусаллам аст, ки дар чунин суҳбатҳо баҳс дар хусуси  илму адаб мерафт. 
Дар Бокуи нимаи аввали садаи ХХ, сарфи назар аз он ки, таъсири пантуркистон хеле амиқ ба назар мерасид, ҳамоно руҳияи як ҷузъи муҳими адабу фарҳанги форсӣ будани он нигоҳ дошта мешуд. Биноан, Ғанӣ Абдулло соли 1935 дар Боку маҷмуаи шеърҳояшро таҳти унвони  «Садо» ва достони «Ду соҳил» ба чоп расонд. 
Дониши бадастовардааш ба ӯ имкон дод, ки ба ҷараёнҳои нави адабӣ, ки маҳсули замони нав буданд, баҳои дуруст бидиҳад. Ба андешаи адабиётшиноси маъруфи тоҷик Абдураҳмони Абдуманнон дар ин солҳо як қатор мақолаҳои илмиву оммавии Ғанӣ Абдулло ба дасти нашр мерасанд, ки миёни онҳо маводи ба таҳқиқи драматургияи миллӣ бахшидашуда мавқеи хос дорад. 
Ғанӣ Абдулло соли 1935 бо ҳамқаламии Абдушукур Пирмуҳаммадзода асари саҳнавии «Рустам ва Суҳроб», соли 1937 ҳамроҳи Абдусалом Деҳотӣ ва Мирзо Турсунзода пйесаи «Хусрав ва Ширин» ва соли 1936 асари таърихии «Шӯриши Восеъ» - ро иншо намуд. Ғанӣ Абдуллоро метавон яке аз поягузорони драматургияи миллӣ ҳисобид. Бо ин асарҳои худ устод Ғанӣ Абдулло ҳамчун драматурги тавоно эътироф гардида, дар таҳкими раванди тақвияти хотираи таърихӣ саҳми босазо гузоштаанд. Гарчанде тадқиқи бадеии корномаҳои инқилобӣ ба мустаҳкам намудани ҳаёти нав алоқаманд буданд, онҳо бо тақдири халқи тоҷик пайванди ногусастанӣ доранд. Дар асоси ин таҷрибаи хеле муваффақонаи устод Ғанӣ Абдулло драматургия ва театри тоҷик дар инъикоси воқеаву ҳодисаҳои дурахшони таърихиаш ва васфи фарзандони шуҷоаш кореро ба сомон расонд, ки шоистаи таҳсин ва таҳқиқи алоҳидаи густурда аст. 
Баъдан, ин раванд дар таълифи асарҳои таърихӣ ва тарҷумаиҳолии «Мо аз “Боми ҷаҳон» (1965), «Ҷомӣ ва Навоӣ» (1969), «Ситораҳои умед» (1975, дар бораи Шириншоҳ Шоҳтемур), «Шамъи маърифат» (1978, дар бораи устод Садриддин Айнӣ), «Мурғи саҳар» (1980, дар бораи Абулқосим Лоҳутӣ) ва  «Рухшона» (1982) идома меёбад. 
Устод то ба истиқлоли давлатӣ нарасиданд, аммо дар раванди расидан ба он корҳои шоистаеро анҷом доданд. Яке аз вазифаҳои муҳими солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар назди ҷомеа буда, ин эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва ташкили давлатдории миллӣ гардид. 
Ғанӣ Абдулло дар драматургияи миллӣ нахустин шуда ба таҳқиқи бадеии образҳои ҷовидонаи Садриддин Айнӣ ва Шириншоҳ Шоҳтемур пардохт. Дар бораи драмаи «Шамъи маърифат» хеле гуфтаанд, дар мавриди ду асари ба ҳаёт ва фаъолияти сиёсии Шоҳтемур бахшидаи устод «Ситораҳои умед» ва «Телеграмма ба Ленин» ҳаминро метавон ба таври умумӣ иброз дошт, ки дар онҳо ташаккули характери қаҳрамони асосӣ зина ба зина пеши чашми хонанда сурат гирифтаанд.  Агар дар асари аввалӣ ба муносибати Шириншоҳ бо оилаи сарбози рус Лебедев ва таҳти таъсири ӯ ба ғояҳои инқилобӣ шинос шудани қаҳрамон диққати махсус дода шуда бошад, дар асари дигар мо, аллакай, мебинем, ки мабдаи амалиёти драмавиро бархӯрди ду неруи ба ҳам зид – болшевикон таҳти сарварии Шоҳтемуру Дйяков ва аксулинқилобчиён бо сардории Давлатбек ва Эссертон ташкил медиҳад. 
Дар ин муддат мо шоҳиди таҳаввулоти бузурги эҷодие дар осори худи драматург низ мегардем. Чуноне ки ҳунаршинос Баҳор Хуррамзод хулоса намудааст, агар дар фоҷиаи «Рустам ва Суҳроб»-и драматург симои қаҳрамони асосӣ дар асоси ривояти мифологӣ таҷассум гардида бошад, дар драмаҳои қаҳрамоние, ки Ғанӣ Абдулло дар солҳои 60-уму 70- уми асри гузашта офаридааст, қаҳрамонони асосӣ шахсиятҳои воқеии таърихӣ мебошанд. 
Дар замони ҷаҳонишавӣ, дар даврае, ки арзишҳои маънавӣ маъниҳои дигареро ба худ касб мекунанд, ҷомеа ба тарбияи тафаккури таърихӣ ва ифтихори миллӣ ниёз дорад. Он ягона имкони пойдорӣ ва муайян намудани нақши миллати худ дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад. 
Чуноне ки маълум аст, барои офаридани асарҳои баландғояи таърихӣ танҳо дарки он кофӣ нест, онро бояд эҳсос ҳам кард. Танҳо муаллифе ҳуқуқи эҳёи саҳифаҳои барҷастаи таърихи халқи хешро дорад, ки қудрати ба забон овардани сукути таърих, тавзеҳи  фактҳои муқаррариро дошта бошад. Ғанӣ Абдулло маҳз аз ҳамин гуна эҷодкорон буданд.   

Муҳаммадуллоҳ ТАБАРӢ, “Ҷумҳурият” 

Санаи нашр: 12.02.2024 №: 30
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив