ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТОҶИКИСТОН-2026. МАРКАЗИ ТЕХНИКИИ ФЕДЕРАТСИЯИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН-2026. МАРКАЗИ ТЕХНИКИИ ФЕДЕРАТСИЯИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН

13 феврал 2024, Сешанбе
8
0


Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар сохтмони иншооти таъиноташон гуногун бомаром идома дорад. Аз ҷумла, Федератсияи футболи Тоҷикистон соли 2020 барои фароҳам кардани шароити тамрини дастаҳои мунтахаби футбол сохтмони маркази техникиро шуруъ намуд.  
Маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳияи Варзоб, дар километри 40-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ҷойгир аст ва ҳамчун макони тамринии дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.
Марказ дар масоҳати 6 гектар бо маблағгузории Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) бунёд гардида, аз меҳмонхона, нуқтаи тиббӣ, майдонҳои тамринӣ бо сабзаи табиӣ ва сунъӣ, инчунин, пайроҳаи дав иборат аст. 
Майдонҳоро ширкати маъруфи туркии «Hatko Sport» тибқи меъёрҳои Федератсияи байналмилалии футбол бо андозаи 104 ба 68 метр сохт. Майдони бо сабзаи табиӣ сохташудаи Марказ дар Тоҷикистон беназир аст.
Меҳмонхонаро бошад, ширкати маҳаллӣ – ҶДММ “Сохтмон ва тиҷорат МҒ” бунёд кард. Он барои қабули беш аз 140 нафар дар як вақт пешбинӣ шуда, зимни корҳои сохтмонӣ маҳсулоти баландсифат истифода гардид. Рафти сохтмонро мутахассисони FIFA пайваста назорат мекунанд.
Ҳудуди 90 дарсади корҳои сохтмонӣ дар Марказ ба анҷом расидааст. Бо беҳтар шудани ҳаво корҳои ободонӣ шуруъ мегардад ва иншоот ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
Ин ҷо дар баробари дастаҳои мунтахаби футболи кишвар, инчунин, клубҳо ва тимҳои миллии футболи кишварҳои хориҷӣ имкони гузарондани ҷамъомадҳои тамриниро доранд. 
Баъди ба истифода додани Марказ то 40 нафар бо кори доимӣ таъмин мегардад.

Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 13.02.2024 №: 31
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив