ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САНОАТ. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛ БА 46,8 МИЛЛИАРД СОМОНӢ РАСИД

САНОАТ. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛ БА 46,8 МИЛЛИАРД СОМОНӢ РАСИД

15 феврал 2024, Панҷшанбе
81
0

 

Соли сипаришуда истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ ба 46,8 миллиард сомонӣ расид, ки бо нархҳои муқоисавӣ назар ба соли 2022-юм 4,6 миллиард сомонӣ бештар мебошад. Ҳаҷми умумии маҳсулоти соҳа ба саноати коркард беш аз 60,9 дарсад, истихроҷ 20, таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво 18,8 дарсад рост меояд. 

НИГАРОНИИ ВАЗИР АЗ 426 КОРХОНАЕ, КИ НИШОНДОДИ СИФРӢ ДОРАНД
Зимни ҷамъбасти фаъолияти Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар соли 2023 роҳбари ниҳод Шералӣ Кабир, гуфт, ки дар натиҷаи дастгириҳои фароҳамгардида, дар соҳаҳои саноат беш аз 7,8 миллиард сомонӣ маблағҳои дохилии корхонаҳо ва сармоягузории хориҷӣ равона гардид. Бо мақсади таъмин намудани рушди соҳаи саноат ва ноил гардидан ба ҳадафи чоруми стратегии миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, 729 корхонаю коргоҳи нави саноатӣ мавриди истифода қарор гирифта, 4846 нафар соҳиби ҷойи кор шуд. Корхонаҳои нав дар ҳаҷми 320,3 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд. 
Ба маълумоти вазир, ба ҳолати якуми январи соли равон дар ҷумҳурӣ 3444 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шуд ва дар давраи ҳисоботӣ шумораи корхонаҳои аз фаъолият бозмонда 124-торо ташкил дод. 
Дар давраи ҳисоботӣ як гурӯҳ корхонаҳои саноатӣ ба Вазорат бо сабабҳои ба анҷом расидани муҳлати амали иҷозатномаи фаъолият, надоштани маблағҳои гардон ва фармоиш, гузарондани корҳои таъмирӣ оид ба сифр будани даромадашон ҳисобот доданд. 
Шералӣ Кабир дар ин бора гуфт, ки шумораи ин корхонаҳо ба 426 адад расид ва пешниҳоди маълумоти сифрӣ маънии барҳам хӯрдани корхонаро надорад. Корхонаҳое, ки ҳисоботи сифр пешниҳод кардаанд, қобилияти истеҳсолӣ доранд. Агар ду сол нишондодҳо сифр бошанд, он гоҳ ба гурӯҳи корхонаҳои бозистода ворид мешаванд. 
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Ҳукумат (25-уми январи соли равон) таъкид доштанд, ки агар барои ислоҳи чунин вазъият чораҳои фаврӣ андешида нашаванд, барои расидан ба ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар монеаи ҷиддӣ пеш меояд. 

ИСТЕҲСОЛИ ЛИБОСИ МАКТАБӢ, АНГИШТ ВА СОДИРОТИ СЕМЕНТ КОҲИШ ЁФТ
Дар давраи мавриди назар содироти маҳсулоти истеҳсолкардаи корхонаҳои саноати сабук ба хориҷи кишвар 19 миллион доллари ИМА афзуда, ба 300 миллион доллар баробар гардид. Бо мақсади иҷрои супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати то оғози соли хониши 2023-2024 таъмини хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо либоси мактабии истеҳсоли ватанӣ тадбирҳои зиёд роҳандозӣ шуда, истеҳсоли либоси мактабӣ беш аз 3,1 миллион донаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2022 қариб 182 000 дона кам аст. Сабабҳои асосии коҳишёбии истеҳсол дуруст ба роҳ монда нашудани ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла раёсату шуъбаҳои маориф бо корхонаҳои истеҳсолкунандаи либоси мактабӣ ва гарон будани арзиши истеҳсоли либоси мактабии ватанӣ нисбат ба либоси мактабии воридшаванда ба ҷумҳурӣ мебошад. 
Истихроҷи ангишт бошад, аз тарафи сездаҳ корхонаи соҳа дар даҳ кон ба 2084,2 ҳазор тонна баробар шуда, нисбат ба соли пешӣ 309,4 ҳазор тонна кам гардид. 
Дар натиҷаи шароитҳои фароҳамгардида, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ назар ба нишондоди соли 2022  афзоиш ёфта, чор миллиард сомониро ташкил кард. Зиёдшавии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот давоми панҷ соли охир аз ҳисоби корхонаҳои нави сементбарорӣ мебошад, ки ҳиссаи онҳо дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти соҳа ба 65 дарсад баробар гашта, 4,4 миллион тоннаро ташкил дод. Корхонаҳои сементбарорӣ 940,8 ҳазор тонна семент, аз ҷумла ба Ӯзбекистон ва Афғонистон, бо маблағи 34,7 миллион доллар фурӯхтанд, ки нисбат ба соли 2022-юм 442,1 ҳазор тонна кам мебошад. 

ТАВЛИДИ БЕШ АЗ 11,6 МИЛЛИАРД СОМОНӢ МАҲСУЛОТИ ХӮРОКВОРӢ
Саноати хӯрокворӣ рушди устувор ва мунтазами худро тавассути бунёди корхонаҳои муосир идома дода, дар як сол ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа беш аз 11,6 миллиард сомониро ташкил дод. Ин нишондод дар муқоиса ба соли пешӣ зиёд буда, 24,8 дарсади ҳаҷми умумии маҳсулоти саноати ҷумҳурӣ мебошад. Бо зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсол сатҳи таъминоти бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, ки ҳадафи асоси саноати хӯрокворӣ мебошад, мунтазам меафзояд. Ҳоло дар соҳаи хӯрокворӣ 815 корхона фаъолият дорад. 
Шералӣ Кабир таъкид кард, ки танҳо соли гузашта дар саноати хӯрокворӣ ҷиҳати афзоиши иқтидорҳои истеҳсолӣ ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ғизоии саноатӣ 165 корхона ба истифода дода шуд. Қобили таваҷҷуҳ аст, ки соли гузашта ба хориҷи кишвар ба маблағи 50,1 миллион доллари ИМА маҳсулоти соҳа содирот гашт, ки нисбат ба соли 2022 7,5 миллион доллар зиёд аст. 

САНОАТИ МАЪДАН ВА ИҚТИСОДИЁТ: ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТ 811 МЛН СОМОНӢ БОЛО РАФТ
Соҳаи саноати коркарди маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо яке аз соҳаҳои дорои имкониятҳои васеъ  ҷиҳати рушди иқтисодиёти мамлакат ба ҳисоб меравад. Корхонаҳои соҳа соли гузашта ба маблағи 13,3 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки назар ба соли 2022-юм 811 миллион сомонӣ бештар мебошад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа бисту нуҳ дарсади ҳаҷми маҳсулоти умумии корхонаҳои саноатии ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Дар заминаи хуби фазои сармоягузорӣ соли рафта дар соҳа ду корхонаи бузурги саноатӣ бо муосиртарин технологияҳои ҷаҳон дар КМ “Зарафшон” ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” бунёд гардид. 

Кароматулло АТО, 
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 14.02.2024 №: 32
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив