ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » КОРРУПСИЯ

КОРРУПСИЯ

15 феврал 2024, Панҷшанбе
15
0


Мансабдоре, ки ба соҳибкорӣ ва тасарруфи маблағҳои буҷетӣ даст зад, ба толори суд рафт
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия иштироки ғайриқонунии як шахси мансабдор дар фаъолияти соҳибкорӣ ва тасарруфи маблағҳои буҷетӣ ба миқдори махсусан калонро аз ҷониби ӯ ошкор намуд.
Ин нафар Ашраф Истамзода буда, тибқи иттилои дафтари матбуоти Агентӣ, аз моҳи июли соли 2016 то 20-уми феврали соли 2023 ба ҳайси сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент кор карда, ҳамчун шахси мансабдор дар ин давра идоракунӣ ва роҳбарии ҶДММ «Нисо-А»-ро амалӣ намуда, бо фароҳам овардани бартарӣ ба ин ҷамъият дар чанд маврид ба қасдан содир намудани ҷиноят даст задааст. 
Чунончи, номбурда ҶДММ «Нисо-А»-ро ғайриқонунӣ роҳбарӣ карда, бо истифода аз мақоми хизматиаш ҳамчун сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент барои ба имзо расондани қарордодҳои давлатӣ байни мақомоти давлатии шаҳр ва ин коргоҳ шароит фароҳам овардааст. Дар ин замина, моҳҳои сентябр-декабри соли 2022 бо мусоидат ва пуштибонии А. Истамзода ҷамъияти зери роҳбариаш зимни иҷроиши талаботи қарордодҳои давлатӣ бо ниҳодҳои дахлдори шаҳри Панҷакент ҷиҳати корҳои сохтмонӣ ва таъмини молу маҳсулот дар 9 ҳолат даст ба азхудкунии маблағҳои давлатӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳо зада, бо ин роҳ, дар маҷмуъ, 1 247689 сомонии аз ҳисоби маблағҳои буҷет ҷудошударо тасарруф кардааст. 
Вобаста ба ҳолати мазкур, нисбат ба Ашраф Истамзода ва дигарон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б”, 318, 323 ва 340 қисми 2 банди “а” Кодекси ҷиноятӣ оғоз гардида, бо гузарондани амалҳои зарурии мурофиавӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол гардидааст.  


САРКАШӢ АЗ ПАРДОХТИ АНДОЗ
Директор ва сармуҳосиби корхона дар назди қонун ҷавоб мегӯянд

Директор ва сармуҳосиби ҶДММ «Сипар Ком» барои кӯшиши ба даст овардани фоидаи муфт ва саркашӣ аз супурдани андозҳо аз шахсони ҳуқуқӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

Дар ин бора маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар дод. Тибқи иттилои манбаъ, А. Саттаров - директор ва Ҳ. Муминов, сармуҳосиби ҷамъият аз моҳи апрели соли 2021 то сентябри соли 2023 бар хилофи талаботи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон амал карда, манбаи андозбандишавандаро пинҳон намуда, дар ин замина бо роҳи пешниҳод кардани деклоратсияҳои носаҳеҳ ба нозироти андози ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба маблағи 8 877 911 сомонӣ ва бо назардошти ҷаримаву фоизҳо 13 389 927 сомонӣ аз пардохти андозҳои давлатӣ саркашӣ намудаанд, ки дар натиҷа бо ин кирдорҳои қасдонаашон ба давлат зарари моддӣ ба миқдори махсусан калон расонданд.
Дар ин робита, нисбат ба А. Саттаров ва Ҳ. Муминов парвандаи ҷиноятӣ бо дастрасии моддаи 292 қисми 2 банди «б» Кодекси ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад. 

Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 14.02.2024 №: 32
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив