ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

16 феврал 2024, Ҷумъа
10
0


ҚАЛЛОБӢ
Аз Русия гурехту дар Тоҷикистон  ба курсии айбдорӣ нишаст

Вазорати корҳои дохилӣ аз ошкор шудани як ҳолати қаллобӣ дар ҳаҷм махсусан калон хабар дод, ки марди 32 - солаи сокини ноҳияи Рашт ба содир намудани ин ҷиноят гумонбар мешавад.
Тавре сомонаи ВКД иттилоъ медиҳад, ин мард ҳангоми дар шаҳри Красноярски Федератсияи Русия қарор доштанаш бо роҳи фиреб ба боварии сокини дигари ноҳияи Рашт (марди 39-сола) даромада, 15-уми феврали соли 2021 бо баҳонаи дар шаҳри Душанбе манзили зист харидорӣ намудан аз ӯ 5 миллион рубли русӣ (мутаносибан 756 ҳазор сомонӣ) гирифтааст. Бори дуюм бо баҳонаи эҳтиёҷоти рӯзмарра 3 миллион рубл (423 ҳазор сомонӣ)-и дигар гирифта, ваъда додааст, ки аз ҳисоби музди меҳнаташ ин маблағҳоро бармегардонад. Вале моҳи майи ҳамон сол аз Русия ба Тоҷикистон омада, маблағҳои гирифтаашро ба манфиати худ сарф карда, бо ин кирдораш ба ҷабрдида зарари махсусан калони моддӣ расондааст.
Айни ҳол, нисбат ба гумонбаршаванда бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятӣ (қаллобӣ ба миқдори махсусан калон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.


ПОРА
Муфаттиши милитсия бо 6000 доллар ба даст афтод

Муфаттиши калони ШВКД дар шаҳри Хуҷанд Т. Абдураҳимзода ҳангоми гирифтани 6000 доллари ИМА ба сифати пора дастгир шудааст.
Дар ин бора маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар дод. Тибқи иттилои манбаъ, номбурда парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба ҳолати сохтакории ҳуҷҷатҳоро ба пешбурди худ қабул намуда, дар рафти тафтишот даст доштани шаҳрванд А. Охматовро дар содир намудани ҷинояти мазкур муайян намуд. Сипас, бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт ба амали ғайриқонунӣ даст зада, барои ба ҷавобгарӣ ҷалб накардани А. Охматов 6000 доллари ИМА ба сифати пора талаб кардааст. Вале 27-уми январи соли 2024 ҳангоми гирифтани ин маблағ дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дастгир гардид.
Феълан нисбат ба муфаттиши милитсия парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 319 қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ (гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдор) оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият” 

Санаи нашр: 15.02.2024 №: 33
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив