БОКС

20 феврал 2024, Сешанбе
6
0


Баҳодур Усмонов – чемпиони Осиё аз рӯи фарзияи IBA
16-уми феврал дар шаҳри Душанбе мусобиқаи бокси касбӣ таҳти унвони “Шоми чемпионҳои IBA” баргузор шуд.
Дар доираи мусобиқа 6 рақобат доир гашт, ки дар чортоаш муштзанҳои тоҷик ширкат карда, се ғалаба ба даст оварданд. Баҳодур Усмонов дар рақобат барои камарбанди чемпиони Осиё аз рӯи фарзияи IBA дар вазни 63,5 кило бар Ҷовид Чалабиеви озарбойҷонӣ пирӯз шуд. Муҳорибаи ин ҷуфт 8 раунд идома ёфт. Воқеан, ин ҳаштум рақобати Баҳодур Усмонов дар бокси касбӣ аст, ки дар ҳамааш ғалаба кардааст. Дар ду рақобати дигар Шамшер Саидов дар вазни 67 кг бар Мирзомаҳмад Мирзобеков аз Ӯзбекистон ва Акмал Убайдов дар вазни 57 кг бар Ассилжан Серикбай аз Қазоқистон пирӯз шуданд.
Дар се муҳорибаи асосии ин шом Шарофутдин Атаев аз Россия дар вазни 86 кг барои унвони чемпиони ҷаҳонии IBA дар бокси касбӣ бар Лорен Алфонсо аз Озарбойҷон, Миразизбек Мирзохалилови ӯзбекистонӣ бар Луис Родригес Оканаи мексикоӣ дар вазни 57 кг ва Эдуардо Нунеси мексикоӣ бар Шавкатҷон Раҳимов аз Тоҷикистон дастболо гардиданд.


ҶУДО
Абубакр Шеров – барандаи медали нуқраи  “Baku Grand Slam 2024”
Паҳлавони ҷавону умедбахши кишвар Абубакр Шеров дар Мусобиқаи байналмилалии ҷудо - “Baku Grand Slam 2024” медали нуқра гирифт.
Мусобиқа 16-18-уми феврали соли равон баргузор гардида, дар он 404 варзишгар аз 62 давлат ширкат карданд.
Абубакр дар се давр бар намояндагони Руминия, Гурҷистон, Амороти Муттаҳидаи Араб, дар нимфинал бар варзишгари тими бетараф ғолиб омада, дар финал аз паҳлавони маъруф ва ботаҷрибаи озарбойҷонӣ Ҳидоят Ҳайдаров мағлуб шуд.
Дар Мусобиқа ҷумҳурии моро 12 варзишгар – 8 мард, 4 зан – намояндагӣ карданд.
Абубакр Шеров барои ин дастовард сазовори 3000 евро ва 700 хол гардид, ки мавқеашро дар радабандии ҷаҳонӣ ва олимпӣ беҳтар мекунад.


ФУТБОЛ
Тими миллии Тоҷикистон дар феҳристи 100-гонаи FIFA ворид шуд  
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон, пас аз иштироки бомуваффақият дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023, мавқеашро дар радабандии Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) ба таври назаррас беҳтар кард.
Дар радабандии нави FIFA, ки 15-уми феврал нашр шуд, тими миллии Тоҷикистон ҳафт зина боло баромада, дар ҷойи 99-ум қарор гирифт. Ин беҳтарин натиҷа дар таърихи тими миллӣ ба ҳисоб меравад.
Ёдрас мешавем, ки дар Ҷоми Осиё-2023 дар Доҳа мунтахаби Тоҷикистон панҷ бозӣ анҷом дода, дар марҳалаи гурӯҳии мусобиқот бо Чин мусовӣ (0:0) бозӣ карда, аз Қатар шикаст хӯрд (0:1) ва бар Лубнон (2:1) зафар ёфт. Дар даври 1/8 ниҳоӣ мунтахаби Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабро (1:1, 5:3 аз рӯйи пеналти) мағлуб намуда, дар даври чорякниҳоӣ аз дастаи Урдун (0:1) ноком шуд. Ҳамин тариқ, тими миллии футболи мо соҳиби 23,82 хол гардид ва ҳоло 1218,89 хол дорад. Миёни дастаҳои узви Конфедератсияи футболи Осиё тими миллии мо дар зинаи 16-ум мавқеъ гирифтааст.
Ҳамакнун дастаи мунтахаби футболи кишвар ба бозиҳои марҳалаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар қораи Осиё, ки соли равон баргузор мешаванд, омодагӣ мегирад. Тоҷикистон дар гурӯҳи “G” бо дастаҳои Арабистони Саудӣ, Урдун ва Покистон бозӣ мекунад. Соли 2023 дар ду вохӯрӣ мунтахаби мо бо Урдун мусовӣ (1:1) бозӣ карда, дар сафар Покистонро бо ҳисоби 6:1 мағлуб намуд. Моҳи март футболбозони мо дар ду давр муқобили Арабистони Саудӣ бозӣ мекунанд. Бозии аввал 21-уми март дар Риёз ва бозии дуюм 26-уми март дар Душанбе доир мегардад, баъдан 6-уми июн дар сафар бо Урдун ва 11-уми июн дар Душанбе бо Покистон вомехӯранд. Феълан дар ҷадвали гурӯҳ Арабистони Саудӣ бо 6 хол ҷои аввалро гирифта, тими Тоҷикистон бо 4 хол дар ҷои дуюм мавқеъ дорад. Урдун бо 1 хол дар ҷои сеюм, Покистон бе хол дар ҷои чорум қарор гирифтаанд.
Дар марҳалаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар қораи Осиё 36 даста дар 9 гурӯҳ иштирок доранд ва аз ҳар гурӯҳ ду даста ба марҳалаи сеюми интихобии Ҷоми ҷаҳон ва ба марҳалаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳхат мегирад.


ГӮШТИНГИРӢ
Беҳтаринҳои соли 2024 муайян гардиданд
17-18-уми феврал дар Маҷмааи варзишии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ баргузор шуд.
Ба иттилои Федератсияи гӯштии миллӣ – гӯштингирӣ, дар чемпионат наздики 200 варзишгар аз ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ширкат карда, дар ҳафт вазн миёни мардҳо ва ду вазн миёни бонувон қувва санҷиданд. Миёни бонувон дар вазни 57 кг Рӯзигули Ҳасан (Душанбе-2) ва дар вазни 70 кг Ҷонона Назарова (Хатлон-2) ғолиб омаданд. Миёни мардҳо дар вазнҳои -60 кг Сомон Аламов (Душанбе-1), -65 кг Шаҳбоз Саидаброров (Душанбе-2), -71 кг Маҳмараҷаб Ҳусейнзода (Суғд), -78 кг Қоим Шукронов (Душанбе-1), -86 кг Ҳақназар Назаров (ШНТҶ), -95 кг Улуғбек Раҳимов (Хатлон-1) ва вазни +95 кг Шарифҷон Назриев (Хатлон-2) пирӯз гаштанд.
Аз ҳисоби ғолибон тими мунтахаби кишвар таъсис дода мешавад, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат мекунанд. Аз ҷумла, 8-уми март Ҷоми раиси шаҳри Душанбе бо иштироки паҳлавонон аз 39 кишвар ва моҳи сентябр аввалин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ бо иштироки варзишгарони беш аз 60 давлат дар назар аст.

Умаралӣ САФАРАЛӢ, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 19.02.2024 №: 35
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив