ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САЙЁҲӢ. ДАР РУШДИ СОҲА БЕТАРАФ НАБОШЕМ!

САЙЁҲӢ. ДАР РУШДИ СОҲА БЕТАРАФ НАБОШЕМ!

22 феврал 2024, Панҷшанбе
32
0


Тибқи Феҳрасти ёдгориҳои таърихии Вазорати фарҳанг айни ҳол дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 647 ёдгории таърихӣ мавҷуд мебошад, ки арзиши баланди бостонӣ доранд. Мутаассифона, имрӯз бештари онҳо дар ҳолати ногувор ва  маҳвшавӣ қарор дошта, ба ҳифзу навсозии таъҷилӣ ниёз доранд. Дар ин бобат  мудири шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ  Симбод Амонбеков зимни баромад дар  ҷаласаи  Шурои ҳамоҳангсозии  миллӣ оид ба рушди сайёҳӣ дар вилоят, ки дар ҳузури  раиси вилоят  Мирзонабот Алишер Худобердӣ доир гардид, иттилоъ дод. 
Ба гуфти ӯ,  солҳои охир бостоншиносони тоҷик танҳо  дар ноҳияи  Роштқалъа бештар аз 60  мавзеи таърихиро кашф намуданд, ки  14-тои онҳоро  боқимондаҳои тӯпхонаҳо, бошишгоҳҳо ва қалъаҳо ташкил дода,  Роштқалъа, Синдевқалъа ва Ҷавшангозу  қалъаи Шошбувад маъруфтарини онҳо мебошанд. Бо мурури замон, бар асари заминҷунбӣ, барфу борон ва муносибати харобкоронаи сокинони гирду атроф  баъзе аз ин  қалъаву маконҳои бостонӣ рӯ ба нестӣ овардаанд. Масалан, дар гӯшаву канори ноҳияи Роштқалъа қалъаҳои кӯчак, аммо хеле қадима, ба мисли Барев, Хинвод, Чакарқалъа, Борикакқалъа мавҷуд буданд, ки  комилан хароб гардида, аз байн рафтанд. Қалъаи Роштқалъа бошад, агарчи қисман хароб шуда бошад ҳам, деворҳои бархе аз биноҳои он  ҳанӯз ҳам побарҷоянд. Мутаассифона, дар дигар иншоотҳои  таърихии ҳудуди вилоят низ ҳол аз ин беҳ нест. Қалъаҳои Қаҳқаҳаву  Ямчун (Ишкошим), Кофарқалъа (Шуғнон),  Вамар (Рӯшон)  ҳам ба  таъмири ҷиддӣ ниёз доранд.   
Ҳамзамон,  Симбод Амонбеков  зикр кард, ки сар аз соли 2022 бо дастгирии Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаи дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот”-и назди Вазорати молия дар вилоят оид ба ҳифзу барқарорсозии ёдгориҳои таърихӣ ва таъмиру таҷдиди инфрасохтори сайёҳӣ як қатор тадбирҳои зарурӣ рӯи кор омаданд. Аз ҷумла, ба осорхонаи Карон (Дарвоз) 857 ҳазору 240 сомонӣ, боғи фарҳангию фароғатии (Рӯшон) 570 ҳазору 883 сомонӣ, мақбараи Шоҳ Бурҳони Валӣ (Роштқалъа) 556 ҳазору 720 сомонӣ, осоишгоҳи Авҷ (Ишкошим) 566 ҳазору 409 сомонӣ, боғи фарҳангию фароғатӣ (Мурғоб) 534 ҳазору 917 сомонӣ ва қалъаи Ямчун (Ишкошим) 5 миллион доллари ИМА ҷудо гардид, ки ин иқдом минбаъд ҳам идома меёбад.  
Синдбод  Амонбеков ёдрас шуд, ки муаррифии зарфиятҳои сайёҳии вилоят дар кишвар ва берун аз он аз вазифаҳои аввалиндараҷаи  масъулони соҳа  маҳсуб меёбад. Ҳоло дар ин самт ҳам қадамҳои нахустин гузошта шуданд. Масалан, тибқи супориши раиси вилоят соли гузашта бо маблағгузории Ассотсиатсияи сайёҳии экологию фарҳангии Помир намояндагони осоишгоҳҳои табобатию солимгардонии Гармчашма, Авҷ ва Биби Фотимаи Зуҳроро дар ярмаркаи байналмилалии сайёҳии Тошканд-2023 ширкат варзида, мавзеъҳои сайёҳии солимгардонӣ – чашмаҳои гарму шифобахши вилоятро муаррифӣ намуданд. 
Раиси вилоят  Мирзонабот  Алишер Худобердӣ дар фарҷоми ҷаласаи Шуро таъкид сохт, ки Бадахшон осорхонаи зиндае мебошад, ки аз куҳанбунёдии сарзамини тоҷикон дарак медиҳад. Барои ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ, аз ҷумла петроглифҳои деҳаи Лангари  ноҳияи Ишкошим, қӯрғонҳои Юрхбуқи (теппаи хирс)-и водии Ҷавшангози ноҳияи  Роштқалъа, оташкадаи деҳаи Боғеви ноҳияи  Шуғнон, Қалъаи Вамари ноҳияи Рӯшон  ва амсоли инҳо аз раисони шаҳру ноҳияҳо сар карда, то сокинони одии маҳал бояд масъулият зоҳир намоянд, зеро беэътиноиву беэҳтиромӣ нисбат ба ин  ёдгориҳо беҳурматӣ ба гузаштаи пурифтихори миллат мебошад.  

Раҳмон  ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 21.02.2024 №: 36-37
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив