ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Дар Парлумони Тоҷикистон бо ҳайати Ҳизби Коммунистии Чин мулоқот баргузор шуд

Дар Парлумони Тоҷикистон бо ҳайати Ҳизби Коммунистии Чин мулоқот баргузор шуд

27 феврал 2024, Сешанбе
10
0


Ҳайати Парлумони Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бо ҳайати меҳмонон таҳти  роҳбарии узви Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Чин Се Чунтао мулоқот намуд. 
Зимни вохӯрӣ таъкид шуд, ки Тоҷикистон ва Чин давоми таърих бо ҳусни ҳамҷаворӣ зиста, ба ҳамдигар дӯстони неку шарикони боэътимод мебошанд. Маҷлиси намояндагон ва Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқ робитаҳои мустаҳками дуҷонибаро амалӣ намуда, дар густариши эътимоди сиёсии ду давлат нақши муҳим доранд. Дар ин бора ба мо аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд. 


Ҳамкории Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо муассисаҳои таҳсилоти касбии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 
Мулоқоти раиси Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ ва сафири фавқулода ва мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар  Тоҷикистон Валид ибни Абдураҳмон ар – Рушайдон доир гашт. 
Иброз гардид, ки Арабистони Саудӣ яке аз мамлакатҳои муҳим дар Шарқи Наздик ва Миёна ба ҳисоб рафта, дар муносибати дуҷониба ва бисёрсамтааш бо Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисодиёт, сиёсат, фарҳанг, рушди сайёҳӣ, маориф, тандурустӣ ва дигар самтҳо лоиҳаҳои бузургро амалӣ месозад. Тибқи хабари пахшнамудаи АМИТ «Ховар», зимни вохӯрӣ пешниҳод шуд, ки лоиҳаи созишномаҳои ҳамкорӣ бо ин муассисаҳои Арабистони Саудӣ таҳия шуда, тибқи муқаррарот пас аз мувофиқа ва гузарондани расмиёти мувофиқасозии дохили давлатӣ амалӣ шаванд.


«Харитаи роҳ»-и амалишавии низоми иҷозати шуғл баррасӣ гашт
Дар шаҳри Сеул вохӯрии сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Салоҳиддин Киром бо директори кулли Раёсати ҳамкории байналмилалӣ Ким Ун Чюл ва директори Раёсати қувваи кории хориҷии Вазорати шуғл ва меҳнати ин кишвар Оҳ Ки Ҳван баргузор гардид. 
Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея хабар медиҳад, ки зимни мулоқот ҷонибҳо «Харитаи роҳ»-и амалишавии низоми иҷозати шуғлро (EPS) барои ҷумҳурии мо баррасӣ намуданд. Ёдовар мешавем, ки 29-уми декабри соли 2023 дар ҷаласаи Кумитаи сиёсати хориҷӣ оид ба меҳнати Корея Тоҷикистон ба низоми иҷозати кор (EPS) дар Корея ҳамчун давлати 17-ум интихоб шуд.

Санаи нашр: 26.02.2024 №: 39
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив