ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НИҲОЛШИНОНӢ ДАР ДСРТ

НИҲОЛШИНОНӢ ДАР ДСРТ

27 феврал 2024, Сешанбе
10
0


Маъракаи ниҳолшинонӣ дар гӯшаву канори мамлакат ҷараён дорад. Корхонаву муассисаҳо дар пайравӣ ба ободкориҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои истироҳат ба шинондани гулу ниҳолҳои ороишиву мевадиҳанда машғул мешаванд. Чунин як маърака 17-уми феврал дар ҳудуди Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон доир гашт, ки дар он ректори Донишгоҳ, профессор Машраб Файзулло ширкат кард. 
Тавре маркази матбуоти Донишгоҳ хабар дод, шанбегӣ ҷиҳати татбиқи барномаи миллии «Кишвари сабз» доир гашт. Дар ин барнома, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кардааст, дар тамоми минтақаҳои кишвар ниҳолшинонӣ пешбинӣ шудааст. 
Дар рафти чорабинӣ дар атрофи ДСРТ зиёда аз 30 бех ниҳоли арча ва тус шинонда шуд. Ин дарахтон махсус интихоб шуданд, зеро дар иқлими мо хуб нашъунамо меёбанд ва ба ҳарорати пасту баланди ҳаво тоб оварда метавонанд.
«Дар ДСРТ ба таври доимӣ ниҳолшинонӣ гузаронда мешавад, аммо иқдоми имрӯза дар доираи барномаи миллии “Кишвари сабз” аст. Мехоҳам бигӯям, ки ДСРТ аз ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар самти табдил додани Тоҷикистон ба давлати аз ҷиҳати экологӣ тоза ҷонибдорӣ мекунад», - гуфт ректор Машраб Файзулло.
У. САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 26.02.2024 №: 39
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив