ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ОБҲОИ ФАРОМАРЗӢ. БАРДОШТ АЗ ҲАМОИШИ МУҲИМ ДАР ШАҲРИ ГУЛИСТОН

ОБҲОИ ФАРОМАРЗӢ. БАРДОШТ АЗ ҲАМОИШИ МУҲИМ ДАР ШАҲРИ ГУЛИСТОН

28 феврал 2024, Чоршанбе
13
0


Дар шаҳри Гулистон бо ширкати вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа, вазири хоҷагии оби Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Ҳамроев, муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яқубӣ, роҳбари Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон хонум Саломе Штайб ва роҳбари Дафтари Швейтсария дар Ӯзбекистон хонум Рейчел Боеш дар робита ба баҳрабардории муштараки захираҳои оби дарёҳои фаромарзии Осиёи Марказӣ вохӯрӣ доир гашт.

Ҳадаф аз вохӯрии навбатӣ дар сатҳи вазирони ду кишвар баррасии натиҷаҳои татбиқи Лоиҳаи “Таҷдиди дидбонгоҳҳои “Патар” (Конибодом) ва “Сарват” (Ашт) дар каналҳои машҳури байнидавлатии “Фарғона” ва “Шимоли Фарғона” мебошад, ки аз ҷониби Дафтари Швейтсария дастгирӣ ва маблағгузорӣ шудааст. Дар ин ҳамоиш қадамҳои баъдӣ ҷиҳати истифодаи оқилона ва самаранок аз дидбонгоҳҳои ба таври замонавӣ бунёдёфта гузошта шуд.
Канали калони Фарғона, ки аз он  зиёда аз 15 ҳазор гектар заминҳои навоҳии Конибодом ва Бобоҷон Ғафуров объёрӣ мешавад, бо дарозии 60,7 километр то ҳудуди марзи Тоҷикистон - дидбонгоҳи Патар мерасад ва мувофиқи муоҳидаи байнидавлатӣ, ки замони шуравӣ тасвиб шудааст, Тоҷикистон ҳуқуқ дорад соле аз ин обҳои фаромарзӣ ба миқдори 186,6 миллион мукааб метр баҳра бардорад.
Самти шимоли ин канали бузург то дидбонгоҳи “Сарват”-и ноҳияи Ашт дар масофаи то 160 километр доман густурда, мутобиқ ба шартнома тарафи Тоҷикистон ҳуқуқ дорад соле 87 миллион метри мукааб обро барои беш аз 6000 гектар замин истифода барад.
Мағфиралӣ Бобоалиев, сардори идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Ашт иброз дошт, ки  дар даврони соҳибистиқлолӣ оби аз ҳама зиёд дар мавсим ҳамагӣ 10-12 миллион мукааб метрро ташкил кардааст ва, албатта, акнун эътимод дорад, ки бо насби таҷҳизоти замонавӣ таъмини об беҳтар ва мувофиқи нақшаи муайяншуда хоҳад буд.  
Таҷҳизоти дар дидбонгоҳҳо насбшуда бо тамғаи “Рубикон” истеҳсоли Австралия буда, бо энергияи офтоб кор мекунад ва се сол кафолат дорад. 
Таҷҳизоти “Рубикон” имкон дорад оби мавҷудаи каналҳоро ба таври автоматӣ сабт, интиқоли маълумот дар бораи ҷараёни об ва идоракунии самараноки захираҳо дар каналҳоро таъмин созад.
Далер Ҷумъа ва Шавкат Ҳамроев татбиқи лоиҳаро дар ҳаёти мардуми наздимарзӣ таърихӣ арзёбӣ карда, истифодаи оқилона ва самараноки обро омили муҳими рушди соҳаи кишоварзӣ шумориданд.

Ҷовиди АШТӢ,  “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 28.02.2024 №: 41
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив