ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НАТИҶАГИРӢ  АЗ ФЕСТИВАЛИ ДӮСТИИ АФСАРОНУ САРБОЗОН ВА ҶАВОНОН

НАТИҶАГИРӢ  АЗ ФЕСТИВАЛИ ДӮСТИИ АФСАРОНУ САРБОЗОН ВА ҶАВОНОН

28 феврал 2024, Чоршанбе
11
0


Ба ифтихори 31-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 17-22-юми феврал Фестивали дӯстии афсарону сарбозон ва ҷавонони шаҳри Душанбе, таҳти унвони “Барои давлату миллатам содиқона хизмат мекунам” дар сатҳи баланд баргузор гардид.
23-юми феврал дар “Кохи Суруш”-и шаҳри Душанбе бо барномаи рангини фарҳангии “Гулчини сурудҳои ватандӯстонаи “Суруди сарбоз” Фестивал натиҷагирӣ шуд.
Дар маросим муовинони раиси шаҳри Душанбе ва дигар масъулон иштирок ва суханронӣ намуданд. 
Бо натиҷагирӣ аз фестивал ба 45 нафар ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои варзишӣ аз намудҳои футболи хурд, волейбол, гӯштини миллӣ, шоҳмоту шашка, гузаштан аз монеаҳо ва варзиши сабук (дав ба масофаи 100 метр ва ҷаҳиш ба дарозӣ) медал, диплом, ҷом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид. Дар ҳисоби даставӣ қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ҷойи 1-ум, Вазорати мудофиа ҷойи 2-юм ва сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия ҷойи 3-юмро сазовор гаштанд.
Л. ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 28.02.2024 №: 41
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив