ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ФУТБОЛ

ФУТБОЛ

28 феврал 2024, Чоршанбе
11
0


Мунтахабҳои олимпии Тоҷикистону Ветнам бозиҳои дӯстона мекунанд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар доираи омодагӣ ба марҳалаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 бо тими олимпии Ветнам ду бозии дӯстона баргузор мекунад. Вохӯриҳо рӯзҳои 20 ва 23-юми март дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода баргузор мешаванд.
Шашум Ҷоми Осиё-2024 байни дастаҳои мунтахаби то 23-сола аз 15-уми апрел то 3-юми май дар Доҳаи Қатар доир мегардад. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-23) дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ (16 апрел), Ироқ (19 апрел) ва Тайланд (22 апрел) бозӣ мекунад.
Умуман, дар Ҷоми Осиё-2024 дар Доҳа 16 дастаи ҷавонони то 23-солаи қора ширкат меварзанд.


БОКС
Муштзанҳои тоҷик барои роҳхати олимпӣ ба Италия мераванд
Аз 3 то 11-уми марти соли равон дар шаҳри Бусто-Арсизиои Италия Мусобиқаи 1-уми ҷаҳонии интихобии олимпӣ оид ба бокс баргузор мешавад.
Дар сабқатҳо 632 варзишгар (399 мард ва 233 зан) аз 112 давлат, инчунин, дастаи паноҳандагон, ширкат мекунад. Дар қувваозмоӣ 49 роҳхат ба Олимпиадаи Париж аз рӯи 13 вазн (7 вазн миёни мардон – 28 роҳхат, 6 вазн миёни занон – 21 роҳхат) дода мешавад. Аз ҷумла, дар ҳамаи вазнҳо варзишгароне, ки то нимфинал мерасанд – 4 роҳхат дар ҳар вазн, ба истиснои вазни 57 кг (2 роҳхат) ва 60 кг (3 роҳхат) байни занон, соҳиби роҳхат ба Париж мешаванд.
Федератсияи бокси Тоҷикистон дастаи мунтахабро пурра ба нерусанҷӣ сафарбар менамояд. Қабл аз ин вохӯрӣ тими мунтахаби кишвар дар Черногория ба ҷамъомади машқӣ фаро гирифта шуд.
Дуюм ва охирон мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ моҳи май дар Бангкоки Тайланд дар нақша аст. 
Феълан Тоҷикистон ду роҳхати олимпӣ дорад, ки ҳар дуро муштзанҳо Миҷгона Самадова (57 кг) ва Давлат Болтаев (92 кг) сазовор гаштаанд.


ЧАВГОНБОЗӢ
Дар Андиҷон Чемпионати Осиёи Марказӣ ҷараён дорад
26-уми феврал дар шаҳри Андиҷони Ӯзбекистон Чемпионати Осиёи Марказӣ оид ба чавгонбозӣ миёни мардҳо шуруъ гардид, ки то 2-юми март идома меёбад.
Дар мусобиқа дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ширкат доранд. Тими чавгони Тоҷикистон дар ду даври аввал бар дастаҳои Қирғизистон (5:0) ва Қазоқистон (2:0) ғалаба карда, бо шаш хол дар ҷои дуюм мавқеъ дорад. Тими чавгони мо дар даври сеюм бо Ӯзбекистон вомехӯрад. 

Умаралӣ САФАРАЛӢ, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 28.02.2024 №: 41
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив